Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.04.200815:55

Раванди таълим дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҷараёни тоза гирифтааст

         Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Раванди таълиму тарбия дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон тайи ду соли охир ҷараёни тозаро касб кардааст.

Дар ин бора Ректори Донишкадаи мазкур Ҷалол Алиев имрӯз(29апрел) дар ҷамъи хабарнигорони расонаҳои ватаниву хориҷӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи Ҷ. Алиев, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 дар заминаиДонишгоҳи исломии Тоҷикистон, Муассисаидавлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Мавсуф мақсад ва вазифаҳои Донишкадаро дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиидинии шаҳрвандон, мутобиқ гардонидани раванди таълиму тарбияи динӣ бо меъёрҳои муосири илмию иттилоотӣ, таҷрибаи пешрафтаиватанӣва хориҷӣ, дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия ва эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии солим байни қавмҳо ва динҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҷаҳон арзёбӣ кард.

Тибқи муқаррароти Ойинномаи Донишкада, раванди таълиму тарбияи динӣ дар ин муассиса дар асоси мазҳаби ҳанафӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои «Забон ва адабиёти араб», «Фалсафаи исломӣ», «Таърихи ислом ва диншиносӣ», «Улуми исломӣ» ва «Улуми Қуръонӣ» мутахассис тайёр мекунад.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0117:27Нацбанк планирует наказывать за отказ в установке POS-терминала
23.0115:10Кто они – самые стильные города Душанбе?(2)
23.0113:54Рустам Эмомали назначил своего пресс-секретаря
23.0113:52В Душанбе подвели итоги конкурса «ТОП-50»
23.0113:11В китайском городе за 10 секунд снесли 19 многоэтажек


Самое обсуждаемое

22.0109:57"Девочка – это отрезанный ломоть". Почему женщины в Таджикистане не отстаивают свои права(5)
23.0113:11Рабочая группа изучает предложение о выпуске тысячной купюры с изображением Эмомали Рахмона(3)
23.0115:10Кто они – самые стильные города Душанбе?(2)
22.0115:49"Трудовая миграция негативно сказалась на положении детей Таджикистана"(2)
23.0113:06Глава «Таджик Эйр» об авиасообщении между Душанбе и Хорогом: У нас есть резервный вариант(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312506