Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.04.200815:55

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рўдакӣ

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз бошишгоҳҳои саҳроии ноҳияи Рўдакӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ анҷом дод.

Қобили таъкид аст, ки боназардошти болоравии нархи маводи сўхт ва озуқаворӣ дар бозори ҷаҳонӣ имрўз рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, афзоиш додани истеҳсоли маводи ғизоӣ ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ беш аз пештара мавриди таваҷҷўҳ ва назорати бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Ин аст, ки субҳи имрўз то расидан ба мавзеи машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва обчакории муштараки деҳқонони ноҳияи Рўдакӣ дидан кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҳавлии сокини деҳаи ДеҳқонободУктам Аҳтамов, ки тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигии ў барои дигарон басо ибратбахш аст, ташриф овард.

Чунонки маълум шуд, ин деҳқони асил қитъаи замини худро пурсамар истифода бурда, натанҳо эҳтиёҷоти аҳли оилаи худро пурра қонеъ мегардонад, балки маҳсулоти зиёд ба бозор бароварда, фоидаи хуб ҳам ба даст меорад.

Ҳамин гуна истифодабарии пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамчунин дар ҳавлиҳои деҳқонони ботаҷриба Абдумутал ва Фозилҷон Қурбоновҳо, Ҳабибулло Ҷўраев ва Аскаралӣ Юсупов ба назар расид.

Дар заминҳои наздиҳавлигӣ деҳқонон 13-14 намуди сабзавот ба мисли картошка, пиёз, сирпиёз, сабзӣ, караму гулкарам, помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва ҳамчунин гулу гулбуттаю ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ парвариш карда, дар 4 фасли сол ба бозор маҳсулоти тару тоза пешкаш мекунанд.

Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки байни ҳавлиҳои онҳо девор нест. Ба андешаи ҳамсоядеҳқонон девор ҳам ҷойи зиёдро банд намуда, заминро соя мекунад ва ҳам садди роҳи боду ҳавои тоза мешавад, ки ҳама бар зиёни сабзавоткорӣ аст. Хуштар аз ҳама ин аст, ки ин ҳолат ҳамчунин боиси ҳусни ҳамсоягӣ ва машварату маслиҳати байниҳамдигарии онҳо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба деҳаи Чапаеви ноҳияи Рўдакӣ ташриф оварда, аз қитъаҳои замини наздиҳавлигии бародарон Эминҷон ва Мурод Ҳошимовҳо дидан кард.

Зимни боздид аз ин заминҳо маълум шуд, ки деҳқонони соҳибтаҷриба аз гармхонаҳо, кишти зери пленкагии сабзавоти барвақтӣ, нуриҳои органикию минералӣ, тухмиҳои хушсифат ва дигар имконоти мавҷуда босамар истифода бурда, бо меҳнати ҳалоли худ аз як замини обӣ то 3 ҳосили сабзавот ва 4-5 ҳосили кабудӣ мерўёнанд.

Ҳосилнокии замин ва маҳсули меҳнаташон низ хеле баланд аст. Чунонки Ҳабибулло Ҷўраев – сокини деҳаи Деҳқонобод баён дошт, аз 2 садяки гектари замини бодиринг ҳар се рўз 200-250 килограмм ҳосил ҷамъоварӣ мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони воситаҳои ахбори умум, пеш аз ҳама радиову телевизион тавсия дод, ки кори пурмаҳсул ва таҷрибаи ибратомўзи чунин деҳқонони асилро ба мардум васеъ нишон диҳанд. «Бояд маданияти баланди истифодабарии замин, ки манбаи неъматҳои моддии зиндагӣ аст, дар воситаҳои ахбори умум тарғиб карда шавад, то ки мардум ҳарчи бештар рў ба меҳнати созанда дошта бошад» - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Гулистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзииноҳияи Рўдакӣ дидан кард. Дар ин ҷо деҳқонони соҳибтаҷрибаи гулпарвар, сабзавоткорон,ниҳолпарварон, парандапарварон ва чорводорони ноҳияи Рўдакӣ, ки дар парвариши зотҳои сермаҳсули чорвои хурду калон, ба роҳ мондани бордоркунии сунъӣ, афзоиш додани саршумори чорво ва мусоидат ба хушзоткунии чорвои аҳолӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд, молу маҳсулоти худро ба маъраз бароварда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хотиррасон намуд, ки забҳ ё худ куштани чорвои наслдеҳро қатъиян манъ намуда, саршумори чорворо зиёд бояд кард ва бордоркунии сунъию хушзотсозии чорвои аҳолӣ низ бояд васеъ ба роҳ монда шавад.

Дар хоҷагии ба номи Н. Раҳимови ноҳияи Рўдакӣ усули мошинии шинондани парвардаҳои помидор нишон дода шуд, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Дар ин ҷо ин усул ба таври таҷрибаомўзӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ў ҳамчунин кори тухмипошаки ҳозиразамони ширкати «Dander» нишон дода шуд, ки метавонад, тухмии пахтаро ҳангоми кишт хеле сарфа кунад. Чунонки мутахассисону масъулини соҳа иброз доштанд, бо тухмипошакҳои пешина дар як гектар замини пахта то 100-120 килограмм пунбадона сарф мешуд. Бо ин тухмипошак бошад дар як гектар ҳамагӣ 25 килограмм пунбадона кишт карда мешавад. Ин ҳам ҳоло тариқи санҷишӣ амалӣ мегардад. Мувофиқи имконоти ин тухмипошак дар як гектар бояд ҳамагӣ 13-14 килограм тухмии пахта сарф шаваду бас.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри доир намудани машварати корӣ ба бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии ба номи Н. Раҳимови ноҳияи Рўдакӣ ташриф овард.

Дар ин ҷо баҳри иштирок дар машварати корӣ як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони мақомоти давлатӣ ва назди Ҳукумати ҷумҳурию Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва хоҷагии об, ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, танзимианъана ва ҷашну маросим, роҳбарияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвесститсионӣ дар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва алоқаманд ба он,роҳбарияти бонкҳои ҷумҳурӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи мамлакат, ҷамоату деҳшўроҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, умуман фаъолони ин минтақаҳова дигар шахсони масъул ҷамъ омада буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ва раисону фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурирооид бапурсамар истифода бурданитамомизаминҳои корам, ду-сеҳосил рўёндан аз заминҳои обӣ, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣбо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқавории кишвар шунида, ба онҳо баҳри баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои ғаллакорӣ, парвариши сабзавот, аз ҷумла картошка, ниҳолпарварӣ, боғутокпарварӣ, чорводорию зотпарварӣ, парандапарварӣ ва баъди дарави ғаллаи обӣ васеъ ба роҳ мондани кишти такрории сабзавот ва дигар зироатҳои полезию лўбиёгӣ, хўроки чорво ва ҳамчунин баҳри иҷрои бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муроҷиатномаиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0919:34«Сотрудники Агентства ели плов и тайно снимали гостей на видеокамеру»
21.0913:46Полиция усилила охрану больницы, где находится гражданин Таджикистана. Он уже в палате
21.0913:03Похороны без громких причитаний
21.0911:43Пассажирка похитила у водителя 2,5 млн. российских рублей
21.0911:32Избитый охранниками ТЦ «Москва» таджикский мигрант жив, — миграционная служба(1)


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(2)
21.0911:32Избитый охранниками ТЦ «Москва» таджикский мигрант жив, — миграционная служба(1)
21.0910:03МВД Таджикистана опубликовало  список студентов, которые  приезжали на занятия на собственных автомобилях(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312344