Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.04.200813:55

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Дўстони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ чанд рўз пеш ҳамаи шумо бо самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва ҳадафу вазифаҳои муҳимтарин дар роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии Ватанамон, ки барои марҳалаи кунунӣ ва солҳои наздик муқаррар шудаанд, шинос шудед.

Бо дарназардошти имкониятҳои васеи истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ки метавонанд дар татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегии давлат - ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат нақши бузургро адо намоянд, тасмим гирифтам, ки бо шумо – роҳбарону масъулон машварати корӣ доир намоем.

Вохўрии имрўзаи мову шумо моҳиятан давоми мантиқии машварате мебошад, ки чанде пеш дар ноҳияи Данғара баргузор гардида буд.

Шумо хуб медонед, ки ҳоло бо сабаби торафт баланд шудани нархи ҷаҳонии сўзишворӣ ва маводи ғизоӣ масъалаи амнияти озуқавории бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ба проблемаи муҳимтарини рўз табдил ёфта истодааст.

Зеро бозори истеъмолии мамлакати мо ҳанўз аз молу маҳсулоти асосии воридотӣ, аз ҷумла ғалла ва маҳсулоти нафтӣ вобастагии зиёд дорад.

Яке аз роҳҳои асосии паст кардани сатҳи он ва таъмини амнияти озуқавории кишвар оқилона, дуруст ва самаранок ба роҳ мондани истифодаи заминва густариш додани соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Аз ин рў, дар ибтидои сол ман батамоми мардуми кишварамон дар бораи истифодаи оқилонаи замин ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ муроҷиат карда будам.

Мардуми кишварамон хуб медонанд, ки дар солҳои бўҳрони сиёсиву иқтисодӣ маҳз замин моро аз хатари гуруснагӣ наҷот дода буд.

Дар шароити имрўза низ мо танҳо бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худӣ амнияти озуқавории кишварро таъмин карда метавонем.

Вобаста ба натиҷаҳои пешрафти иқтисодии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар се моҳи соли ҷорӣ бояд гуфт, ки қисми даромади буҷети давлатӣ баистиснои ноҳияи Нуробод барзиёд таъмин карда шуда, ба буҷет 37 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллионсомонӣ зиёд мебошад.

Дар семоҳаи аввали соли 2008 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ зиёда аз 8,5 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуданд.

Дар айни ҳол бо вуҷудибарзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷет дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳаҷми бақияпулиҳо аз ҳисоби андоз зиёд шуда, то имрўз 46 миллион сомониро ташкил менамояд.

Ҳаҷми бақияпулиҳо дар ноҳияи Рудакӣ ба андозаи 230 ҳазор сомонӣ, шаҳрҳои Турсунзода - 570 ҳазор, Ваҳдат - 240ҳазор, Роғун - 310 ҳазор, ноҳияҳои Нуробод - 160 ҳазор, Рашт - 62 ҳазор ва Ҷиргатол - 55 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Афзун гаштани қисми даромади буҷет аз фаъолияти пурсамари субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳаҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама кишоварзӣ вобаста аст.

Дар семоҳаи аввали соли 2008 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 56 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 фоиз зиёд мебошад.

Вале ин ҳанўз нокифоя аст, зеро аз нишондиҳандаи умумии мамлакат 1,4 фоиз кам мебошад.

Масоҳати умумии заминҳои кишт дар ноҳияҳои тобеи марказ 115 ҳазоргектар, аз ҷумлазаминҳои обӣ 67 ҳазоргектар ё 16 фоизи заминҳои корами мамлакат ва замини кишти пахта зиёда аз 17 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Мутобиқи маълумоти фаврӣ то 24 апрел нақшаи кишти баҳории зироатҳои ғалладона дар шаҳри Турсунзода - 43 фоиз, ноҳияҳои Шаҳринав - 55, Варзоб - 56, Ҷиргатол- 60, Файзобод - 75 ва Роғун ҳамагӣ 9 фоиз таъмин гардидааст, ки аз ҳисоби миёнаи кишвар хеле паст мебошад.

Соли гузашта бо мақсади рушди соҳаи тухмипарварӣ ба хоҷагиҳои ноҳияҳои тобеи марказ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 300 тонна гандуми тухмии хушсифат харидорӣ ва тақсим карда шуд.

Вале Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баъди тақсимоти тухмӣ низоми истифода, технологияи парвариш ва механизми баргардондани тухмиро то ҳол муайян накардаанд.

Илова бар ин бояд гуфт, ки бо сабаби то ҳанўз таҳия нагардидани Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар кишвар дар ин самт кори мақсаднок пеш бурда намешавад.

Суръатикишти пахта дар ноҳияҳои тобеи марказ суст мебошад. То 24 апрел дар тамоми қаламрави кишвар дар 82 фоизи заминҳои пахта кишт гузаронида шуда бошад, дар шаҳри Турсунзода ин нишондиҳанда - 69 фоиз, Ҳисор - 78, Рўдакӣ - 58, Шаҳринав - 75 ва Ваҳдат 63 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор бастани шартнома доир ба маблағгузории соҳаи пахтакорӣ низ суст ҷараён дорад.

То ҳанўз барои маблағгузории кишт ва парвариши 1200 гектар пахта шартнома баста нашудааст. Маблағи умумии шартномаҳои басташуда ҳоло 23 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 45 фоизаш дода шудаасту халос.

Дар ноҳияҳои пахтакор агротехникаи парвариш ва истифодаи техникаи кишоварзӣ низ беҳбудӣ мехоҳад.

Аз ин рў, ба Вазорати кишоварзӣ,мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор ва Рўдакӣ зарур аст, ки дар бораи ташкили дурусти истифодаи техникаи кишоварзӣ дар соҳаи пахтакорӣ тадбирҳои судманд ва бетаъхир андешанд.

Соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби Ҳукумат ҳамасола дастгирӣ меёбад. Аз ҷумла,соли гузашта барои рушди соҳаи картошкапарварӣ ба ноҳияҳои водии Рашт 800 тоннакартошкаи тухмӣ ҷудо карда шуд.

Вале бо вуҷуди ин ва захираву имкониятҳое, ки дар ноҳияҳои водии Рашт мавҷуданд, ҳанўз технологияи нави парвариши картошка ҷорӣ карда нашудааст ва киштукору ҷамъоварии он бо усули кўҳна идома дорад.

Соҳаи сабзавоткорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода тадриҷан густариш ёфта истодааст.

Хоҷагиҳои ноҳияҳои мазкур барои дар тамоми фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе имкониятҳои фаровон доранд.

Вале ин имкониятҳо то ҳанўз пурра ва ба таври самарабахш истифода нашуда истодаанд.

Дар давоми се моҳи гузашта хоҷагиҳои шахсии шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт 280 тонна сабзавот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 фоизро ташкил менамояд. Аммо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ягон тонна сабзавот истеҳсол накардаанд.

Нақшаи кишти сабзавот ҳоло дар ноҳияҳои Ҳисор - 50 фоиз, Рўдакӣ - 34 фоиз ва Шаҳринав - 15 фоиз иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 35, 55 ва 46 гектар кам мебошад. Дар ноҳияҳои Варзоб ва Ҷиргатол умуман ба кишти сабзавот шурўъ накардаанд.

Дар ноҳияи Рўдакӣ истифодаи замини наздиҳавлигӣ то андозае хуб ба роҳ монда шуда, баъзе хоҷагиҳои шахсӣ соле аз як қитъаи замин то 3-4 ҳосил мерўёнанд ва бозорҳои шаҳри Душанберо бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд.

Барқарор карда шудани 3 гектар гармхонаи шаҳри Ваҳдат, ки масоҳати умумии он15 гектарро ташкил медиҳад, барои беҳтар шудани таъминоти бозори дохилӣ бо сабзавот мусоидат менамояд.

Бо вуҷуди ин, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт дар самти сохтмон ва истифодаи гармхонаҳо ҳанўз қонеъкунанда нест. Зеро то ҳол бозорҳои шаҳри Душанбе аз ҳисоби сабзавоти воридотӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда технологияи пешрафтаи парваришу коркарди сабзавот ба таври зарурӣ ҷорӣ карда нашудааст.

Дар ноҳияи Рўдакӣ корхонаи коркарди помидор бо иқтидори 500 тонна дар якшабонарўз омодаи кор аст, вале масъалаи таъминоти он бо маҳсулот ҳалли худро наёфта истодааст.

Аз ин рў, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт зарур аст, ки масъалаи дар ҳайати Агрофирма таъсис додани хоҷагиҳои махсуси сабзавоткориро баррасӣ намуда, дар бораи бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаи мазкур чораҳои дахлдор андешанд.

Дар доираи татбиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолу дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз барои солҳои 2007-2010 дар кишварамон бунёди боғу токзорҳои нав вусъат ёфта истодааст.

Вале иҷрои барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод -71 фоиз, Шаҳринав - 68, Турсунзода - 18 ва Варзоб - 12 фоиз таъмин гардидааст, ки ин хеле кам аст.

Илова бар ин, аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ба роҳ мондани парвариши навъҳои нави себу ноки ба шароити бозор мувофиқамалӣнашудааст.

Бояд зикр кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла минтақаи Рашт то ҳанўз ягон корхонаи коркарди мева фаъолият надорад.

Аз ин лиҳоз, бамақомоти иҷроияиҳокимияти давлатииноҳияи Рашт зарур аст, ки якҷоя бо Иттифоқи «Тоҷикматлубот» масъалаи ба кор даровардани корхонаи коркарди меваро ҳаллу фасл намоянд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар муддати се моҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4 ҳазору 800 тонна гўшт, 10,5 миллион дона тухм ва зиёда аз 24 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Саршумори чорвои калон 6 фоизва парранда 11 фоиз афзудааст.

Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ нархи молҳои асосии озуқа дар бозорҳои баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ нисбат ба пойтахт баланд мебошад.

Масалан, дар шаҳри Турсунзода нисбат ба пойтахт нархи гўшт - 13фоиз, равғани пахта - 26 фоиз,орди навъи якум -13фоиз,картошка - 3 фоиз ва пиёз - 15 фоиз ва дар ноҳияи Ҳисор биринҷ- 13 фоиз, равғани пахта - 7 фоиз ва тухм 3 фоиз баланд аст.

Ҳамчунин дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонииноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав саршумори чорвои хурду калон дар муқоиса бо солҳои пешин коҳиш ёфтааст. Вазъи хоҷагиҳои зотпарварӣ низ беҳбудӣ мехоҳад.

Барои истеҳсоли асал дар ноҳияҳои водии Рашт солҳои охир аз ҷониби бонкҳо ба асалпарварон додани қарзҳо зиёд шудааст.

Дар семоҳаи аввал дар ноҳияҳои водии Ҳисор 106 ҳазор сомонӣ ва минтақаи Рашт 550 ҳазор сомонӣ ба ин соҳа қарз дода шудааст, ки дар маҷмўъ 52 фоизи тамоми қарзҳои додашударо ташкил намуда, нисбат басе вилояти кишвар бештар аст.

Барои рушди соҳаи занбўрпарварӣва афзун гардидани ҳаҷми содироти асал ба хориҷи кишвар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водӣ зарур аст, ки ҳамкориро бо Вазорати кишоварзӣ ва бонкҳо беҳтар намоянд.

Соли гузашта дар қаламрави тамоми ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 880гектарзамини нави обёришаванда азхуд карда шудааст, ки маблағи он беш аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи ду барномаи ҳукуматӣ то соли 2010 дар ноҳияҳои водии Рашт азхуд намудани 5000 гектар замин ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳудудиноҳияи Рўдакӣто соли 2012 -ум1000гектар заминҳои нави обӣ азхуд карда хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки чанде пеш Ҳукумати Тоҷикистон Комиссияи давлатиеро таъсис дод, ки минбаъд заминҳои азхудшударо қабул хоҳад кард.

Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда қарзи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз идораҳои хоҷагии об кам намегардад ва маблағи он қариб 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ зарур аст, ки доир ба ҳаллу фасли масъалаи қарзи хизмати обрасонӣ тадбирҳо андешанд.

Ҳамзамон мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба ҳолати заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт мавҷуданд,ҷалб намоям.

Зеро оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи самараноки замин ва маҳсулнокии чорвои онҳо дар ягон ҳисоботи оморӣ ва ҳатто ҳисоботи мақомоти марбута маълумот вуҷуд надорад.

Мо борҳо таъкид кардаем, ки чун дар даврони гузашта бояд дар кишвар бо амалиёти захираву коркард намудан ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ сохтори алоҳида машғул бошад.

Вале ҳоло идораҳои маҳсулоттайёркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода,Ҳисор ва Рўдакӣ пурра фаъолият надоранд.

Вобаста ба ин, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вазифадор аст, ки идораҳои маҳаллии маҳсулоттайёркунии худро аз нав барқарор намуда, дар бораи бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла яхдонҳои калонҳаҷм таъмин кардани онҳо тадбирҳо андешад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла инкишофи соҳаи кишоварзӣ як қатор лоиҳаҳои инвеститсиониро мавриди татбиқ қарор додааст.

Дар айни ҳол тибқи 4 лоиҳаи инвеститсионӣ, ки маблағи умумии онҳо 245 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома дорад.

Бо мақсади рушди соҳибкории хурд дар ноҳияҳои кўҳистон дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар маҷмўъ 104 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд.

Махсус мехоҳам зикр намоям, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 миллионсомонӣ ё 130 фоиз зиёд шудааст.

Мо минбаъд низ барои густариш пайдо кардани соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ додани қарзҳои бонкиро вусъат медиҳем.

Илова бар ин, ман дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна пешниҳод кардам, ки ба тамоми намуди санҷишҳои онҳо ба мўҳлати ду сол мораторий эълон карда шавад.

Аз ин рў, аз роҳбарони тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақозо мегардад, ки дар доираи мораторийи эълоншуда, ки бо фармони Президент ба расмият дароварда хоҳад шуд, дар хусуси бартараф намудани монеаҳо ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳозирини мўҳтарам!

Суботи ҷомеа аз сатҳи риояи муқаррароти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад. Вале мутаассифона, ҳоло дар ин самт дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ камбудиҳои зиёд мавҷуданд.

Аз ҷумла, масъалаи қонуншиканиҳо дар истифодаву тақсимоти замин, ғасби он бо мақсади сохтмони манзил, хариду фурўши ғайриқонунии қитъаҳои замин дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, бахусус Рўдакӣ ва Ваҳдат хеле ташвишовар аст.

Дар ҷараёни баҳисобгирии давлатии замин маълум гардид, ки танҳо бо дахолати шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 407 гектар замини кишт ғайриқонунӣ, бе қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоби қитъаҳои наздиҳавлигӣ гузаронида шудааст.

Ҳамзамон сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта низ боиси ташвиш мебошад.

Чунин ҷиноятҳо асосан аз ҷониби раисон ва кормандони ҷамоатҳо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, андоз, муассисаҳои фурўши барқ ва газ содир карда шудаанд.

Вобаста ба мавзўъ мехоҳам махсус зикр намоям, ки пас аз қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаёти мардуми кишвар воқеан таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқўъ пайваст.

Мувофиқи ҳисобҳои тахминӣ дар натиҷаи худдорӣ аз хароҷоти беҳудаи маъракаҳо, танҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баъди қабули қонуни мазкур тақрибан 175 миллион сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст.

Вале дар риояи муқаррароти қонуни зикршуда ҳанўз камбудиҳо ба назар мерасанд. Дар фаъолияти комиссияҳои маҳаллӣ вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вайронкунандагони муқаррароти қонуни мазкур муросокорӣ мушоҳида мегардад.

Барои таъмини волоияти қонун, устувор нигоҳ доштани суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва пешгириву мубориза бар зидди ҳар гуна қонуншиканиҳо дар баробари сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот шумо – роҳбарону мутасаддиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ масъулияти азимро ба зимма доред.

Аз ин рў, пеш аз ҳама аз шумо ва аз ҳар бонангу номус тақозо мегардад, ки риояи қонуниятро ҳамеша дар мадди аввал гузошта, дар иҷрои вазифа бо дасти поку нияти нек муносибат карда, барои суботу оромии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти кишвар кўшишу талош намоед.

Ҳозирини гиромӣ!

Аз таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиишаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бармеояд, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанўз зиёданд.

Бо дарназардошти онҳо ва камбудиву норасоиҳои зикргардида иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморам:

1. Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рудакӣ ва Файзобод бояд ҷиҳати иҷрои Муроҷиатнома ва Амри Президенти мамлакат дар бораи истифодаи самарабахши замин ва дар масоҳати 15,2 ҳазоргектар гузаронидани кишти такрории зироатҳо ва бо тухмии хушсифат таъмини кардани хоҷагиҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

2. Ба Муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ зарур аст, ки якҷоя бомақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиивилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута Барномаи мақсадноки рушди соҳаи тухмипарвариро барои солҳои 2009-2013 таҳия намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

3. Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ аз ҳисоби мутахассисону олимон гурўҳи корӣ таъсис дода, ҳолати майдони кишти ғалларо дар заминҳое, ки тухмии онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ харидорӣ гардидаанд, мавриди санҷиш қарор дода, ҷиҳати баргардонидани фонди гардон ва зиёд намудани истеҳсоли тухмӣ барои ҳосили соли оянда чораҳои мушаххас андешанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар ахборот пешниҳод намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор ва Рўдакӣ барои афзун намудани истеҳсол, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, кишти онро дар гармхонаҳо батадриҷ зиёд намоянд.

Илова бар ин, Вазорати кишоварзӣва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои дар соли равон мавриди истифода қарор додани гармхонаҳои собиқ хоҷагии “Эфиронос”тадбирҳои судманд андешанд.

5. Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣбарои таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо маводи озуқа ба таври доимӣ дар бозорҳои пойтахт фурўши маҳсулоти кишоварзиро ташкил намоянд.

6. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт ва Рўдакӣ иҷрои Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обиро сари вақт таъмин созанд.

7. Вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои холимонда тадбирҳо андешанд.

8. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рўдакӣ дар бораи пешгирии ҳар гуна қонуншиканиҳо ҳангоми тақсимоти заминҳои обӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ чораҳои муассир ва қатъӣ андешанд.

9. Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт доир ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии аълосифати картошка, ҷорӣ намудани технологияи нави парвариш ва коркарди он тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.

10. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он вазифадор карда мешаванд, ки шаклҳои ҳисоботи омориро такмил дода, бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намуда, ҳар се моҳ доир ба фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муффасал ва дақиқ пешниҳод намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки дар водиҳои Ҳисору Рашт ва ноҳияҳои атрофи пойтахт барои рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, чорводориву боғу токпарварӣ тамоми захираву имкониятҳо ва шароити беҳтарин мавҷуданд.

Бо истифодаи оқилонаву самарабахши онҳо мо бе ягон мушкилот метавонем амнияти озуқавории кишвари худро таъмин намоем.

Тавре ки дар Паёми худ таъкид кардам, бо доштани чунин захираву имкониятҳо мо набояд ба он роҳ диҳем, ки ҳамватанони мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ кашанд.

Мо бояд корро тавре ташкил кунем, ки мардуми сарбаланди мо ҳеҷ гоҳ дар назди дигарон сархаму мўҳтоҷ набошанд.

Ва ман итминони комил дорам, ки бо заҳмати мардуми сарбаландамон ҳадафҳои стратегии давлати худро амалӣ сохта, ободиву тараққиёти Ватани азизамонро ҳатман таъмин хоҳем кард. Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барору комёбиҳо мехоҳам.

Саломат бошед!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0070050