Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.04.200816:55

Ташаббуси раиси Маҷлиси миллӣ аз тарафи сохторҳои марбутаи пойтахт ҷонибдорӣ гардид

         Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Яке аз масъалаҳоимубраме, ки дар ҷаласаи навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, татбиқиПаёми Президенти ҷумҳурӣЭмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар робита ба вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шумор мерафт.

Аз ҷумла, ташаббуси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалисозии ҳидояти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштироки васеи аҳли ҷомеадар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар паёмашон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,бобати саҳмгузорӣбо роҳи маоши якмоҳароаз ҷонибиузви Маҷлиси миллӣ вавакилони Маҷлиси намояндагонба суратҳисоби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» интиқол намудан, аз ҷонибикормандони дастгоҳираиси шаҳрва мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе ҳамаҷониба пуштибонӣ ёфт.

Зимнан бо иқдом аз роҳбаронва кормандони тамомисубъектҳои хоҷагидоримуқими пойтахт новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣба хотирисаҳмгузорӣдар равандисохтмонинерӯгоҳи мазкур, ки дар таъмини истиқлолияти энергетики кишвар нақши муҳим хоҳад гузошт, даъват ба амал оварда шуд, кибо 50 фоизи дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣяк маоши худро ба суратҳисоби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО «Роғун» ирсол намоянд.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, бо анҷоми ин амалкард аз ҷонибиқувваҳои иқтисодан фаъоли пойтахттибқи хулосаҳои омории қаблӣ, шаҳри Душанбе метавонад то 15 июли соли 2008 зиёда аз даҳ миллион доллари америкоӣ ба хазинаи нерӯгоҳи мазкур маблағгузорӣ кунад. Татбиқи ташаббуси мазкурдар асоси қарори шаҳрдорӣаз тарафи комиссияҳои ҷамъиятӣ бо ҷалби институтҳои шаҳрвандӣ назорат бурда мешавад.

Бо дахли масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009аз тамоми раисони ноҳияҳова сохторҳои шаҳрӣ талаб карда шуд, кимутобиқ ба қароридахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 апрели солиравон корҳои оммавиро ташкил намуда, фаъолияти ситодҳо ҳар ҳафта дар сатҳи раиси шаҳрва раисони ноҳияҳо ҷамъбаст карда шавад.

Бо мақсади татбиқиташаббусҳои созанда барои рушди мунтаззами пойтахтаз прокурори шаҳрхоҳиш карда шуд, киҳолати баррасии саривақтии муроҷиатишаҳрвандон дар дастгоҳи раиси шаҳрва сохторҳои шаҳрӣ мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Дар радифи масъалаи мубрамиҳаёти хоҷагидории пойтахт, аз ҷумла кори нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳолати санитарию экологӣ, омодагиҳо ба таҷлили рӯзи Ғалаба баррасӣ гардид.

Муқаррар карда шуд, кито рӯзи9 май тӯҳфаҳо вакӯмакҳои молиявии шаҳрдорӣаз тарафи роҳбарият ва муовинонираиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахтзимни боздиди шахсӣаз хонаҳои ҳар кадоми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣсупорида мешаванд.

М. Убайдуллоев инчунин дар ҷаласавобаста ба муроҷиатиИттифоқи журналистони Тоҷикистон зикр намуд, ки пайвастатадбирҳои мушаххас андешида хоҳад шуд то фазои иттилоотии пойтахт мутобиқба талаботи қонунгузории кишвартавассути фаъолияти мунтазаму самарабахши воситаҳои ахбори омматаъмин гардида, масъалаи паҳни рӯзномаҳодар ҷойҳои муқаррарнамуда,сурат гирад.

Раиси шаҳр таъкид кард, ки муассисони рӯзномаҳоимкон доранд, ки аз зерошёнаҳо ва ошёнаҳои якумиМаҷмааи манзилии «Пойтахт»-ро дар маркази шаҳр, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, тамомимағозавунуқтаҳои савдоишаҳр нақлиёти ҷамъиятӣ ва истгоҳҳои нақлиётӣ, инчунин дар ҷойҳои серодамипойтахт бо истифода аз чатрҳои мавсимӣва риояи ҳатмии талаботи бехатариву санитарӣ истифода намоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312450