Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.04.200809:09

Қонун дар бораи судҳои ҳакамӣ мавриди амал қарор гирифт

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Аз 1-уми апрели соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», ки аз ҷонибиМаҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ қабул гардид,мавриди амал қарор гирифт, ки дар таҳияи он саҳми гурӯҳи кории байниидоравӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Арбитраж» назаррас аст.

Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Арбитраж» Муқим Маллаев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зарурат ва моҳияти қонуни мазкурро шарҳ дода, зикр кард, ки ин қонун тартиби таъсис ва фаъолияти судҳои ҳакамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, муҳокимаи ҳакамӣ дар асоси принсипҳои қонуният, ихтиёрӣ, махфӣ, мустақилият ва беғаразии ҳакамон, диспозитивӣ, мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», дигар санадҳоимеъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, фаъолият менамояд.

Мувофиқи ин қонун, шахси воқеие ҳакам интихоб мешавад, ки ба холисона ҳал кардани баҳс қодир буда, ба натиҷаи парванда бевосита ё бавосита манфиатдор нест, вобастаи тарафҳо намебошад ва ба иҷрои вазифаи ҳакам бо тартиби мувофиқанамудаи тарафҳо розӣ аст. Ҳакаме, ки баҳсро танҳо баррасӣ мекунад, бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад. Дар сурати дастҷамъона ҳал кардани баҳс раиси ҳайати суди ҳакамӣ бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад.

Шахси воқеие, кидорои қобилияти пурраи амал нест, таҳти васоят ё парастор қарор дорад ё доғи судӣ дорад, ҳаками суди ҳакамӣшуда наметавонад.

«Самти дигари қонуни мазкур ба расмият даровардани фаъолиятисудҳои ҳакамӣ, инчунин тавсиаироҳи ҳалли баҳсҳое мебошад, ки дар асоси проблемаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа ба миён меоянд ва онҳо аз ҷониби судҳои хакамӣ дар асоси миёнаравии беғаразона ҳал карда мешаванд», - идома дод М. Маллаев..

Дар маҷмӯъ қонуни мазкур баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои шаҳрвандӣ, ки асосан ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, манзил,молу мулк, иҷораи замин ва қарзҳо марбутанд,инчуниндар ташаккули ҳакамият ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонқадами ҷиддӣ мебошад.

Суди ҳакамӣ баъди таҳқиқи ҳолатҳои парванда ҳалнома қабул мекунад.

Тарафҳое, ки созишномаи ҳакамӣ бастанд, ӯҳдадор мешаванд, ки ҳалномаи суди ҳакамиро ихтиёран дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳалнома иҷро намоянд. Тарафҳо ва суди ҳакамӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд,то ки ҳалномаи суди ҳакамӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ қобили иҷро бошад.

Суди ҳакамӣ ҳуқуқ дорад аз тарафҳо талаб намояд, ки барои пӯшонидани хароҷот маблағ пешпардохт намояд.

Қонуни зикршуда дар мавридибаландбардоштани мавқеи суди ҳакамӣ ва эътимоди мардум ба он нақши муассир хоҳад гузошт.

Хотиррасон мекунем, ки Марказҳои дастгирии ҳуқуқии «Арбитраж» дар 10 ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Панҷакент, Айнӣ, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Шаҳритус, Қурғонтеппа, Кўлоб, Истаравшан ва Хуҷанд фаъолият бурда, ба аҳолӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд ва баҳсҳоро ҳал менамоянд. Ҳамин тариқ зиёда аз даҳ ҳазор маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуда, зиёда аз чор ҳазор баҳс тавассути миёнаравӣ ва суди ҳакамӣ ҳалли худро ёфтанд.

Бояд қайд намуд, ки ТҶ «Арбитраж» дар Тоҷикистон дар ҷодаи ҳакамиятташкилоти ягонаест, ки дорои собиқаи бой ва мутахассисони соҳибтаҷриба мебошад, - гуфт дар хотима М. Маллаев.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

06.1215:50В Душанбе вынесен приговор троим мужчинам, убившим и расчленившим женщину
06.1215:479 лет тюрьмы за неудачный "киднеппинг"
06.1215:15Нацбанк прекратил деятельность очередной микрокредитной организации
06.1215:12Фантастические налоговики. И причем здесь кризис?
06.1214:24Таджикистан планирует увеличить ВВП в 3,5 раза


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(4)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156255