Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.04.200812:09

Китоб – шиносномаи миллати тоҷик

            Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, ки дар арафаи иди Наврӯз баргузор гардид, Сарвари давлат ба масъалаи ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда, махсус таъкид намуд: «… вазоратҳои фарҳанг, маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои боз ҳам зиёд кардани теъдод ва фаъол гардонидани маѓозаҳои савдои китоб, таъмини пайвастаи онҳо бо китобу маҷаллаҳои тозанашр бояд тадбирҳо андешида, дар банди алоҳидаи буҷети маҳаллӣ барои мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо маблаѓҳои махсусро ҷудо намояд». Бино бамушоҳидаи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин самт аввалин иқдомоти назаррас сурат мегиранд. Вай дар ин робита бо Сардори Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти китоб Саидҷаъфар Сафаров мусоҳиб шуд.

           -Мӯҳтарам Сафаров оё баъди мулоқоти Президент шумо барои харидорӣ вадастраснамоии китоб аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ягон фармоиш гирифтед?

           -Бале, боиси хушунудист, ки дар ин самт аллакай фаъолнокии мақомоти шумо зикрнамуда ба мушоҳида мерасад.Чунончӣ аз ноҳияи Мурѓоб ба маблаѓи 19 ҳазор сомонӣ барои харидории китоб ба мо фармоиш расид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Темурмалик (ба маблаѓи 3 ҳазор), Ҷилликӯл (15 ҳазор) низ барои таъмини китобхонаҳо ва маѓозаҳои китоби минтақаҳояшон бо адабиёти мухталиф иқдом намуданд. Ва боз, инак ба тозагӣ аз шаҳрҳои Қӯрѓонтеппа ва Истаравшан барои харидории китоб ба суратҳисоби КВД «Таъминоти китоб» ҳар кадом ба маблаѓи5 ҳазор сомонигӣ ворид гардид.

          -Албатта ин хабарҳо хушоям аст, ки роҳбарони мақомоти маҳаллӣ барои баланд гардидани маънавиёти мардум кӯшиш мекунанд. Бигӯед, ки он маводи чопие, ки ба дасти мардум мерасанд оё қонеъкунандаи талабот ва майлу хоҳиши хонандагон ҳаст?

          -Дуруст аст, ки китобҳо мухталифу гуногунмазмун мешаванд. Ин албатта аз китобнависону ноширон ва паҳнкунандагони китоб масъулияти бузургро талаб менамояд. Лекин дар масъалаи сифати нашри китобҳо, ки дар хазинаи муассисаи мо мавҷуданд, мо кафолат медиҳем. Имрӯз китобҳои зиёде бо сифати баланд ва ороиши хуб чоп мешаванд. Фармоишдиҳандагон метавонанд беҳтарин ва хушсифаттарин китобҳоро интихоб ва харидорӣ намоянд.

         -Яқин аст, киимрӯз дараҷаи китобхонии мардум баланд нест ва ин сабабҳои мухталиф дорад. Шумо дар ин бобат чӣ андеша доред.

         -Аслан тоҷикон, ки аз қадим халқи маърифатпешаву маърифатдӯст буданд пайваста китобро аз даст намедоданд ва имрӯз ҳам ба китоб таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Инро мо ҳангоми ташкили намоишгоҳҳои китоб дар минтақаҳои гуногуни кишвар мушоҳида мекунем. Зимни чунин намоишҳо ба мушоҳида мерасад, ки пиру ҷавон то дер боз аз назди гӯшаю растаҳои китобфурӯшӣ дур намешаванд, яъне ба китобу китобхонӣ майлу ҳаваси зиёд доранд. Вале, бинобар сабаби вазъи иқтисодӣ наметавонанд китоб харидорӣ кунанд. Ин албатта боиси ташвиш аст ва маҳз ҳаминро ба назар гирифта Сарвари давлат ба вазоратҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд,ки ҳалли ин масъаларо низ ба таври ҷиддӣ дида бароянд. Агар ба ин кор, яъне ба омма дастрас намудани китобҳои пурмазмуну хушсифат, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон мусоидат кунанд, бурди ҷамъият мешуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0215:05Нацбанк Таджикистана отозвал лицензии у двух проблемных банков
24.0213:38Готовы ли Вашингтон и Лондон отказаться от захваченных территорий?
24.0213:38Нацбанк Таджикистана отобрал лицензии у «Таджпромбанка» и «Фононбанка»
24.0213:08Антикоррупционное ведомство в Согде выявило ущерб в размере 73,5 млн. сомони
24.0212:58Житель Турсунзаде подозреваемся в убийстве и покушении на убийство


Самое обсуждаемое

22.0216:02Российский суд вынес пожизненный приговор уроженцу Таджикистана за убийство полицейского и его семьи(4)
24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(2)
23.0212:36Самолет в Ташкент вновь не вылетел(2)
23.0216:50Супруги президентов стран бывшего СССР — чем они занимаются(1)
24.0210:15Денежные переводы мигрантов из России равны трети ВВП Таджикистана(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156259