Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.04.200813:09

Китоби «Ҳамкориҳои Хиндустону Тоҷикистон» аз чоп баромад

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Хазинаи ҳиндустонии Осиёи Марказӣ китоберо бо номи «Ҳамкориҳои Ҳиндустону Тоҷикистон» аз чоп баровард. Китоби мазкур бо мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҳамкориҳои минтақавӣ» оғоз ёфтааст.

Дар китоб, инчунин мақолаҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон Салоҳиддин Насриддинов, собиқ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Мутхи Кумар, директори маркази Осиёи Марказии Донишгоҳи Кашмир Муштоқ А. Кау, профессори Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирал Неҳруи шаҳри Деҳлӣ С. Кума ва як қатор олимону муҳаққиқон ва соҳибмансабони ҳарду кишвар дар бораи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба табъ расидааст.

Дар баробари ин Хазина ҳамчyнин дар бораи самтҳои гуногуни ҳамкориҳои Ҳиндустон бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ китобҳо интишор намудааст. Китобҳои мазкур ба иштирокчиёни семинари байналмилалӣ, ки охирҳои моҳи март дар шаҳри Деҳлӣ баргузор гардида буд, эҳдо шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0317:51Уроженка Таджикистана победила в конкурсе красоты в Харькове
29.0317:12На востоке Таджикистана сошел сильный камнепад. Несколько домов разрушено
29.0316:00«Вертолеты России» представили свою продукцию в Таджикистане
29.0314:46В «Матросской тишине» покончил с собой гражданин Таджикистана
29.0313:21Таджикские студенты получат возможность бесплатного обучения в вузах Европы


Самое обсуждаемое

27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(3)
28.0307:45Пилькевич: «Подлые люди тут не задерживаются…»(2)
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России(2)
29.0311:25Вице-президент Афганистана Абдул Рашид Дустум находится под домашним арестом из-за скандала с изнасилованием(1)
28.0309:32ТАЛКО и РУСАЛ окончательно помирились(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00