Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.04.200806:55

Ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакатЭмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст нақшаи чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 муҳокима ва тасдиқ карда шуд. Бо ҳамин қарор ҳамчунин таҳти раёсати Муовини аввали сарвазири мамлакат ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ, Раиси ШСХК «Барқи тоҷик», роҳбарони кумитаву идораҳои дахлдори назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шомил шуданд.

Сохторҳои дахлдор, аз ҷумла вазифадор шуданд, ки ҳаҷми захира ва шумораи нуқтаҳои фурўши ангишт, гази моеъ ва дигар маводи сўхтро ду баробар зиёд намоянд. Тибқи нишондодҳои нақша бояд то 1 октябри соли равон иқтидори барқистеҳсолкунии Маркази истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе ба 180 мегават ва Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳияи Ёвон то 1- уми август ба 120 мегават расонда шавад, ҳамаи 14 дегхонаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбева шабакаи шаҳрии таъмини гармӣ ва оби гарм бояд то мавсими сармо ба кор омода шаванд. Баҳри таъмини ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ, гази табиӣ, гармӣ ва оби гарм, ҳамчунин барои истеҳсолу захираи фаровони маводи ғизоӣ ва ҳамаи корҳои зарурии дигарвазифаҳои мушаххас муайян шудаанд. Тамоми сохторҳои дахлдор ва ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор гаштаанд, ки ҳар моҳ аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ахбори муфассал пешниҳод намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳамаи чораҳо бояд андешида шаванд, то тамоми хоҷагии халқ ва мардуми кишвар ба зимистони оянда омодагии хуб дошта бошанд.

Сипас ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи маориф шунида шуд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 7 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо 245 миллион сомонӣ (71,05 миллион доллари амрикоӣ) - ро ташкил медиҳад. Таъкид гашт, ки то 1-уми апрели соли равон аз ин маблағҳо 130 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 52,7 дар сади нақша аст.

Мутобиқи ин лоиҳаҳо ислоҳоти системаи маориф, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмону муҷаҳҳазгардониимактабҳои нав, тармиму таҷдид ва таҷҳизонидани баъзе мактабҳои кўҳна,чопи китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ анҷом дода мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи пасти азхудшавии маблағҳо изҳори нигаронӣ карда, баҳри саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо ва мусоидат ба беҳтарнамоии шароити таълиму тарбияи насли наврас ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Дар мавриди Барномаи рушд ва ислоҳоти соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2008-2015 тавсия дода шуд, ки он бори дигар такмилдода шавад, то ки ҳамаи нишондодҳояш воқеӣ бошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар он ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, қувваи кории ҳашарчиён ва тамоми имкону захираҳои мавҷуда ба назар гирифта шаванд. Таъкид гардид, ки дар мўҳлати татбиқи барнома бояд ҳамаи мактабҳои ибтидоӣ ва умумӣ аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо бароварда, дар биноҳои нави алоҳида ҷойгир карда шаванд.

Барномаи мазкур ҳамчунин беҳтарнамоии таъминоти моддию техникии соҳа, баланд бардоштани сатҳи касбии омўзгорон, сифати таълиму тарбияи мактаббачагон ва бо назардошти анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ навсозии мазмуну мундариҷаи таълим ва дигар корҳои судмандро дар назар дорад.

Нақшаи муҳоҷирати дохилии (ихтиёрии) аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии қўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида дар солҳои 2008-2009 тасдиқ карда шуд.

Тибқи ин нақша дар зарфи ду соли наздик аз минтақаҳои барои зиндагӣ хавноки баъзе ноҳияҳои вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1640 оила бояд ихтиёрӣ ба водиҳои ноҳияҳои Данғара, Носири Хусрав, Турсунзода, Зафаробод ва дигар минтақаҳои васеъ кўчонда шаванд.

Вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон бо қарори Ҳукумат вазифадор шудаанд, ки баҳри бунёди шаҳракҳои нави замонавӣ ва муҳайё намудани тамоми шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Натиҷаҳои баҳои замини хоҷагиҳои шаҳрҳои Кўлоб, Сарбанд, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеи вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.

Хулосаҳои Ҳукумати мамлакат ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Нақшаи чорабиниҳо оид ба боздошти болоравии сатҳи таваррум дар солҳои 2008-2009 қабул карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои боздошти сатҳи таваррум ва ҳимояи бозори истеъмолии кишвар мисли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бояд аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намоем.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуда, Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи муштараки Тоҷикистону Қатар «Асалӣ» ва минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷи поён» ва «Суғд» таъсис дода шуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262