Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.04.200815:55

Иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009

           Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). - Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҳияи Барномаи дарозмӯҳлати иҷтимоию иқтисодӣ - «Стратегияи миллиирушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015»ва дар доираи он таҳия намудани «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2007-2009»ташаббус зоҳир гардид. Аз 28 июни соли 2007 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо «Дар бораи тасдиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» ва «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллиирушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ба тасвиб расиданд.

           Дар ин ҷода ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки як қатор корҳои мушахассероо анҷом дода, ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ба иҷрои ин ҳуҷҷатҳои муҳим тадбирҳои амалӣ андешад.

Аз ҷумла, вазорат ҷиҳати таъмини ҳамкориҳои зич оид ба масъалаҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси принсипҳои мутақобилаи созандаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти таклифу эродҳои вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаҳои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии рушд дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Шӯрои миллии рушд дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ро таҳия карда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2007 тасдиқ гардид.

            Дар баробари ин аз ҷониби вазорати мазкур бо мақсади арзёбии пешрафти фаъолият ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПКСК), инчунин барои таҳлили раванди рушд дар доираи СПКСК, таъмини робитаи мутақобила ва муттасил байни қарорҳои қабулгардида ва натиҷаҳои татбиқи амалии он лоиҳаҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинг ва арзёбии татбиқи «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»ва «Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ» якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Ҳамзамон, Вазорати мазкур «Дар бораи татбиқи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» ва «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллиирушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва дар бораи иҷрои баъзе масъалаҳо оид ба татбиқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009»таҳия намуданд, ки мутобиқи онҳо, дар назди раёсату шӯъбаҳои вазорат оид ба таъмини иҷрои талаботи СМР/СПКСК вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, ҳамзамон барои таъмини иҷрои тадбирҳои ба салоҳияташон вобастабудаи матрисаи амалиёти СПКСК вазифадор гардиданд.

Ҳамчунин, дар доираи татбиқи СМР ва СПКСК Вазорат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ якчанд семинару конфронсҳо ва мизҳои мудаввар доир намуд.

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 2007, рӯзҳои 2 ва 3 майи соли 2007 дар ҳамбастагӣ ва сарпарастии Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ бахшида ба масъалаҳои рушди бахши иҷтимоӣ, ки яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт ва татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини вазорату идораҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, васоити ахбори омма, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии ватанию хориҷӣ конфронс доир намуд. Дар асоси баррасӣ ва муҳокимарониҳои масъалаҳои мазкур аз ҷониби иштирокчиёни конфронс қарори (Резолютсияи) Конфронс қабул гардида, маҷмӯи тавсияҳо барои мақомоти марказию маҳаллии давлатӣ, донорон, ташкилотҳои тобеи СММ ва ташкилотҳои шарик, ки бо масъалаҳои камбизоатӣ вобаста мебошанд, тарҳрезӣ ва аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод карда шуд.

Феълан, дар ин самт бо пешниҳоди Вазорати мазкур барои дар оянда бо сатҳи баланд гузарониданимониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 аз Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон хоҳиш карда шуд, ки ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чиҳати ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонпешниҳод намудани ҳисобот оид ба рафти иҷрои матритсаи амалиёт ва индикаторҳои Стратегияи мазкур аз рӯи натиҷаҳои соли 2007 пешниҳод ирсол карда буд, ки он бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 29 августи соли 2007 қонеъ гардонида шуд.

Ҳамчунин, муроҷиати Вазорати мазкур оид ба таъсиси Кумитаи идоракунанда аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, барои иҷрои он вазорату идораҳо вазифадор гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳои Вазорати мазкур бо созмонҳои байналхалқӣ дар доираи системаи мониторинг ва арзёбии татбиқи барномаҳои рушди миллӣ давра ба давра тақвият меёбанд. Аз ҷумла ҷиҳати гузаронидани мониторинг ва арзёбии СМР ва СПКСК бо Бонки Осиёгии Рушд ва Комиссияи Аврупоӣ мувофиқа карда шудааст.

Ҳамзамон, дар радифи Лоиҳаи кўмаки техникии Бонки Осиёгии Рушд (КТ БОР), Вазорат бо Лоиҳаи Комиссияи Аврупо низ ҳамкории мутақобилаи худро дар бахши тақвияти идоракунӣ аз рӯи натиҷаҳои системаи мониторинг ва арзёбии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, дақиқтар дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф шурӯъ намуд.

Дар ҳошияи ин ҳамкориҳо, дар ҳамҷоягӣ бо лоиҳаи мазкур рӯзҳои 23 ва 24 октябри соли 2007 бахшида ба масъалаҳои мониторинг ва идоракунӣ аз рӯи натиҷаҳо дар Вазоратҳои маориф ва тандурустии ҷумҳурӣ семинари муштаракро баргузор намуд.

Иштирокчиёни семинар, ки аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукматӣ ва хориҷии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта, инчунин васоити ахбори омма иборат буданд, масъалаҳои вобаста ба муайян намудани ҷараёни ҷамъоварии маълумот оид ба нишондиҳандаҳои асосии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мисоли Вазоратҳои маориф ва тандурустӣ, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, Вазорати мазкур бо мақсади дастрас намудани СМР ва СПКСК ба хоҳишмандон бо кӯмаки техникии Комиссияи Аврупо ин ду ҳаҷати муҳими стратегиро бо теъдоди 500 нусхагӣ (ҳар кадоме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ба нашр расонид.

Ҳамзамон, Вазорат дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир (DfID) 2500 нусха брошураҳоро (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) оид ба СМР ва СПКСК бо мақсади тарғибу ташвиқи мазмуну мӯҳтавои онҳо ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳии стратегияҳои мазкур ба чоп расонида, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

Инчунин, бо кӯмаки техникии Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) рўзи 17 апрели соли 2007 семинар дар мавзўи «Рушди системаи мониторинг ва арзёбии иҷрои Стратегияи рушди миллӣ барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 гузаронида шуд.

Дар самти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ, Вазорат бо Барномаи рушди СММ ҳамкории зич дошта, бо дастгирии он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ баҲадфҳои Рушди Ҳазорсола ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2007- 2009 бо иштироки мутахассисони раёсату шӯъбаҳои иқтисодӣ ва дигар сохторҳои маҳаллӣ муаррифии ин ҳуҷҷатҳо гузаронида шуд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи СПКСК дар соли 2007 дар асоси маълумоти фаврии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобҳои вазорату идораҳои дахлдор, гузориш омода намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Дар заминаи татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2009 соли гузашта аз ҷониби вазорату идораҳо ҷиҳати иҷрои тадбирҳои матрисаи амалиёт ва индикаторҳои СПКСКкорҳои муайяне ба сомон расонида шудааст.

Аз рӯи таҳлили маълумоти пешниҳоднамудаи 22 вазорату идораҳое, ки дар татбиқи СПКСК иштирок менамоянд, оид ба иҷрои 670 тадбирҳое, ки дар матритсаи амалиёт масъул буданд, вобаста ба иҷрои 311 тадбир ахбор пениҳод шудааст, ки ин иҷрои 46,4 фоизро аз ин шумора ташкил медиҳад. Раванди иҷрои СПКСК, ки барои рушди 12 самти ислоҳоти иқтисодӣ нигаронида шудааст, дар се бахши асосӣ муттаҳид карда шудааст:

Масъули бахши функсионалӣ, ки самтҳои ислоҳоти идоракунии давлатӣ, аз қабили рушди макроиқтисодӣ, беҳбуди фазои инвестисионӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳониро дар бар мегирад, 8 вазорату идораҳо мебошанд, ки то имрӯз иҷрои тадбирҳои ин ҳуҷҷатҳои муҳимро ба андозаи 55,9 фоиз таъмин намуданд.

Иҷрои ин тадбирҳо дар бахши истеҳсолӣ, ки самтҳои амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаҳои аграрӣ, инфраструктура, энергетика ва саноатро дар худ муттаҳид менамояд, 34,9 фоизро ташкил медиҳад.

Самтҳои рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва илм дастрасӣ баоб, санитария ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, такмили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва суботи экологӣ , ки ба бахши иҷтимоӣтааллуқ доранд, ба андозаи 49,6 фоиз иҷро гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 184 индикатори дар Стратегияи мазкур пешбинӣ гардидааст, танҳо аз рўи 108 – тои он, ки аз ҷониби вазорату идораҳои мутасаддӣ пешниҳод гардидаанд, таҳлил гузаронида аст.

Ҳисоботи ниҳоӣ оид ба мониторинг ва арзёбии СПКСК аз рўйи натиҷаҳои соли 2007 бо назардошти омода гардидани ҳисоботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2007 ва натиҷаҳои тадқиқоти сатҳи зиндагӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) гузаронида мешавад, дар моҳи июлисоли 2008 пешниҳод мегардад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

11.1212:48И вновь суд - за неуважение к суду
10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
10.1209:50"Заблокированный" год


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(11)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156196