Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.04.200815:55

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ле Ван Тоан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Ле Ван Тоан дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Зимни сўҳбат, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Ветнам баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ветнамро шарики хуби Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ номида, изҳор дошт, ки маҳз ҳамкорӣ бо он ба густариши робитаҳои кишвари мо бо давлатҳои ин минтақа такон бахшид.

Фаъолияти босамари ширкати «Эйша силк» (Абрешими Осиё) ва 9 корхона, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки сармояи Ветнам ба назар мерасад, нишонаи хуби ҳамкории иқтисодии ду кишвар маънидод шуд.

Мусоҳибон оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати сабуку хўрокворӣ, истихроҷи маъданҳо, бунёд намудани корхонаҳои нави муштарак ва тавсиа додани робитаҳои тиҷоратӣ гуфтугўйи судманд анҷом доданд. Фаъол намудани комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва густариш додани робитаҳои байни соҳибкорони ду кишвар зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон табодули назар карда шуд.

Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.1119:31Ни компенсации, ни квартир: в Душанбе десятки семей останутся без крыши над головой. ВИДЕО
16.1116:16В Таджикистане доллар вновь пропал с наличного валютного рынка
16.1115:02Каким в Таджикистане видят Эмомали Рахмона?
16.1113:52Кыргызстан превращает в полицейское государство
16.1113:35Эмомали Рахмон открыл новые цеха на территории предприятия «Палос»


Самое обсуждаемое

16.1108:54«Свобода слова», или как власть в Кыргызстане «прессует» оппонентов(1)
17.1110:40Каким пыткам подвергаются таджикские дети?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156306