Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Италия Ҷованни Риччулли эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷованни Риччулли масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия баррасӣ шуд.
«Барои Тоҷикистон рушди муносибатҳо бо Италия самти муҳимми сиёсати хориҷӣ аст», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз пайвастагии робитаҳои сиёсию иқтисодииду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз басо фароханд, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, туризм ва ѓайра.
Фаъолияти босамари ширкати муштараки Тоҷикистону Италия «Ҷавонӣ» намунаи хуби ҳамкории иқтисодию технологии соҳибкорони ду кишвар дар соҳаи саноати сабук ва ба наздики 100 миллион доллари амрикоӣ расидани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот дар соли гузашта нишонаи рушди робитаҳои тиҷоратӣ маънидод гашт.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афѓонистон, пурзўр намудани ҳифзи сарҳадот ва мубориза бо гардишиѓайриқонунии маводи мухаддир табодули назар намуданд.