Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.04.200808:55

Номаи тоҷикони Миср

Котиби генералии Ҷамъияти донишҷуёни тоҷик дар Ҷумҳурии Мисри Араб Шамсулло Ҷабборов зимни арзёбии мўҳтавои Паёми солонаи Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз дошт, ки Паём дастовардҳои кишварро дар соли сипаришуда ва нақшаю иқдомоти ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи сеюм, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, берун овардани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ ба таври ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор додааст.

Ҷамъияти мо зиёда аз 200 нафар донишҷўёни тоҷики муқими Мисрро ба ҳам гирд овардааст, ки аксаран дар донишгоҳи исломии ал-Азҳар таҳсил мекунанд. Ҳамаи онҳо аз хаттимаши сиёсати дохилию хориҷии хирадмандонаи Сарвари давлат изҳори хушнудӣ карда, бо рўҳбаландии беандоза стратегияи таълиму тарбияи насли наврасро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Шоистаи ёдоварист, ки донишҷўёни тоҷик дар Миср аз мулоқоти таърихӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи феврали соли 2007 ҳангоми боздиди расмиашон аз Миср сурат гирифта буд, фоли нек бардоштанд. Имрўз бошад, боиси ифтихори миллии онҳост, ки бо дастури Президенти мамлакат барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос фонди махсуси тарбияи мутахассисон дар хориҷи кишвар таъсис ёфтааст ва аз ҳисоби ин фонд ҳоло садҳо нафар ҷавонони кишварамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои дигар таҳсил карда истодаанд.

Дар соли ҷорӣ ба туфайли дастгирии бевоситаи сафорати тозабунёди Тоҷикистон дар Қоҳира ба 6 нафар аз донишҷўёни мо низ, ки дар донишгоҳи исломии ал-Азҳар таълими динӣ мегирифтанд, барои гузаштан ба таҳсили тахассусӣ дар донишгоҳҳои номдори Миср муяссар гардид. Изҳори умед мекунем, ки ин мавзўъ дар оянда мавриди таваҷҷўҳи бештар қарор хоҳад гирифт.

Ҷамъият тасмим гирифтааст, ки Паёми Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун нашрияи махсус дар саҳифаҳои маҷаллаи ҳармоҳаи худ «Сомониён» чоп карда, байни тамоми донишҷўён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ба мақсади омўзиш паҳн кунад. Ҳамчунин аз номи Ҷамъият ба унвони Сарвари давлат барои ғамхории падарона ба таълиму тарбияи ҷавонон сипоснома ирсол хоҳад шуд.

Қоҳира, 29 апрели 2008

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156243