Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.04.200809:55

С. Сафаров«Ҳадафи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ мебошад»

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як соли сипаригардида ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров. Сафарҳои расмии Президенти ҷумҳурӣ ба кишварҳои Арабу Африқо ва ифтитоҳи сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар баъзе кишварҳо зинаи навиташаккули сиёсати хориҷии давлат буда, аз густариши муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо шаҳодат медиҳад.

Сайфулло Сафаров зикр кард, ки муносибатҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин муносибатҳои гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарики стратегии худ Федератсияи Русия сол то сол тақвият меёбад. Ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» нишонаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия аст.

Комёбиҳои солҳои охир дар сиёсати хориҷӣ ба даст овардаи Тоҷикистон ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ нигаронида шуда, ифодакунандаи мувозинати сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, гуфт Сайфулло Сафаров.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0413:34Хушбахт покончил с собой из-за несчастной любви
21.0410:09Авиацию помирим, мигрантам поможем: итоги переговоров Шувалова и Расулзода
21.0410:01Армия Таджикистана поднялась на 16 позиций в мировом рейтинге военной мощи
21.0409:31Четыре человека задержаны сотрудниками милиции по подозрению в крупном мошенничестве
20.0414:52УГАИ МВД Таджикистана просит водителей соблюдать правила в Узбекистане


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312651