Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», ,Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳавоии пойтахт ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони сайрхати №627 самти «Душанбе-Москва» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Шамсулло Раҳмонов соли таваллудаш 1971- ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, дастгир намуданд.
Аз маркази матбуоти Хадамоти мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми аз назаргузаронӣ ва муойинаи шахсӣ маълум гардид, ки Ш. Раҳмонов мехостааст, ба таври пинҳонӣ аз кормандони гумрук як баста маводи нашъаоварро ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия интиқол диҳад. Ӯ ин миқдор маводро дар зери тагпӯшаш пинҳон карда буд.
Мутобиқи хулосаи коршиносони лабораторияи Агентии назорати моводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ, хокаи маводи нашъаовари дарёфткардашуда героин буда,вазни холиси он 245 граммро ташкил дод.
Бо назардошти далелҳои дар боло зикргардида, нисбат ба Ш. Раҳмонов тибқи моддаҳои 32 қисми 3, 289 қисми 2 ва 200қисми 3, банди «б»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон фиристода шудааст