Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

04.04.200809:36

Дар пойтахт ҷашну маросимҳо дар доираи қонун баргузор мешаванд

           Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бахшида ба солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 апрел дар шаҳри Душанбе бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт дар мавзӯи «Танзими анъанава ҷашну маросимҳо-талаби замон» семинар-машварат баргузор гардид.

Дар он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарону намояндагонисохторҳои марбутаи пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, роҳбарони комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва имомхатибони масҷидҳои пойтахт иштирок карданд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова зикр кард, киҳадафи семинар натиҷагирӣ аз раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»мебошад.

Дар машварат раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣАмонулло Неъматзода,сардори раёсатитанзими анъана ваҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов доир ба ҷиҳатҳои гуногунитатбиқи қонун, роҳ надодан ба исрофкорӣ, кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва шахсони барҷомонда ибрози назар карданд.

Мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шамсиддин Нуриддинов хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе 618 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият дорад. Онҳо бо аҳолӣ, созмонҳои динӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ҳамкории хуб доранд. Комиссияҳо корҳои тарғиботиро дар байни омма ба роҳ монда, саъю талош менамоянд, ки ҳар ҷашну анъана дар пойтахт дар доираи қонун сурат бигирад.

Дар машварат атрофи паҳлӯҳои дигари татбиқи қонуни зикргардида изҳори андеша карда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0513:37Стихия перекрыла часть соединяющей Таджикистан и Кыргызстан трассы
28.0512:29Не знаю броду... В Сирдарье и “Бахри Точик” утонули 6 человек
28.0510:36"Ямал" начнет полеты из "Жуковского" в Душанбе и Худжанд
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(1)
27.0515:10Автобусное сообщение между Таджикистаном и Узбекистаном возобновится осенью?


Самое обсуждаемое

25.0518:48Мой последний 95-ый(4)
27.0509:37Атлантисты продолжают «играть» в войну(4)
27.0513:29Путин обсудил Сирию и экономическое сотрудничество с президентом Ирана(2)
27.0509:29Саудовская Аравия предоставила Таджикистану 50 тонн хурмы(1)
27.0512:48На 90 году жизни скончался автор «Великой шахматной доски»(1)
27.0512:09Они уже видят космонавта, академика…но моют ковры(1)
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525