Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

04.04.200806:36

Машварати кории Сарвари давлат

3 апрели соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва дигар шахсони дахлдор оид ба тезондани киштукори баҳорӣ, мубориза бо малах ва дигар ҳашароти зараррасон, таъмини бозори истеъмолӣ бо озуқаворӣ ва омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  машварати корӣ доир намуд.

Оид ба масоили киштукори баҳорӣ, мубориза бо ҳашароти заррасон ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ гузориши муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, роҳбарияти вазорати кишоварзӣ, вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва дигар сохторҳои дахлдор шунида шуд.

Зикр гардид, ки кишти ғалладона дар замин лалмии ноҳияҳои ҷануби кишвар бо сабаби бебориш омадани моҳи март қафо монд, вале кишти пахта бо суръати хуб идома дорад. То имрӯз дар 37 ҳазор гектар пахта корида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазор гектар зиёд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хушк омадани  моҳи март ва ҳамчунин аз он, ки соли гузашта 55 ҳазор гектар заминҳо, аз ҷумла 22 ҳазор гектар замин обӣ бекор монда буд, изҳори нигаронӣ карда, баҳри пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла, шолӣ, маккадон, картошка ва пиёзу сабзӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод. Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри кишти ғалладона дар заминҳои лалмии ноҳияҳои кӯҳистон ҳанӯз дер нашудааст.

Масъулини дахлдор ҳамчунин ҷиҳати маблағгузории саривақтии пахтакорӣ бо усули нав, зиёд намудани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳот ва таъмини кори мунтазами пойгоҳҳои барқии обкашӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дар мавриди мубориза бо малах ва дигар ҳашароти зараррасон бошад, зикр гардид, ки шумораи зарурии техникаю таҷҳизот, аз ҷумла ҳавопаймоҳои махсусгардондашуда ва заҳрхимикатҳо мавҷуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи дурусту саривақтӣ аз имконоти мавҷуда ва сафарбар кардани мутахассисони соҳа ва аҳолӣ, пеш аз ҳама деҳқонони соҳибтаҷриба ба мубориза бо малах дастуру ҳидоятҳо дод. Ҳамкорӣ дар ин самт бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя низ зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати фаровон гардондани озуқаворӣ дар бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ аз баландкунии сунъии нархи маҳсулот, пеш аз ҳама нархи гӯшт ба шахсони дахлдор супоришҳои қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки ҷамъияти «Тоҷикматлубот» ва дигар сохторҳои давлатӣ бояд барои таъсиррасонӣ ба нархҳо дар тамоми бозорҳо нуқтаҳои фурӯши худро дошта бошанд, то ки монополистон натавонанд ба таврӣ сунъӣ нархҳоро баланд бардоранд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулин барои ташкил ва дар сатҳи баланд гузарондани он дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода иттилоъ дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0318:48Делегация Молдовы отказалась ехать на заседание МПА СНГ в Петербург
23.0316:00Как Дмитрий Маликов проложил Сабине Шамсэд путь на российскую сцену
23.0314:47В центре Киева убит бывший депутат российской Госдумы
23.0311:15Президент открыл новый учебный корпус школы в джамоате Унджи Б.Гафурова (фото)
23.0309:53В ДТП на юге Таджикистана погибли четыре человека


Самое обсуждаемое

20.0313:00Ташкентский рейс все еще находится в «воздухе»(3)
20.0309:34Министр транспорта наградил экипаж самолета «Таджик Эйр», совершившего аварийную посадку в Худжанде(3)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156188