Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

04.04.200806:36

Мулоқоти М. Убайдуллоев бо Раиси Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо

             Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Cубҳи 3 апрели соли 2008 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Қасри Таврияи Санкт-Петербург бо Раиси Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо Луис Марие де Пуч мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили тавсиаи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупоро дар масъалаи таъмини воқеии ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити воқеии ҳуқуқӣ барои истифодаиимкониятҳои мавҷуда дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

М. Убайдуллоев зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонун арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодии онро кафолат дода, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро ҳифз менамояд. Аз ин ҷост, ки дар Тоҷикистон халқ ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, мароми олии он эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, дунявию иҷтимоӣ бо риояи тамоми рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣмебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо фазои солими ҳуқуқӣ фароҳам овардашуда, сохтори қонунгузорӣ пайваста ташаккулу меёбад.

М. Убайдуллоев ба саҳми шахсии Луис Марие де Пуч дар бобатиҳамгироии фарҳанги Шарқу Ғарб баҳои баланд дода, зикр намуд, ки дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз муколамаи тамаддунҳо имкон хоҳад дод, ки ҳамзистии халқҳова давлатҳотаъмин карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии ТоҷикистонМ. Убайдуллоев Луис Марие де Пучро даъват кард, ки ба Тоҷикистон ташриф орад.

Луис Марие де Пучаз дастовардҳои Тоҷикистондар муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолиаш изҳори қаноатмандӣ намуда, М. Убайдуллоевродаъват кард, ки аз Шӯрои Аврупо ва Ассамблеяи Парлумонии он дидан намояд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.0119:57Начальник Генштаба таджикской армии погиб в аварии в Душанбе(1)
18.0116:15СМИ: задержанный в Стамбуле Машарипов связан с гражданами Таджикистана
18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(2)
18.0115:39За такое поведение за столом в Китае могут наказать


Самое обсуждаемое

03.0114:13Открытое письмо Президенту Эмомали Рахмону(240)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(5)
18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(2)
18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(2)
17.0111:48Таджикистан не торопится вступать в ЕАЭС(1)
18.0119:57Начальник Генштаба таджикской армии погиб в аварии в Душанбе(1)
17.0106:19В Таджикистане муфтия Москвы назвали «борцом атеистического фронта»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262