Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

04.04.200810:36

Сарвари давлат ҳисоботи телефонии раисони як қатор ноҳияҳоро шунид

4 апрели соли 2008 Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефон раисони ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ – Ҳабибулло Саъдуллоев, Ҷиликӯл – Эшбӯрӣ Эсанқулов, Қубодиён – Маҳмадраҳим Исмоилов, Носири Хусрав – Ҳаким Каримов, Шаҳритус - Холмурод Раҳмонов, Вахш -  Аловиддин Сатторов ва Бохтар –  Абдулмумин Улфатов оид ба натиҷаҳои фаъолияташон дар семоҳаи аввали соли равон ҳисобот доданд.

Тава
ҷҷӯҳи махсус ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, хусусан кишти саривақтӣ ва босифати пахта зоҳир гашт. Зикр гардид, ки ба роҳ мондани тарзи нави маблағгузории бахши пахтакорӣ боиси дилгармии мардум шудааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо татбиқи босамари ин сиёсат ва ҳамчунин истифодаи тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ ва ҳавасмандкунии деҳқонон пахтакорӣ дубора ба бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ
мубаддал мешавад.

Сарвари давлат Эмомал
ӣ Раҳмон ба онҳо ҳамчунин баҳри мубориза бо малах ва дигар ҳашароти зараррасон, истифодаи пурсамар аз ҳамаи заминҳои обӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ривоҷ додани сабзавоткорӣ,  барқарорсозии боғҳои кӯҳна ва бунёди боғоти нав ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру ҳидоятҳо дод.  Таъкид гардид, ки ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон метавонанд ва вазифадоранд, ки дар фаровон гардондани бозори истеъмолии кишвар бо маводи худии хӯрокворӣ пешсаф буда, дар татбиқи амалии нишондодҳои муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
саҳми арзанда гузоранд.

Тава
ҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба қонеъ гардондани эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ зоҳир гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳои мазкур баҳри таъмиру тармими мактабу беморхонаҳо, сохтмони мактаб ва бунгоҳҳои нави тиббӣ, аз хонаҳои шахсӣ бароварда, дар биноҳои алоҳида ҷойгир ва бо техникаю таҷҳизот ва ашёи зарурӣ
таъмин кардани онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат Эмомал
ӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки омодагиро ба зимистони оянда аз ҳозир оғоз намуда, ҷиҳати захира кардани ангишт ва гази моеъ ва кушодаи нуқтаҳои фурӯши ин маводи сӯхт дар
тамоми маҳалҳои калони аҳолинишин бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР
03.1209:31На севере Таджикистана раскрыто жестокое убийство, совершенное в 2010 году
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156282