Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.04.200810:36

Ҳамкориҳо дар самти безараргардонии минаҳо тақвият меёбанд

Рӯдакӣ, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар Маркази омӯзишии сагҳои минаҷӯй бахшида ба рӯзи байналмилалии безараргардонии минаҳо ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ дар баробари ба таври амалӣ нишон додани раванди безараргардонии минаҳо, ҳамчунин филмҳои мустанад вобаста ба фаъолияти маркази мазкур намоиш дода шуданд.

Роҳбари маркази САҲА дар Душанбе Владимир Пряхин зимни иштирок ва суханронии худ дар чорабинии мазкур иброз дошт, ки «дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам майдонҳои васеъ, ки дар онҳо теъдоди зиёди минаҳои нотаркидаи зидди қӯшунҳои хушкигард, ки мероси ҷанги шаҳрвандӣ мебошанд, вуҷуд доранд. Ин минаҳо ба аҳолии деҳнишин имкон намедиҳанд, ки аз ин майдонҳои васеъ барои кишти ҳар гуна маҳсулот ва зироат истифода намоянд». Вай ҳамчунин ба зарурати безараргардонии ин майдонҳо аз минаҳо таъкид кард.

Бояд гуфт, ки САҲА бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати безарар гардонидани заминҳои назди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дигар минтақаҳои кишвар аз минаҳои замони нооромиҳои дохилӣ хобонидашуда ҳамкориҳои зич дорад.

Ҳамчунин дар самти тоза кардани ин майдонҳо аз минаҳо ва безарар гардонидани онҳо аз соли 2004 Хазинаи Швейтсария, ки аз ҷониби САҲА маблағгузорӣ мешавад, фаъолият бурда, то кунун масоҳати зиёда аз як миллион метри мураббаъро аз минаҳо тоза карда, майдони 18 миллион метри мураббаъро, ки ҳамчун замини минадор маҳсуб мешуд, барои истифода баргардонид. Бо ибтикори ин Хазина ба миқдори 4500 минаҳо безарар гардониди шуда, зиёда аз 2500 адад маводи гуногуни нотаркида нобуд карда шудааст.

Тибқи омори расмӣ, танҳо дар соли 2007 бар асари таркиши минаҳо ва дигар муҳимоти тарканда 13 нафар шаҳрванди Тоҷикистон зарар диданд, ки аз онҳо 7 нафарашон ҳалок ва 6 нафарашон маҷрӯҳ гардидаанд.

Инчунин, аз соли 1992 то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи таркиши минаҳо 366 нафар маҷрӯҳ ва 326 нафар ҳалок гардидаанд, ки зиёда аз 30 фоизи онҳоро кӯдакон ташкил мекунад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре
24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали
24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми
24.0310:14Льготы от правительства: одной рукой дают, другой отбирают
24.0309:55Президент открыл в Исфаре предприятие по переработке фруктов и парк культуры и отдыха


Самое обсуждаемое

24.0307:03Сборная Таджикистана на последних минутах упустила победу над Бахрейном(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0781356