Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.04.200811:36

Ҳисобот ба Сарвари Давлат

7 апрелисоли2008ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонЭмомалӣРаҳмонҳисоботителефонииРаисивилоятиСуғдҚоҳирРасулзодарооидбанатиҷаҳоифаъолиятдарсемоҳаиякумисоли2008 шунида, баӯҷиҳатибартарафнамуданикамбудиҳоимавҷудаваривоҷдоданикорҳоизарурӣдастуруҳидоятҳодод.

Таваҷҷӯҳиасосӣбакиштукорибаҳорӣ, азҷумлакиштипахтазоҳиргардид. Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз он, ки имрӯз майдонҳои киштшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15-16 фоиз бештар аст, вале тамоми имконоти мавҷуда ҳоло хуб истифода нашудаанд. Таъкид гардид, ки суръат ва сифати киштукор бояд боз ҳам баланд бардошта шавад.

Таваҷҷӯҳи махсус ҳамчунин ба рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вақти сафари кориаш ба вилояти Суғд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи имсола ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дода буд, зоҳир гашт, аз ҷумла баҳри афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маводи ватании озуқаворӣ.

Татбиқи саривақтӣ ва босифати Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 марти соли равон, ки ба таъмини иҷрои Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар равона гаштааст, аз вазифаҳои аввалиндараҷа маънидод карда шуд. Таъкид гардид, ки аз ҳар ваҷаб замини корам бояд пурсамар истифода бурда шавад, аз ҷумла баҳри кишти такрории ҷуворимакка, офтобпараст, мош, сабзавот, полезӣ ва картошка дар заминҳои обӣ. «Ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат баҳри кишти асосӣ ва такрорӣ, об барои обёрӣ ва нерӯи барқ бояд  чораҳои саривақтӣ андешида шаванд», - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Раиси вилояти Суғд вазифадор гашт, ки бо истифода аз фаровонии нерӯи барқ дар мавсими гармӣ кори корхонаҳои саноатиро дар се баст-тариқи шабурӯзӣ ба роҳ монад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки  дар арафаи рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхории арзанда зоҳир карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати саривақт баровардани эҳтиёҷоти онҳо дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар мавриди омодагӣ ба зимистони оянда таъкид гардид, ки баҳри захира намудани ангишт, гази моеъ, кушодани нуқтаҳои фурӯши онҳо дар тамоми маҳаллаи калони аҳолинишин ва таъмини фаровонии озуқаворӣ дар бозори истеъмолӣ чораҳои зарурӣ  аз ҳозир бояд андешида шаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0116:30В Душанбе изменили маршруты некоторых микроавтобусов
20.0116:01КЧС: на выходные прогнозируется дождь и мокрый снег
20.0114:13Чайхана «Рохат» и театра Лохути не попали в каталог культурных памятников
20.0113:59В Узбекистане могут отменить разрешение на выезд
20.0113:31Давлатзода назвал претензии иностранных дипломатов необоснованными


Самое обсуждаемое

18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(8)
18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(2)
18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи(2)
19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
20.0112:16«Памир Энерджи» не стала вводить дополнительный энерголимит в ГБАО(1)
19.0109:59В Таджикистане погиб начальник Генштаба(1)
19.0115:46В Душанбе увековечили память Сухроба Шарипова(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263