Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.04.200816:36

Натоиҷи ҳамкориҳои Русия ва Амрико мусбӣ арзёбӣ шуданд

            Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард),-Рӯзи гузашта дар минтақаи истироҳатии Русия - Сочи мулоқоти Президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Ҷорҷ Буш баргузор гадид, ки меҳвари асосии гуфтугӯи онҳо дар баробари тақвияти ҳамкориҳои тарафайн ва таҳияи дурнамои ин равобит, ҳамчунин вазъи минтақа ва масъалаи барономаи насби сипари дифоии зиддимушакии Амрико дар Аврупои шарқӣ буд.

Бар асоси иттилои васоити ахбори оммаи хориҷӣ, ки ҷараёни дидори раисони ин ду ҷумҳурии абарқудратро дар расонаҳои худ хабари рӯз қарор додаанд, Президентҳои ҳар ду кишвар дар ҷараёни мулоқоте, ки доштанд, натавонистанд, сари ҳалли масъалаи вобаста ба барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупои шарқӣ ба тавофуқ бирасанд. Аммо онҳо дар анҷоми ин дидори худ зимни гузоштани имзо дар як эъломия мувофиқат карданд, ки ҷиҳати ҳалли он дар оянда кӯшиш хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ин вохӯрии Владимир Путин ва Ҷорҷ Буш дар мақоми раисони ҷумҳурӣ шояд охирин дидор бошад. Дар нишасти хабарие, ки Президентони Русия ва Амрико дар поёни мулоқоти худ барои хабарнигорон доир карда буданд, Президенти Русия Владимир Путин иброз доштааст, ки вай ба таври асосӣ ба насби системаи дифоии зиддимушакии Амрико дар Аврупои шарқӣ мухолиф аст.Ӯ ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ таъкид кардааст, ки дар ҳақиқат мо дар ҷараёни дидоре, ки доштем, саъй намудем, то бо истифода аз имконоти мавҷуда ба таври содиқонаву ошкоро ва дар чорчуби ҳеҷпротоколе дар бораи ҳамаи масъалаҳои доғ ва пеш аз ҳама он мушкилиҳое, ки ҷанбаи стратегӣ ва амнияти байналмилалӣ доранд, гуфтугӯ намоем.

Президенти Русия ба таври ошкоро таъкид кардааст, ки яке аз масъалаҳои душвортарин ин бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо буд ва ҳамоно боқӣ мемонад. Вай бо даъвати иштирокдорон дар мавриди дуруст дарк кардани суханони вай афзуд, ки мавқеиусулии мо дар мавриди барномаҳои амрикоӣ то кунун тағйир наёфтааст. 

Бино ба гуфтаи Раиси ҷумҳурии Русия, миёни ин кишварҳо ҳанӯз ҳам ихтилофот дар мавриди созиши назорати аслиҳаи атомӣвуҷуд дорад.

Дар бораи стратегияи батанзимдароварандаи робитаҳои гуногунҷабҳаи ИМА ва Русия бошад, Президентҳои ҳар ду ҷумҳурӣ ба мувофиқа расиданд.

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш низ дар нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки бояд аз ҷониби кишвараш талош ва саъйю кӯшишҳои зиёде анҷом дода шавад, то Русия мутмаин гардад ва боварӣ ҳосилнамояд, ки ҳадафи системаи зиддимушакии ИМА Русия нест ва ин кишвар мехоҳад, танҳо чанд дона мушакҳои раҳёби худро дар Лаҳистон ва системаи радарҳои зиддимушакии муосиреро дар Ҷумҳурии Чехия ҷойгир намояд.

Бояд гуфт, ки мавқеи Амрико дар бораи барномаи насби системаи дифоии зиддимушакӣ дар Аврупои шарқиро рӯзи панҷшанбеи гузашта 26 кишвари аъзои Паймони Атлантикаи Шимолӣ - НАТО зимни баргузории ҷаласае ҷонибдорӣ карданд. Ҳамзамон дар ҷараёни нишасти солонаи роҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар Бухарест, ки аз 2 то 4-уми апрел давом кард, масъалаи ворид кардани Ҷумҳуриҳои Украина ва Гурҷистон ба узвияти Нато ҳалли худро пайдо накард. Ҷониби Русия бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала, изҳор намудааст, ки шомил шудани ду кишвари собиқ Шӯравӣ ба НАТО барои ин кишвар ҳамчун таҳдид талаққӣ мешавад.

МаъмуриятиБушбаробаришарҳимақсадииқдомихуддармавридибарномаинасбисистемаизиддимушакиихуддарАврупоишарқӣонротасмимидифоӣазтаҳдидҳоимушакиибархеазкишварҳо, бахусусҶумҳурииИсломииЭронарзёбӣкардааст. Аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон иттиҳомоти Амрико дар мавриди эҷоди хатар аз ҷониби ин кишварро босароҳият рад карда, таъкид кардааст, ки қуввати мушакии худро таҳдиде барои ҳеҷ кишвар намедонад.

Русия низ дар ин бора нуқтаи назарҳои худро борҳо иброз дошта гуфтааст, ки қобилияти мушакии Эрон хатаре барои Амрико ва аврупо нест.

Ваколатҳои президентии Владимир Путин ба ҳайси Президенти Русия 2 майи соли 2008 ба поён мерасад ва ин охирин дидори Президентҳои ИМА ва Русия Ҷорҷ буш ва Владимир Путин ҳамчун раисони ҷумҳурӣ буд. Президенти ИМА Ҷорҷ Буш зимни боздиди худ аз Маскав ҳамчунин бо Президенти ояндаи ин кишвар Дмитрий Медведев низ дидору вохӯрӣ намуда, қадамҳои аввалини ӯро дар самти ҳамкорӣ бо ИМА мусбат хондааст. Бояд гуфт, ки Дмитрий Медведев ба ваколатҳои президентии худ аз моҳи май оғоз намояд.

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар маҷмӯъ аз натоиҷи сафари худ ба Русия қаноатманд аст. Вай аз нақши Русия дар мавриди тарғиби Эрон барои қатъи ғанисозии уран пуштибонӣ ва изҳори ташаккур кардааст. Президент Буш равобити кишвари худ бо Русияро дар даврони президет Путин мусбӣ арзёбӣ намуда, онро қобили таваҷҷӯҳ унвон карда, ҳамчунин аз пайвастани Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат истиқбол кард.

Президенти Русия Владимир Путин низ натиҷаҳои ҳамкории Русия бо Амрикоро дар солҳои президентиаш мусбӣ арзёбӣ намуд.

Коршиносони сиёсӣ мулоқоти Президентҳои Русия ва ИМА-ро дар баробари ҳалли бархе аз мушкилот дар раванди ҳамкориҳои тарафайн, ҳамчунин маросими худоҳофизии ду раиси ҷумҳур дар симои мулоқоти тарафайн баҳо додаанд.

Аммо сиёсати Президенти тозаиинтихоби Русия Дмитрий Медведев дар қиболи бо Амрико чӣ гуна хоҳад буд, вақт нишон хоҳад дод, вале, таҳлилгарон бар он назаранд, ки ин сиёсат идомаи сиёсати интихобнамудани Президент Путин, ки қарор аст, баъди анҷоми ваколатҳои президентиаш ба вазифаи сарвазирӣ интихоб шавад, мебошад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312489