Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

08.04.200812:22

Мусобиқаи футбол «Ҷоми Наврӯз»

Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 10 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷоми Наврӯз» мусобиқаи футбол оғоз меёбад, ки дар он кормандони сафоратонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Мусобиқаи футболбозон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста ба хабарнигориАМИТ «Ховар» гуфт, ки ин мусобиқа анъанавӣ буда, ҳар сол дар фасли баҳор бо мақсади таҳкими дӯстиву рафоқат ва тарғиби варзиш, хусусан футбол байни намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ гузаронида мешавад. Мусобиқаи имсола, ки «Ҷоми Наврӯз» ном гирифтааст, муддати як ҳафта давом мекунад ва дар он9 дастаи варзишгарони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Дар анҷоми мусобиқа ба ғолибони он ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои дигар супорида мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250