Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.05.200818:54

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Ҳадафи асосии сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ёвон шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозии Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳия ва шабакаи таъминоти буғу оби гарм ба Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром» ва маркази ноҳия ва ҳамчунин боздид аз як қатор иншооти дигари иҷтимоӣ, саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ маънидод гашт.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозии Маркази истеҳсоли барқу гармӣ оғоз ёфт. Хотиррасон бояд кард, ки Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳияи Ёвон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувозанаи Ширкати алюминийи тоҷик дода шуда, корҳои барқарорсозӣ ва то ҳадди 120 мегават афзун намудани иқтидори барқистеҳсолкунии он ба зиммаи ин ширкат вогузор гашта буд.

Дар ин ҷо зикр гардид, киимрўз баъди анҷом додани марҳилаи якуми барқарорсозии он ду агрегаташ боиқтидори барқистеҳсолкунии 120 мегават ба кор омода гаштааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонтугмачаро пахш карда,ба кор омода гаштани маркази барқу гармидиҳииноҳияи Ёвонро расман эълон намуд ва ба шахсони масъул дастур дод, ки ду агрегати омодагаштаробарои санҷиш бо иқтидори пуррааш ба кор дароранд, то ки камбудиҳои мавҷуда ошкор ва бартараф карда шаванд.

Таъкид гардид, ки бароикори доимии марказ дар баробари нерўи барқ ҳамчунин оби гарм ва буғи онрониз бояд корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии маркази ноҳияистифода баранд. Бо назардоштиин имрўз тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шабакаи таъминотиоби гарм ва буғ дар ноҳия муташаккилона идома дорад.

Ҳамин тариқ аз якуми октябри соли равон Маркази барқу гармидиҳии ноҳия бо иқтидори120 мегаваттба тавридоимӣ ба кор даромада, нерўибарқашро ба Ширкати алюминийитоҷик ва буғу оби гармро ба ноҳияравона месозад.

Зимни шиносоӣ бо марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ширкати алюминийи тоҷик дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ду агрегати дигари онрониз бо истифода аз ангиштба кор омода кунанд.

Таъкид гардид, ки дар ин сурат иқтидори барқистеҳсолкунии он ба 300 мегаватмерасад ва ин ду баробар аз иқтидорилоиҳавии нерўгоҳи обии Зарафшон зиёд аст.

Дар ҳудудиҳаминмарказ масъулини Ширкати алуминийи тоҷик бо шарикони муътамаду бонуфузи худ аз давлатҳои Австралия, Чин, Эрон, Қазоқистон ва ғайра лоиҳаҳоипурра ба кор даровардани Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром» ва бунёдиякчанд корхонаи нави саноатиро муаррифӣ намуданд.

Зикр гардид бо ҷалбитақрибан якуним - дуюниммиллиард доллари амрикоӣ Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром, сехҳои бузурги истеҳсоли гилхок ва семент пурра барқарор гашта, якчанд корхонаи нави саноатӣ бунёд мешаванд. Бо амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо ҳамчунин истеҳсолисодаикаустикӣ дар «Тоҷикхимпром» ба маротиб афзоиш меёбад ва он натанҳо эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи тоҷик, балки бисёр давлатҳоидигари истеҳсолкунандаиалюминий ва маҳсулоти нафтиро метавонад қонеъ гардонад.

Ба андешаи коршиносон захираҳои фаровонибоксид, антротсид ва нифиллин, ки ашёи хоми асосӣ барои истеҳсолигилхок ва алюминий мебошанд ва ҳамчунин талаботи рўзафзун ба алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ ин лоиҳаҳоро барои сармоягузорони хориҷӣ хеле шавқовару ҷолиб намудааст.

Таъкид гашт, ки дар натиҷаи ин тадбирҳо дар зарфи якуним дусолиоянда дар ноҳияи Ёвон 15-20 ҳазор ҷойҳои навикорӣ дар соҳаи саноат муҳайё мегарданд, ду сехи дигари Ширкати алюминийи тоҷикниз ба кор дароварда мешаванд, истеҳсоли алюминий ва моддаҳои гуногуникимёвӣ ба маротиб зиёд шуда, хароҷотиистеҳсолии онҳо хеле поён меравад.

Бояд таъкид дошт, киШиркати алюминийи тоҷикимрўз танҳо бароиаз кишварҳои дури хориҷкашонданигилхок ҳар сол 100 миллион доллари амрикоӣ сарфмекунад.Баъди татбиқи лоиҳа бошад,истеҳсолигилхок аз ашёи хоми ватанӣ ба роҳ монда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмондастур дод, ки барқарорсозии Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром», афзоиш додани иқтидори Маркази истеҳсоли барқу гармии Ёвон, бунёди корхонаҳои навикриалиту гилхок, корхонаҳои намаку оҳак, роҳиоҳани Душанбе-Ёвон ва нерўгоҳиобии Шўроб дар маҷмўъ ба роҳ монда шуда, бояд дар муддатикўтоҳ анҷом ёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон ҳамчуниназ Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром дидан кард.

Маълум шуд, ки корхона айниҳол бо 27 фоизииқтидораш кор карда, хлоримоеъ, содаи каустикӣ ва оҳаки хлордористеҳсол мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонсупориш дод, ки барқарорсозии пурраи корхона дар зарфи якуним сол анҷом дода шавад ва бароикори бемонеаион дастрасиидоимии ашёи хомаш, яъне намак ва оҳак пайваста таъмин карда шавад.

Зимнибоздид маълум шуд, ки аз сармоягузорон ва саҳмдоронихориҷӣ имрўзтанҳо шарикони эронӣ ба кориамалӣ шурўъ намуда, аллакай як сехи электролизиро ба кор омода кардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонтугмаропахш намуда, ба кориин сех оғози расмӣ бахшид. Зикр гардид, ки баъди пурраба кор даромаданикорхонатанҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони эронӣ истеҳсоли фаровони хлор, содаи каустикӣ, гипохлориди натрий ва калсий,этилен, дихлорид ва кислотаи сулфат ба роҳ монда мешавад. Таъкидгардид, ки баъди пурраба кор даромаданикорхона дар он 4,5-5 ҳазор кас бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин бо рафти сохтмоникорхонаи азими ресандагӣ, бофандагӣ ва дўхти либос, ки аз ҷониби ширкати ватании Хима дар ҳамкорӣ бо ширкатииталиявии Тексита бунёд меёбад, иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки сохтмони марҳилаи якуми он то охири сол анҷом ёфта, коргоҳиресандагиашбо иқтидори коркарди4 ҳазор тонна нахи пахта дар яксол ба кор шурўъ мекунад. Дар ин коргоҳ200 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Сохтмоникоргоҳи бофандагӣ моҳи январисолиоянда ва дертар бунёди коргоҳи дўхти либос низ оғоз меёбад.

Роҳбари ширкати Хима Исматулло Ҳаёев гузориш дод, ки корхона дар соли 2010 пурра ба фаъолият шурўъ намуда, дар ҳамаи коргоҳҳои он қариб 1000 кас бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор шурўъ намудани як мағозаи нави китоб иштирок намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон китобдорию китобхониро аз суннатҳои бостонии миллати фарҳангии тоҷик арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки баҳри ба аҳолӣ, пеш аз ҳама мактаббачагон дастрас намудани китобҳои дарсию бадеӣ, рўзномаю маҷалла, либоси мактабӣ ва дигар ашёи зарурӣ бояд пайваста корҳои зарурӣ анҷом дода шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонииРуқияи ноҳия ташриф оварда, бо аъзои хоҷагӣ сўҳбати дилнишин анҷом дод ва онҳоро ба истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ баҳри беҳ намудани рўзгори худ ҳидоят намуд.

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, тухмии анвои гуногуни сабзавот ва зироатҳои полезию лўбиёгӣ ва ҳамчунин техникаи мухталифи кишоварзӣ шинос шуда, ба масъулин баҳри кўмак расондан ба деҳқонон дар амалӣ намудани кишти такрории заминҳои обӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ёвон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқононию фермерӣ сўҳбати ошкору самимӣ анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Ёвонро оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи якуми соли равон шунида, ба ў ва фаъолони ноҳия баҳри афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, пурсамар истифода бурдани заминҳои корам ва саҳмгузории намоён дар фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ҳамчунин аз вагонҳо баровардани 10 мактаби ноҳия дастуру ҳидоятҳо дод.

Зимни сўҳбати дилнишин аён шуд, ки деҳқонони асил ва кулли мардуми заҳматкаши ноҳия муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар чун дастури кори созанда пазируфта, баҳри баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ камар мустаҳкам бастаанд.

Аз ҷумла Раиси Шўрои уламо ва имом-хатиби вилояти Хатлон эшони Саидҷон Маҳмудов дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо иброз дошт, ки як мактаби 9 –сола дар ноҳия сохта, ба истифода медиҳад. Ҳамчунин зикр намуд, ки ў дар 100 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ бунёд намуда, дар 40 гектараш гандум ва 60 гектари боқӣ пунбадона кишт кардааст.

Чунонки шиносоӣ бо кори хоҷагии деҳқонии «Ҳазрати Сорбон» нишон дод, дар воқеъ эшони Саидҷон Маҳмудов дар кори кишоварзӣ ба нишондодҳои назаррас ноил гаштааст ва кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ходимону олимони динро низ ба меҳнати созанда ҳидоят мекунад.

Дар ин хоҷагии деҳқонӣ 60 нафар аъзо пурсамар кор мекунанд ва аз самараи меҳнати худ қаноатманданд.

Аз кору заҳмати сазовори таҳсини ў роҳбарият ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсояаш низ рўҳу илҳом гирифта, бо самараи дучанд фаъолият мекунанд.

Суханронии имрўзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Ёвон, ки дар ҳузури як қатор аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию вилоятӣ ва бонкҳои саҳҳомии кишвар сурат гирифт, бори дигар собит намуд, ки рафти тамоми корҳои истеҳсолӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ободонию шукуфонии кишвар таҳти назорат ва ғамхории доимии ў қарор дорад. Бояд таъкид дошт, ки имрўз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирию пуштибонии васеъи аҳли ҷомеа қарор гирифта, барои бартараф намуданимушкилоти муваққатӣ ва таъмини пешрафту шукуфоии кишвар заминаи воқеӣ эҷод кардааст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
oikp
02.05.2008 22:44
Гость
IP:NA
Шояд чаноби олй ба минбар барояд, як нафаси чу?ур гирад ба ?ама якояк ниго? кунад ва “бор барака!” гуён паём ди?ад, ки

бародарон, ман як де??онзодаам. Ба сиёсат аслан сари коре надорам. ?ами?а сол сари мара гаранг кардед, бас. Агар ичозат ди?ед, дар Дан?ара якта бо? дорам. Худатон медонед, ки ман ни?олшинониро аз ?ама зиёдтар дўст медорам. Рухсат ди?ед, бираваму ба бо?парварй маш?ул шавам. Валло?, бахудо барои ?ар кадомат ?ар сол як яшик себу анор мефиристам. Рухсат ди?ед, ман ба истеъфо равам. Дидед ку, ?амин ?адар вая вай кардам вай нашуд. Агар вай вай кунеду вай нашавад, тамоми вай кардан?о як вайи бекора…”

BOBO
02.05.2008 10:15
Гость
IP:NA

EMOMALI HAIVONALI

HALQA TO KAI AZOB METI

PENSIYA NAMEBUROI


Обсуждение в Facebook:




Главные новости

14.1216:48Автоблоггер из Душанбе решил проблему плохого бензина
14.1211:57"Я не мог больше терпеть побоев и убил отца"
14.1211:17В Таджикистан Каромата Шарипова привезли на инвалидной коляске
14.1209:23Мука с молью. Глава мукомольной компании предстанет перед судом
14.1206:36Главный коммунист Душанбе подозревается в мошенничестве


Самое обсуждаемое

13.1213:51Российский Совет при президенте России по правам человека заступился за Шарипова(3)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156258