Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.05.200812:32

Базми назм

Шаҳринав, 12 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). - Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба соли забони тоҷикӣ ва 1150 – солагии Одам – уш - шуаро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав базми шеъри яке аз шоирони ҷавону умедбахш Маъруф Ниёзӣ баргузор гардид.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳи шоир Салим Ҷонзода ҳусни оғоз бахшид. Сипас, раиси ноҳия Раҳматуллои Пӯлод, раиси бахши ҳисории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоири маъруф Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ, устоди Донишгоҳи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ҷобиров, муҳаррири телевизионии ҷамъиятии «Регар» Файзалӣ Холов ва дигар намояндагони илму адаб оид ба ашъори ӯ ибрози ақида карданд.

Маъруф Ниёзӣ шоирест, ки ҳофизони машҳури водии Ҳисор ба зиёда аз 30 шеъри ӯ оҳанг бастаанд. Маъруф Ниёзӣ хатмкардаи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон буда, айни ҳол сармуҳандиси корхонаи таъмирию сохтмонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст. Китоби нахустини ӯ бо номи «Эҳсони дил» соли 1995 аз чоп баромада, се китоби дигари ӯ омодаи нашр аст. Дар базми назм, ки воқеан ба маҳфили ширу шакар табдил ёфт, ҳофизони машҳур Карим Назаров, Меликмурод Болтаев, Ашуралӣ Собирзода, Сунатулло Неъматов ва дигарон бо сурудҳои дилнишини хеш маҳфилро хотирмон карданд.

Инчунин хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 35 –и ноҳия аз ашъори Маъруф Ниёзӣ порчаҳо қироат карданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0412:36Таджикистан потребовал финансовых гарантий от российских систем денежных переводов
26.0409:16Доллар стабильно растет, Сомони стабильно падает
26.0408:46Таджикистан продолжает искать источники финансирования Рогунской ГЭС
25.0414:58Душанбе затопило в результате получасового ливня


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312596