Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.05.200818:32

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

 Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба ҶумҳурииҚазоқистон рафт.

          Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни ҳавлии қасри Акордаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар вохўрии хоссаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ва гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, ки ба густариши ҳамкории гуногунҷанба асоси воқеӣ мегузоранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Нурсултон Назарбоев аз мўҳтавоиробитаҳои ду кишварбаҳои баланд дода, Тоҷикистонрошарики боэътимоди сиёсии кишвари худва Эмомалӣ Раҳмонро дўсти худу мардуми Қазоқистон маънидод кард.

Омодагии ду ҷониб баҳри таъсис додани Шўрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, Шўрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Фонди муштараки сармоягузорӣ,ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври ҷидди рў овардани бонкҳо ва сармоягузорони Қазоқистон ва ба маротиб афзоиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот натиҷаи ҳамин робитаҳо ва нишонаи ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Зикр гашт, ки дар зарфи панҷ соли охир ҳаҷми мубодилоти мол се баробар афзоиш ёфтааст

Нурсултон Назарбоев ба аъзои Ҳукумати кишвараш дастур дод, ки лоиҳаи сохтмони роҳи оҳану мошингарди Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон ва бунёди хатти 500 киловолтаиТоҷикистон- Қирғизистон-Қазоқистонроҷиддан мавриди омўзиш қарор диҳанд ва таъкид намуд, ки ин барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ пурманифат аст.

Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истифодаи захираҳои обӣ ва саноати металлургӣ низ умедбахш маънидод гашт.

Зикр гардид, ки ҷониби Қазоқистон дар тоза кардани обанбори Қайроқум иштирок намуда, саҳми худро дар таҷдиди кори ин иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ мегузорад. Бо дастгирии молиявии Қазоқистон ҳамчуниндар болои дарёи Хингоб як нерўгоҳи обии барқӣ бунёд хоҳад ёфт.

Ҳамкории байни Ширкати алюминийи тоҷик ва як қатор корхонаҳои саноатии Қазоқистон густариш хоҳад ёфт.

Ҳарду ҷониб устувории мавқеи худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид намуданд.

Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ роҳи муҳимми пешрафту тараққиёти кулли кишварҳои ин минтақа маънидод гашт.

Сарони ду давлат ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гуфтугўйи судманд анчом доданд.

Аз рўйи натиҷаҳои гуфтушуниди расмӣ ва мувофиқаҳои бадастомада дар охир имзои санадҳо 8 санади муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;

Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси шўрои байнидавлатии ҳамоҳангсозииҶумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонва Шўрои вазирони корҳои хориҷииҶумҳурии Точикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон.

- Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди хизмати давлатӣ байни Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва варзиш байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Созишнома дар бораи таъсиси Фонди инвеститсияҳои мустақими Қазоқистону Тоҷикистон;

Зимни нишасти матбуотӣсарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоеваз натиҷаҳои гуфтушунидҳои расмӣ ва ба имзо расидани санадҳои муҳимми ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба зарурати таъсис додани як созмони муттаҳидсозандаи имконоти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қазоқистон ҷонибдорони устувори рушди ҳамкории гуногунҷанбаи минтақавӣ мебошанд ва омодагии худро бо тадбирҳои мушаххаси амалӣ пайваста собит месозанд.

Нурсултон Назарбоев таъкид дошт, ки Қазоқистон омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз ҷумла «Роғун» дар ҳама шаклҳои имконпазир иштироки фаъол дошта бошад.Ў ҳамчунин таъкид дошт, киҚазоқистон барои таъмини Тоҷикистон бо ғалладона ва маводи сухт саҳми арзандаи худро мегузорад.

Аз ҷониби Президенти Қазоқистон ҳамчунин таъкид гардид, ки имсол дар муассисаҳои олии таълимии ин кишвар100 ҷой барои донишҷўёни тоҷик ҷудо мегардад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» телефонӣ - Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода иттилоъ дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156246