Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.05.200810:32

Суҳбати Сарвари давлат бо кадрҳои навтаъиншудаи Академияи илмҳои Кишоварзии Тоҷикистон

10 майи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарии институтҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ тадқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки таъминоти энергетикӣ ва озуқавории аҳолии сайёра ба ҷойи аввал баромадааст, ёдовар шуда, роҳбарият ва олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакатро ба кори пурмаҳсули илмию истеҳсолӣ, ба роҳ мондани робитаи доимӣ ва пурсамари байни илму истеҳсолот ва кӯмаки амалӣ ба кишоварзони ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.

Таъкид гашт, ки парвариши тухмиҳои серҳосили ғалладона, зироатҳои лӯбиёгию полезӣ, сабзавот, пахта ва растаниҳои дигари равғандор, бордоркунии сунъӣ ва хушзотсозии чорвои хурду калон, аз ҷумла чорвои аҳолӣ ҳам бояд васеъ ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидат ба зиёдшавии саршумори чорво зикр намуд, ки парандапарварӣ ва моҳипарварӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳозирин ҳамчунин вазифадор шуданд, ки баҳри таъмини пурраи тухмии картошка аз дохили кишвар ва тарғиби мардум ба кишти баҳорию тирамоҳии картошка ва кишти такрории сабзавоту лубиёгӣ дар заминҳои ғаллаи обӣ тадбирҳои судманд андешанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳосили ғалладона аз заминҳои обӣ бояд аз 50 сентнер аз як гектар кам набошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баҳри ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ, коркарди замин, истифодаи пурсамари нуриҳои органикию минералӣ, зиёд намудани саршумори чорвои хурду калони хушзот, аз ҷумла гӯсфандҳои ҳисорӣ, танкаронӣ, бузи ангорӣ, говҳои сермаҳсул, қутос ва барои истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Хотиррасон бояд кард, ки масоили рушди соҳаи кишоварзӣ, дар амал татбиқ намудани таҷрибаҳои пешқадами илмию истеҳсолии соҳа, афзоиш додани истеҳсоли маводи   ғизоӣ, фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти назорат ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин хотир масоили вобаста ба Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тайи як соли охир 4-5 маротиба аст, ки бевосита дар назди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ мегардад.

Дар ин муддат ҳисоботи Президенти академияи мазкур ва директорони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии он шунида шуд, сохтори академия дигар гашт, шумораи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз 14 то 8 адад кам карда шуд ва ба вазифаҳои роҳбарии он имрӯз кадрҳои ҷавону умедбахш таъин карда шуданд.

Зимни сӯҳбат таъкид гардид, ки кадрҳои нав таъиншуда, баъди як сол аз рӯйи нишондодҳои илмию истеҳсолии бадастовардаашон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот хоҳанд дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0711:15В Согде мужчина избавился от беременной возлюбленной: задушил, сжег, закопал
22.0711:00Бюльбюль-оглы в Таджикистане
22.0710:06Двое жителей Истаравшана подозреваются в спланированном убийстве
22.0708:39Пассажир авиарейса Душанбе-Москва пытался пронести в самолет 2,5 млн. российских рублей(1)


Самое обсуждаемое

21.0715:22Будь в тренде! Так может выглядеть каждая таджичка(3)
21.0713:55«Часы Путина» ушли с молотка за миллион евро(2)
19.0713:41Россия экстрадировала в Таджикистан дезертира(2)
21.0711:18Минкультуры разрабатывает образцы исконно таджикской одежды(2)
22.0709:37При авиаударе США погибли 15 афганских военных(1)
21.0716:47Три сотрудника МВД уволились, не захотев отказываться от российского гражданства(1)
22.0708:39Пассажир авиарейса Душанбе-Москва пытался пронести в самолет 2,5 млн. российских рублей(1)
21.0713:45В Таджикистане запретят фото- и видеосъёмку ЧП и стихийных бедствий(1)
22.0711:11Рахмон поздравил новоизбранного президента Индии(1)
21.0713:15В столице свои двери открыло второе кафе «Шоколадница»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156306