Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.05.200813:32

Тантанаҳо бахшида ба 63 – солагии Ғалаба

           Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Салоҳзода Аҳлиддин).- Дар боғи Ғалабаи пойтахт бахшида ба 63 – юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 бо иштироки собиқадорон, ҷузъу томҳои низомӣ ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва атрофи он тантанаҳои идона баргузор гардид.

Нахуст дар маросими кушодашавии ин чорабинии муҳими сиёсӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев суханронӣ намуда, иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, корнамоии ҷанговаронро намунаи олии ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ арзёбӣ кард ва ҷонфидоиву далерӣ, қаҳрамониҳои родмардон ва хизматҳои шоистаи онҳоро бузург ва бемислу монанд маънидод намуд.

Баъди маросими кушодашавии тантанаҳои идона иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сухан баромада, дар бораи воқеа ва ҳодисаҳои ин ҷанги хунин, ҳамчун шоҳидони айнӣба ҳозирон маълумот пешниҳод карданд.

Дар суханрониҳои ҳар як баромадкунанда эҳсоси ватандӯстиву муҳаббат ба ҳар порча хоки меҳан, ҳифзи марзу буми кишвари азиз ва гиромӣ доштани тинҷинву оромии мамлакат бараъло ҳувайдо буд. Ин пирони рӯзҳои сахти ҳаётро дида, зимни суханрониҳои хеш сулҳу ваҳдати саросарии ҷумҳурии моро, ки ба шарофати хидматҳои содиқонаи фарзандони барӯманди Ватан ба даст омадааст, аз дастовардҳои бузурги инсоният арзёбӣ карданд.

Сипас, чун рамзи гиромидошти хотираи қаҳрамонони ин ҷанги мудҳиш гузашти низомӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир, таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зоҳир намудани ғамхорӣ ба иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ торафт бештар мегардад. Аз ҷумла, расонидани кӯмакҳои гуногуни моливу пулӣ ба онҳо аз нишонаҳои қадрдонии ин заҳмату хидматҳои падарону бобоёни мо мебошад. Тавре маълум аст, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки ба муносибати ҷашни 63 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми 350 сомонӣ ба 4147 нафар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣва оилаҳоибесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, 1 451 450 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.

Тавре мо шоҳид гаштем, ин Амри Сарвари давлатамон дар рӯзҳои таҷлил аз иди Ғалаба амалӣ шуд. Ин амали хайри Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишварро метавон як навъ ғамхории навбатӣ ба ин табақаи ҷомеа унвон кард.

Аз шумораи нафароне, ки аз Ҷумҳурии мо дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок намуда буданд, зиёда аз 60 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гаштаанд. 18 нафари дигар дорандагони се дараҷаи ордени Шараф мебошанд. 34 ҳазор бошанд, бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудаанд.

Имрӯз низ бо гузашти солҳои зиёд ин ғалабаи бузургро бо шукӯҳу шаҳомат ва ботантана истиқбол мегиранд. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гули сари сабади ҳар маҳфилу ҷамъомадҳо буда, барои ҳама азизу мӯътабаранд ва онҳо ҳамчун шоҳидони аслии ин ҷанги хонумонсӯз ва чун пораи таърихи зинда барои мо муқаддасанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (4)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0316:50Лукашенко назвал Путина родным братом
28.0316:35Землю под «резиденцию Дмитрия Медведева» арендовали за 40 рублей в год
28.0314:37Секретный лимузин Путина засекли в Швеции
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России(1)
28.0314:15В Москве убит начальник строительного управления МВД


Самое обсуждаемое

27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(3)
28.0307:45Пилькевич: «Подлые люди тут не задерживаются…»(1)
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России(1)
28.0309:32ТАЛКО и РУСАЛ окончательно помирились(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266