Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

13.05.200815:33

М. УбайдуллоевКВД «Обу корези Душанбе» бояд ба муштариёни худ хизматрасонии шартномавиро ба роҳ монад»

Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», МарзияСаидова). - БароитаъхирёфтанииҷроиқароридахлдориМаҷлисивакилонихалқишаҳриДушанбедарбораитариқишартномаидуҷонибабайнихизматрасонвамуштарӣбароҳмонданифаъолиятиКВД «ОбукорезиДушанбе» бахотиритаъминиҳимояиҳуқуқиистеъмолкунандагоноидбадастрасӣбаобинӯшокӣраисишаҳриДушанбеМаҳмадсаидУбайдуллоевдарҷаласаишаҳрӣбароҳбариинсубъектихизматрасонишаҳрӣА. Табаровдастурдод, кидармӯҳлатиякмоҳбоҷалбитамомипотенсиаликорхонашартномаҳоимутақобиларобаимзорасонад. Зеро то имрўзаз 129021 муштарии корхона бо 4021 муштарӣ, ки ташкилоту муассиса ва корхонаҳо мебошанд шартномаҳо баста шуда, бо 25 ҳазор муштариён, ки аҳолиро ташкил медиҳад, хизматрасонии шартномавӣ ба роҳ монда нашудааст.

Дар ҷаласа ҳолати истифодаи мақсадноки замин, пешгирии ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар ҳудуди пойтахт ва мусоидати ҳамаҷониба ба рушди сохтмони гуногунтаъинот дар асоси Нақшаи генералии шаҳр низ баррасӣ гардид.

Бо анҷоми таҳлилҳои мушаххас Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақсади дастгирии соҳибкорӣ дарсамти сохтмон, инчунин пешгирии бюрократия дар баррасии муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ оид ба сохтмон аз прокурори шаҳр даъват ба миён овард, ки ҳар семоҳа фаъолияти низоми баррасии соддакардашудаи «Равзани ягона»-ро дар дастгоҳи Раиси шаҳр мавриди санҷиш қарор диҳад.

Ҳамзамон, таъкид сохт, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2008 баҳри пешбурди фаъолият ва ташкили ҷойҳои нишасти иловагӣ дар муассисаҳои тобеи системаи маорифи пойтахт, шаҳрдорӣ аз соҳибкорон даъват ба миён меорад, ки дар бунёди мактаб ва муассисаҳои томактабии хусусӣ фаъолона ширкат варзанд.Дар сурати воридоти чунин муроҷиатҳо аз ҷониби дилхоҳ субъект, омодааст бо ҷудо намудани қитъаи замин ҳамчун имтиёз фармоишгарро аз пардохти андозҳои маҳаллӣ озод намояд.

Зикр ёфт, ки бо инобати фарорасии фасли гармо низоми барориши партовҳои маишӣ аз шаҳраку маҳаллаҳоро раисони ноҳияҳо тақвият бахшида, ҳолати санитарию экологии пойтахт мавриди санҷишидоимии сохторҳои назоратии давлатӣ қарор дода шавад.

Бароисаривақт омодасозии тамоми ҷузъу томҳои шаҳрдорӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008 -2009 муқаррар гардид, кори анҷомдодаисохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ҳар ҳафта дар ситоди шаҳрӣ таҳти раёсати Раиси шаҳр ҷамъбаст гардида, потенсиали аҳли ҷамоатчигӣба ин маърака ба таври васеъ ҷалб карда шавад.

Зимни баррасии гузориши раиси комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе М. Ҷабборова дар бораи ҳолати иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 27 декабри соли 2007 ҷиҳати то 1 июни соли 2008 мутобиқгардонии тамоми шиору овезаҳои шаҳр ва кулли субъектҳои хоҷагидории муқими пойтахт ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» муқаррар карда шуд, ки бо ташкили кори ҳаррӯзаи комиссияҳои ноҳиявӣталаботи қарори мазкур 100 фоиз таъмин гардад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

06.1218:15Узбекистан отменяет визы для туристов из 27 стран
06.1215:55Афганистан проведет расследование связей талибов с Россией и Ираном
06.1215:50В Душанбе вынесен приговор троим мужчинам, убившим и расчленившим женщину
06.1215:479 лет тюрьмы за неудачный "киднеппинг"


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(4)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156243