Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

13.05.200810:33

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев дар Остона

12 майи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди расмӣ ба Ҷумҳурии  Қазоқистон рафт.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни ҳавлии қасри Акордаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар вохӯрии хоссаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ва гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣшуд.

Ҷонибҳо аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, ки ба густариши ҳамкории гуногунҷанба асоси воқеӣ мегузоранд, изҳори қаноатмандӣ
карданд.

Нурсултон Назарбоев аз м
ӯҳтавои  робитаҳои ду кишвар  баҳои баланд дода, Тоҷикистонро  шарики боэътимоди сиёсии кишвари худ  ва Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти худу мардуми Қазоқистон маънидод кард.

Омодагии ду ҷониб баҳри таъсис додани Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Фонди муштараки сармоягузорӣ,  ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври ҷидди рӯ овардани бонкҳо ва сармоягузорони Қазоқистон ва ба маротиб афзоиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот натиҷаи ҳамин робитаҳо ва нишонаи ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Зикр гашт, ки дар зарфи панҷ соли охир ҳаҷми мубодилоти мол се баробар афзоиш ёфтааст.

Нурсултон Назарбоев ба аъзои Ҳукумати кишвараш дастур дод, ки лоиҳаи сохтмони роҳи оҳану мошингарди Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон ва бунёди хатти 500 киловолтаи  Тоҷикистон- Қирғизистон-Қазоқистонро  ҷиддан мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва таъкид намуд, ки ин барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ пурманифат аст.

Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истифодаи захираҳои обӣ ва саноати металлургӣ низ умедбахш маънидод гашт.

Зикр гардид, ки ҷониби Қазоқистон дар тоза кардани обанбори Қайроқум иштирок намуда, саҳми худро дар таҷдиди кори ин иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ мегузорад. Бо дастгирии молиявии Қазоқистон ҳамчунин  дар болои дарёи Хингоб як нерӯгоҳи обии барқӣ бунёд хоҳад ёфт.

Ҳамкории байни Ширкати алюминийи тоҷик ва як қатор корхонаҳои саноатии Қазоқистон густариш хоҳад ёфт.

Ҳарду ҷониб устувории мавқеи худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид намуданд.

Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ роҳи муҳимми пешрафту тараққиёти кулли кишварҳои ин минтақа маънидод гашт.

Сарони ду давлат ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гуфтугӯйи судманд анчом доданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1220:22Чего ожидает Душанбе от нового лидера Узбекистана?
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов
05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО
05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156219