Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.05.200818:33

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Лян Гуанле

Бегоҳии имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Лян Гуанлеро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот оид ба ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Чин гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Мардумии Чинро «ҳамсояи наздик ва дўсту шарики боэътимод» номида, изҳор дошт: - «таҳкиму тавсиаи робитаҳои дўстона бо Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст».

Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин изҳор доштанд, ки дурнамои робитаҳо боз ҳам умедбахшанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин баҳри дастгирии намоёни он аз таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар арзи сипосу миннатдорӣ карда, ба ҳамкориҳои мавҷудаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии ду кишвар баҳои баланд дод.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Чин асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷриба дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва сепаратизмом, расондани кўмакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвари мо ва омода кардани кадрҳои ҳарбӣ сурат мегиранд.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи масоили амнияти минтақавӣ ибрози назар карда шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре
24.0313:01В Душанбе состоится лазерное шоу
24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали(1)
24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми
24.0310:14Льготы от правительства: одной рукой дают, другой отбирают


Самое обсуждаемое

24.0307:03Сборная Таджикистана на последних минутах упустила победу над Бахрейном(2)
24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156278