Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.05.200808:33

Пайроҳаи ҳунарпеша

             Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Аслан ҳунарпешагони театру кино ва санъаткорони шинохтаро ҳангоми чунин мусоҳибаҳо барои матбуот муаррифӣ кардан зарур нест, зероонҳоро аллакай мешиносанд, медонанд. Зимни ин сӯҳбатиба истилоҳ сарироҳӣ бо Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Давлати Убайдуллокӯшиш намудем кӯтоҳтару мушаххастар саволу ҷавоб кунем. Бо чунин ашхос метавон соатҳои зиёд сӯҳбат намуд ва баҳраманд гашт. Вале серкории Давлатро дида, нахостам монеъи корҳои эҷодиаш шавам.

Манбо ин ҷавонмарди пурҳунару соҳибистеъдод, аз солҳои донишҷӯӣшинос ҳастам. Вале, ҳангоми ин сӯҳбат хостам як бори дигар бо пайроҳа ва шоҳроҳе,ки ин ҳунарпеша қадам зада меояд, хубтар шинос шавам:

-Давлат, ба фикрам пайроҳаи ҳунарии Шумо аз давраи мактабхонӣ оѓоз ёфт, ҳамин тавр не?

-Бале, вақтедар синфи5-ми мактаби миёнаи рақами 15-и ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳозираШоҳмансур)-и шаҳри Душанбе мехондам, яке аз асосгузорони театри имрӯзаи академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Латиф Латифов ба таълимгоҳи мо ташриф овард ва бо иқдоми он кас як гурӯҳи драммавӣ ташкил ёфт. Ман ҳам аъзои ин гурӯҳ будам ва зери сарпарастии ин ҳунарманди асил саҳначаҳо меоростем ва ӯ ба мо иҷрои нақшҳоро мефармуд. Аввалин маротиба нақши қаҳрамонони асарҳои устод Садриддин Айниро бозӣ кардам.

               Албатта, он ҳолатҳо ҳанӯз намедонистам ҳунарпеша чист ва чӣ қадар заҳматҳо дорад. Инро баъдтар, ҳангоми таҳсил ва фаъолияти кориам хубтар дарк кардам.

              -Рисолати хешро дар зиндагӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

              -Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

              Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

              Ин гуфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро метавон соатҳо шарҳ дод. Мухтасар фикри ман дар ин бора чунин аст, ки тақдири ҳар як шахс аз азал маълум аст. Яъне Худованд дар қалби ман ҳамин меҳри ҳунармандиро андохтааст ва ман бояд аз он шукргузорӣ кунам. Умуман, мо бояд кӯшиш кунем, то вақте ҳастем рисолати худро фаромӯш насозем.

              Албатта, дар зиндагӣ мушкилоти зиёде пеш меояд. Ҳамаи мушкилотро бояд одам сабурона, боақлона, боандешона, таваккал ба он Зоти пок бартараф кунад, кас бояд тавре зиндагӣ кунад, ки аз худ номи нек ва амали нек гузорад. Офаридгор накӯкоронро дӯст медорад. Тавре устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъкид намудааст, ҷаҳонро ба чашми хирад бояд бингарӣ. Аммо…

             -Нуктае аз пандномаи устод Рӯдакиро ёдовар шудед

             Ин ҷахонро нигар ба чашми хирад,

             На бад-он чашм, ки андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз то аз он гузарӣ.

              Шумо, Давлат киштие сохтаед?

              -Намедонам, то куҷо ин киштии мо ва ё дурусттараш киштичаи мо ба кадом андоза маҳкаму бегазанд аст, кӯшиш кардем. Он тарафашро Худо худаш медонад.Мо, аслан дар дохили киштием, ҷомеае, ки дар он умр ба сар мебарем мисли киштиест, ки болои баҳри бузург ҳаракат мекунад. Мо киштинишастагоне ҳастем, ки дар интизори боди муродем.

           -Ҳамин киштичаи шуморо каме ба қафо мегардонем. Накӯ кардан аз пур кардан аст, мегӯянд. Фаъолият ва зиндагии шахс аз кӯшишусаъю талоши ҳаррӯзааш низ вобаста мебошад.  Омӯхтани дарси зиндагӣ, аз пайи илму дониш шудан аз ҷумлаи вазифаҳои инсон аст. Пайѓамбари гиромӣ Муҳаммад (С) таъкид намудаанд: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ».

           -Манзури шуморо фаҳмидам. Ман баъд аз хатми мактаби миёна ба факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории пойтахт (баъдан Донишкадаи санъат) дохил шудам ва солҳои 1972-1976 таҳсил кардам. Баъди хатми донишкада маро барои кор ба театри драммавии ба номи Лоҳутӣ роҳхат доданд. Он ҷо акнун ба фаъолият пардохта будам, ки ба хизмати аскарӣ даъват карданд. Баъди анҷоми қарзи Ватан аз нав ба театр баргаштам, валеаз нав худро ба пайроҳаи илму дониш задам. Соли 1981 ба бахши коргардонии Донишгоҳи театрии шаҳри Ленинград дохил шудам. Давоми таҳсил дар ин донишгоҳи маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ аз бисёр устодони забардасти соҳаи театр сирру асрор ва нозукиҳои ҳунарпешагиро омӯхтам. Бахусус, зери сарпарастии Ҳунарманди Шоистаи РСФСР Александр Александрович Музил дониши ман такмил ёфт. Акнун мехостам зудтар ба диёри ҳамешабаҳорам баргашта, дар майдони ҳунар парвоз кунам, сайқали маҳорат намоям. Аммо, тӯли даҳ соли фаъолияти баъди хатми донишгоҳи Ленинград (солҳои 1986-1996) дар театрҳои лӯхтаки пойтахт, академӣ-драммавииба номи Лоҳутӣ ва ҷавонон, имкон надоштам, ки маҳорати худро дар коргардонӣ сайқал ва нишон диҳам. Хоҳиш мекунам тафсилоти инро аз ман напурсед.

           -Хайр, агар хоҳиши шумо чунин бошад, чӣ илоҷ. Аммо агар мумкин бошад, бигӯед, ки давоми ин даҳ сол ба чӣ корҳо машѓул будед?

            -Бале, фаъолият доштам, ба ҳайси ёрдамчии коргардон, ҳунарпеша, аммо на коргардон.  Сипас ҳангоме, ки ба театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рафтам, он ҷо ҳайати эҷодӣ ба ду гурӯҳ ҷудо буд. Он гурӯҳе, ки ман шомили он будам, баъдан театри худро таъсис дод, бо унвони «Аҳорун».

-Воқеан театри «Аҳорун» як муддат бо навовариҳои худ шӯҳратёр гашт?

-Дуруст, ин шӯҳрат дар натиҷаи заҳмату ҷустуҷӯҳои эҷодии роҳбарият ва ҳунарпешагон буд. «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», «Исфандиёр», «Даҷҷол» ва дигар намоишномаҳоро тамошобинони ҷумҳурӣ вахориҷа хуб қабул карданд.

-Бо ҳамин, ба фикрам дар фаъолияти коргардонии шумо ҳам давраи нав оѓоз ёфт ва ба бисёр мувафақиятҳои эҷодӣ комёб шудед?

-Дар ин миён, банда дар ҳамкорӣ бо ҳайати эҷодии театри мазҳакавӣ-мусиқии шаҳри Кӯлоб, соли 1994намоишномаи «Мири Кабир»-ро аз рӯи асари Муҳаммад Ѓойиб таҳия кардам. Баъдан соли 1996 то соли 2000 ба ҳайси саркоргардони театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият доштам ва намоишномаеро бо номи «Заволи Чамбули мастон» рӯи саҳна овардем. Бо ин намоишнома дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту»- соли 1997 иштирок карда, соҳиби шоҳҷоиза гардидем. Сипас аз рӯи асарҳои Ҷумъа Қуддус намоишномаҳои «Ҷазирбод»( Мазҳаби иблис), «Киштишикастагон»-ро рӯи саҳна овардем. Баъд ба театри маъруфи академикӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ маро ба сифати саркоргардон таъйин карданд. Маҳсули фаъолияти эҷодии ман ва аҳли театр намоишномаҳои «Вахшури ориёӣ» аз рӯи асари Нур Табаров, «Дон Жуан» аз рӯи асари Жан Батист Молер ва чанд намоишномаи дигар буд.

             Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо ҳайати эҷодии театрҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Конибодом ва Данѓара якчанд песаҳоро ба саҳна гузоштем.

-Мо хоҳони онем, ки комёбиҳои Шумова шумо барин эҷодкорони асил афзунтар шавад. Акнун мехостам доир ба як масъалаи вобаста ба театр ва тамошобин, ки гумон мекунам дар ҳама айём он боқист, суол кунам. Оё ман хато намекунам бигӯям, киҳам дар замони Шӯравӣ ва имрӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки тамошобинонро ба театр бо роҳҳои гуногун меоранд, онҳо худ кам меоянд?

-Суоли шумо ҷон дорад. Воқеан ҳам масъалаи ҷалби тамошобин дар ҳамон солҳои Шӯравӣ ҳам, ки театрҳо аз тамошобин пур буд, бо роҳи даъватҳои коллективона ва дигар роҳҳо ҳал мешуд. Имрӯз ҳам бисёриҳо бо хоҳиши худ ба театр намеоянд. Ин пурра айби театр нест. Ин ҷо бояд миёни театрҳои ҳирфаӣ (касбӣ) ҳунармандони ҳирфаӣ ва баръакс театр-студияҳои ҳаваскор ва ҳунарпешагони ҳаваскоре, ки имрӯз тамошобинони зиёдеро ба худ ҷал намудаанд, тафовутро дарк намуд. Дар театрҳои ҳирфаӣ бояд санъати бисёр воло тавлид ёбад, зебогию мазмуни баланду фалсафаи намоишномаҳои ин гуна театрҳо хеле баланд бояд бошад ва барои дидану дарк намудани онҳо тамошобини баландмаърифат лозим аст, шахсибофарҳангу нуктасанҷ лозим аст. Чунин шахсро кӣ тарбия мекунад? Оила, боѓча, мактаб, донишгоҳ, корхона, муассиса, ва тамоми ҷамъият. Яъне чунин тамошобин омода мешавад барои ба театр омадан, ин ҷо зинаест барои маърифати боз ҳам баландтар. Мутаассифона, баъзе зиёиён ҳангоми таҳлили мавзӯи зикршуда сабаби кам ба театр омадани мардумро дар намоишномаҳои суст мепиндоранд, ки ман бо чунин хулосаҳо пурра розӣ нестам. Бале, на ҳама намоишномаҳоба дараҷаи баланд таҳия шудаанд, ҳаст намоишномаҳои нисбатан суст, вале асарҳои зиёди баландмазмун дар театрҳои касбӣ рӯи саҳна омадаанд. Баланд будани ҳунари ҳирфаии театрҳо нишони мутамаддин будани ин ё он кишвар аст. Ман ҳунари ҳирфаӣ гуфта аҳли театрро дар назар дорам на овозхонҳову раққосаҳои тӯйгардро.

-Шумо аз зумраи аҳли эҷоди ду айёмед, яъне даврони Шӯравӣ ва даврони Соҳибистиқлолӣ. Дар соҳаи театр дар ин ду айём чӣ тафовут аст?

-Замони Шӯравӣ ҳам паҳлӯҳои хуби зиёд дошт. Аммо ҳоло, ки ҷумҳурии мо соҳибистиқлол аст, имконоти коргардонҳо, драмматургон ва ҳунарпешагон зиёдтар шудааст. Имрӯз ихтиёри интихоби мавзӯъ хеле васеъ аст. Боиси хушист, солҳои истиқлолият бисёр асарҳои ирфонӣ- ганҷинаҳои маърифати баланди мо чӣ тавассути китобҳои алоҳида, филмнома ва асари саҳнавӣ ба мардум пешкаш мешавад ва ягон монеае вуҷуд надорад. Аҳли илму ҳунар дар ин ҳолатҳо агар аз ҷиҳати иқтисодӣ дастгирӣ ёбад, метавонад асарҳои арзишмандтаре ба аҳли ҷомеа пешкаш кунад.

           - Имрӯз шумо дар театри маъруфи академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият доред. Хоҳиш мекардам каме дар ин бора ҳарф занед.

            -Ба чашм, хеле хушҳолам, ки дар миёни чунин як коллективи воқеанҳунарпешагони касбӣ ва боистеъдод кор мекунам ва тавре дар боло зикр кардем, имконоти зиёде низ фароҳам омадааст. Ин шабу рӯз ду намоишномаи ҷолиб омода гаштааст, яке аз рӯи асари машҳури Ҷалолиддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ» (коргардон Ҷарронии Нуриддин) ва дуюмӣ асари драмнависони чиноӣ бо номи «Раъду барқ»(коргардон устод Хушназар Майбалиев), киаз нимаи дуюми моҳи май ба тамошобинон пешкаш хоҳад шуд. Мо ба ҷашни 1150 солагии Маликушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ омодагии ҷиддӣ мебинем. Кори басаҳнагузории намоишномаи «Рӯдакӣ» аз рӯи асари Сотим Улуѓзода оѓоз шудааст. Дар ин робита мавриди зикр аст, ки банда намоишномаи «Офтоб омад, далели офтоб»-ро аз рӯи асари Ѓаюр Ашӯров, бахшида ба 1150 солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб таҳия кардам. Ин намоишнома дар доираи барномаи омодагӣ ба ҷашниРӯдакӣ нахустин асари саҳнавиест, ки дар миёни театрҳои касбӣ омодаву рӯзҳои наздик пешкаши тамошобинон гардонда мешавад.

           Баъди пешкаши тамошобинони шаҳри Кӯлоб гардондан, ҳунарпешагони театр бо ин намоишнома нияти ба вилояти Суѓд сафар карданро доранд.

            Вақти сӯҳбат ҳар лаҳза аз як гӯшаи саҳна борҳо ҳамкорони Давлат ӯро ишора мекарданд, ки интизораш ҳастанд. Бинобар ин мо ноилоҷ сӯҳбатамонро ин ҷо қатъ кардем ва Давлат самимонахайрухӯш карда, сӯӣ ҳамкорон шитофт. Аслан, Давлати Убайдулло мехост сӯҳбати мо дар боби рисолати инсонӣ ва равиши эстетикии театри тоҷик бошад. Ин мавзӯъро дар сӯҳбати оянда матраҳ хоҳем кард.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(4)


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(4)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156246