Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.05.200814:33

Рӯзи бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ дар Душанбе

           Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 май ҳамасола дар саросари ҷаҳон, ба вижа кишварҳои форсизабон Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ таҷлил мегардад. Дар робита, 14 май дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе бахшида ба Рӯзи гиромидошти муаллифи асари безавол- «Шоҳнома» -Абулқосим Фирдавсӣ маҳфили бошукӯҳи «Шоҳномахонӣ» доир гардид.

Дар маҳфил Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии ТоҷикистонАлиасғар Амир Шеърдӯст, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шамсиддин Нуриддин, раиси Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Қаҳрамон Сулаймонӣ ва донишманди шинохтаи тоҷик Валӣ Самадроҷеъ ба нақшиАбулқосими Фирдавсӣва аҳамияти асари оламшумули ӯ -«Шоҳнома» табодули назар карданд. Зикр шуд, ки Ҳаким Фирдавсӣ бо асари безаволи худ дар ташаккули адабиёти ҷаҳон нақши бузург гузошта аст. Ин аст, ки бо гузашти беш аз 1000 сол дар тамаддуни башарӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ асолати аслии худро гум накарда, ҳамчун Кохи бегазанд побарҷост. Тарҷума ва нашри «Шоҳнома» ба забонҳои гуногуни халқҳои дунё худ шаҳодати бузургии ин шоҳасар ва шоир аст. Бояд зикр кард, ки дар пояи «Шоҳнома» адабиёти шифоҳии халқҳои эронинажод густариш ёфта, дар он фазилатҳои неки инсонӣ хирадмандӣ, ватандӯстӣ, садоқат, дӯстиву рафоқат, далерию шуҷоат ва амсоли онҳозикр гардидааст. Фирдавсӣ дар давоми 30 соле, ки ин асари безаволро навишта буд, худро ҳамчун донандаи беҳамтоитаъриху фарҳанги бои халқҳои эронинажод, достонҳоиқаҳрамонии давраҳои қадим, урфу анъанаҳои қадимии халқи худ ва устоди забардасти забони шевои форсӣ муаррифӣ сохта аст.

Алиасғар Амир Шеърдӯст зимни суханронии худ гуфт, киРӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар зодгоҳи шоир –шаҳри Тӯс, Машҳаду Теҳрон, Балху Ҳирот ва дигар марказҳои илмию фарҳангии форсизабонон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ ҷашн карда мешавад. Таҷлили ин санаи фархунда дар ноҳияи Фирдавсии Душанбева чанд сол муқаддам қомат афрохтани муҷассамаи Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари пойтахти Тоҷикистон- Душанбе шаҳодати бузургии Фирдавсӣ ва шоҳасари безаволи ӯст.

Дар фарҷом толибилмони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт «Шоҳномахонӣ» карданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1207:14Шавкат Мирзиёев побеждает на выборах президента Узбекистана
05.1207:08А не продать ли нам ГУПы? - 2
05.1206:54На выборах президента Узбекистана проголосовало около 88% избирателей
05.1206:15Прокуратурой города Душанбе выявлены факты нарушения прав потребителей электроэнергии
04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312513