Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.05.200815:33

Рӯзи дави миллӣ

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). 17 майи соли ҷорӣ бахшида ба соли олимпӣ ва Рӯзи ҷавонон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, маҳаллаҳои аҳолинишини мамлакатРӯзи дави миллӣ гузаронида мешавад.

Ин чорабинӣ чанд сол боз ба ҳукми анъана даромадааст. Мақсади он инкишофи ояндаи ҳаракати олимпии мамлакат ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳаракати байналхалқии олимпӣ, оммавӣ гардонидани варзиши сабук ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Шаҳри Душанбе маркази баргузории Рӯзи дави миллӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад. Дар пайгаи умумӣтамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷии муқими ҷумҳурӣ, кормандони сафоратхонаҳо, намояндагиҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Дави миллӣ дар масофаҳои 3, 5, 10 километр гузаронида мешавад. Пиронсолон, кӯдакон вамаҷрӯҳон метавонанд масофаи дилхоҳи худро бо роҳгардии оддӣ, ё ки роҳгардии варзишӣ тай намоянд. Ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ бояд маълумотномаимуассисаи тиббиро дошта бошанд.

Роҳбарии умумии баргузории Рӯзи дави миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он гузошта шудааст.

Ғолибони пойга бо дипломҳоиҚумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кардамешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1211:38Реабилитирован экс-руководитель Узбекистана, проходивший по «Хлопокому делу»
09.1210:16В Таджикистане смягчен энерголимит
09.1210:07Российские Су-25 перебазировались из Киргизии в Таджикистан
09.1210:03Обогатительный комбинат, строящийся в Истиклоле, заработает в следующем году
09.1209:22Синоптики прогнозируют снег в субботу


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262