Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.05.200808:33

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон

            Рӯзҳои 12 ва 13 – уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошт.

Тоҷикистону Қазоқистон анъанаҳои қавию густурдаи дӯстию ҳамкорӣ ва робитаҳои барои ҳарду ҷониб судманд доранд, ки дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо мавриди арҷгузории пайваста қарор мегиранд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Остона аз фазои гуворои истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аён буд, ки ҳарду ҷониб ба ин сафар омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Қатори мошинҳои ҳайати расмии давлати Тоҷикистон бо ҳамроҳии мотосиклҳо аз фурӯдгоҳ ҷониби қасри Акордаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон равон шуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин қаср баргузор гашт.


 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт.


Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколии сафарҳои расмӣ бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб, саф оростани горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он ва садо додани сурудҳои миллии ду давлат ҷониб ҷараён гирифт.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баъди анҷоми маросими истиқбол нахуст дар вохӯрии хоссаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев баррасӣ шуд.

Нурсултон Назарбоев ба мӯҳтавои робитаҳои ду кишвар баҳои баланд дода, Тоҷикистонро шарики боэътимоди сиёсии кишвари худ арзёбӣ кард.

Ҷонибҳо аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, ки ба густариши ҳамкории гуногунҷанба асоси воқеӣ мегузоранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Омодагии ду ҷониб баҳри таъсис додани Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Фонди муштараки сармоягузорӣ,  ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври ҷидди рӯ овардани бонкҳо ва сармоягузорони Қазоқистон ва ба маротиб афзоиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот натиҷаи ҳамин робитаҳо ва нишонаи ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Зикр гашт, ки дар зарфи панҷ соли охир ҳаҷми мубодилоти мол се баробар афзоиш ёфтааст

Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истифодаи захираҳои обӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноати металлургию кӯҳӣ ва фарҳангу маориф низ умедбахш маънидод гашт.

Зикр гардид, ки ҷониби Қазоқистон дар тоза кардани обанбори Қайроқум иштирок намуда, саҳми худро дар таҷдиди кори ин иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ мегузорад. Бо дастгирии молиявии Қазоқистон ҳамчунин  дар болои дарёи Хингоб як нерӯгоҳи обии барқӣ бунёд хоҳад ёфт.

Ҳамкории байни Ширкати алюминийи тоҷик ва як қатор корхонаҳои саноатии Қазоқистон густариш меёбад.

Ҳарду ҷониб устувории мавқеи худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид намуданд.

Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ роҳи муҳимми пешрафту тараққиёти кулли кишварҳои ин минтақа маънидод гашт.

Сарони ду давлат ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди расмӣ ва мувофиқаҳои бадастомада дар охир 8 санади муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди хизмати давлатӣ байни Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва варзиш байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Созишнома дар бораи таъсиси Фонди инвеститсионии Қазоқистону Тоҷикистон;

Зимни нишасти матбуотӣ  сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев  аз натиҷаҳои гуфтушунидҳои расмӣ ва ба имзо расидани санадҳои муҳимми ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба зарурати таъсис додани як созмони муттаҳидсозандаи имконоти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қазоқистон ҷонибдорони устувори рушди ҳамкории гуногунҷанбаи минтақавӣ мебошанд ва омодагии худро бо тадбирҳои мушаххаси амалӣ пайваста собит месозанд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти худ ва дӯсти қазоқистониён номида, аз пайвастагӣ ва рушди бонизоми муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатманди кард.

Ба гуфти Нурсултон Назарбоев сохторҳои дахлдори ду кишвар вазифадор гардиданд, ки лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳан ва мошингарди Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон ва хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистонро мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва татбиқи амалӣ қарор диҳанд ва афзуд, ки ин лоиҳаҳо баромади кишварҳои номбурдаро ба Афғонистон, Покистон, Эрон ва баҳрҳои ҷануб таъмин намуда, ба болоравии нақши транзитии онҳо мусоидат мекунанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба суоли хабарнигор оид ба вазъи Афғонистон ва роҳҳои ба эътидол овардани он, аз ҷумла изҳор дошт, ки татбиқи лоиҳаҳои стратегии кишвари мо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия метавонад дар барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари азиятдида ва ба меҳнати осоишта равона кардани мардуми он мусоидат намояд.

Нурсултон Назарбоев дар ҷавоб ба суоли хабарнигор оид ба бартарафсозии мушкилоти озуқаворию энергетикӣ  ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ изҳор дошт, ки Қазоқистон дар таъмини Тоҷикистон бо ғалладонаю маводи сӯхт нақши арзандаи худро мегузорад ва дар татбиқи кулли лоиҳаҳои бузурги он, аз ҷумла нерӯгоҳи обии Роғун дар ҳама шаклҳои имконпазир иштирок хоҳад намуд.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Қазоқистон дар муассисаҳои олии таълимии худ 100 ҷой барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақшаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон бо қатъият изҳор дошт, ки кишвари мо ҳаргиз ба бунёди иншооти ба ҳамсоягонамон зараровар даст нахоҳад зад ва изҳори боварӣ намуд, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли чунин масоил мо низ ба кушоиши ин масъалаи баҳсталаб муваффақ хоҳем шуд.

Субҳи рӯзи 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионии Тоҷикистону Қазокистон ба таври муфассал баррасӣ шуд.

Мусоҳибон аз воридшавии фаъоли сармояи Қазоқистон ба иқтисодиёти кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон 47 корхонаи муштарак пурсамар фаъолият мекунанд ва 15 –тои он пурра бо сармоягузории соҳибкорони Қазоқистон.

Таъсис ёфтани Фонди сармоягузории Қазоқистону Тоҷикистон таконбахши ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар маънидод гашт.

Сохтмони як нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ дар Тоҷикистон бо сармоягузории Қазоқистон, нақшаи бунёди хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Хуҷанд – Алмаато ва татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикӣ ба манфиати ҳарду кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Шӯрои директорони ширкати Визор Холдинги Қазоқистон Айдан Карибжановро   ба ҳузур пазируфт.

Зикр гардид, ки он шарики Ширкати алюминийи тоҷик буда, ҳарду дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳимми Тоҷикистон ҳамкории зич доранд. Аз ҷумла ҳамкории онҳо дар лоиҳакашӣ, гузарондани асоснокунии техникию иқтисодӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳи обии 1000 мегаватаи Шӯроб, корхонаи нави сементбарорӣ ва ҳамчунин дар истеҳсолу интиқоли гилхок, кокс, содаи каустикӣ ва анод пурсамар аст.

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Айдан Карибжанов оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳамкории имрӯза ва дурнамои он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҳарду ҷониб баҳри татбиқи босамари  барномаю нақшаҳои оянда маслиҳатҳои муфид дод.

Хотиррасон бояд кард, ки сармояи умумии ширкати Визор Холдинг баробар ба 3 миллиард доллари амрикоӣ аст.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Ҷамъияти тоҷикони муқими Қазокистон мулоқот намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули  глобалӣ ба нафъи ҳам муҳоҷирон ва ҳам кишварҳои фиристандаю қабулкунанда арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар Қазоқистон аз 40 то 50 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чун соҳибкор, бинокор, кишоварз, коргару мутахассиси саноатӣ ва омӯзгору корманди муассисаҳои илмӣ фаъолият менамоянд. Ба ғайр аз ин, дар ин сарзамин зиёда аз 45 ҳазор тоҷикони этникӣ ба таври муқимӣ зиндагӣ мекунанд.

Бо ёдоварӣ аз бунёди 4 корхонаи муштараки тоҷикон дар Қазоқистон изҳори сарбаландӣ карда шуд, ки имрӯз тоҷикон дар Қазоқистон натанҳо кор меҷӯянд, балки худашон низ ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозанд.

Пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис додани Иттиҳоди тоҷикистониёни муқими Қазоқистон мавриди ҳамовозӣ ва пуштибонии кулли ҳозирин қарор гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба фаъолияти мактабҳои тоҷикии Қазоқистон дар маҳалҳои тоҷикнишин, таъминоти онҳо бо маводи таълимӣ ва омӯзгорон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Зикр гардид, ки ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон қариб 150 нафар шаҳрвандони тоҷикзабони ин кишвар таҳсил мекунанд ва баръакс, дар муддати 5 соли охир 217 нафар шаҳрванди мо ба мактабҳои олии Қазоқистон, аз ҷумла 210 нафарашон аз ҳисоби квотаҳои Вазорати маориф ва илми ин мамлакат барои таҳсил фиристода шудаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ 3 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони тоҷикӣ бо фарогирии 3225 нафар талаба ва боз 9 мактаби таҳсилоти ҳамагонии омехтаи тоҷикию қазоқӣ амал мекунанд.

Соли гузашта барои таҳсили фарзандони тоҷикони муқими Қазоқистон дар мактабҳои олии Тоҷикистон аз рӯи дархости марказҳои фарҳангӣ 46 ҷой ҷудо карда шуд ва имсол низ барои онҳо 50 ҷой ҷудо гардид, ки тавассути ин квотаҳо асосан омӯзгорон ва духтурони соҳибихтисос тайёр карда мешаванд.

Тоҷикону ҳамватанони муқими Қазоқистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии миллати худ изҳор намуданд, ки ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли забони тоҷикиро чун санаҳои фархунда бо  тантанаҳои дилошӯб истиқбол мегиранд.

Дар доираи сафари расмии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди гулхани абадӣ, ки ба хотири арҷгузорӣ ва поси хотири қаҳрамонону қурбониёни Ҷумҳурии Қазоқистон дар маркази шаҳри Остона қомат афрохтааст, гулчанбар гузошта, ба арзишҳои миллии ин давлати дӯсту бародар расми эҳтиром ба ҷо овард.

Пеш аз анҷоми барномаи сафари расмии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як маркази бошукӯҳи савдо ва маркази модару кӯдак дар шаҳри Остона, ки ба тозагӣ бунёд ёфтаанд, дидан кард. Дар ин боздид Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарфи назар аз муқаррароти  протоколи давлатӣ бо нишони  эҳтирому самимияти бародарӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳамроҳӣ намуд.

Натиҷаҳои пурарзиши ин сафарро бори дигар таъкид намуда, бо хушнудӣ бояд ёдовар шуд, ки дастоварди аз ҳама муҳимми он бори дигар аён гаштани иродаи устувор ва ҳамфикрии сиёсии роҳбарияти олии ду кишвар оид ба кулли масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ аст. Ҳамчунин собит гашт, ки Тоҷикистону Қазоқистон шарикони боэътимоди иқтисодии ҳамдигар дар татбиқи барномаю нақшаҳои дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсули расмии худ ба Ҷумҳурии Қазоқистон  нимаи дуюми рӯзи 13 май аз Остона ба Душанбе омад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1219:56Дилфуза - гроза чиновников вышла на свободу
07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию
07.1214:14В Таджикистане через пять часов после похищения освобожден ребенок
07.1213:31НБТ связывает низкий уровень доверия к банкам с их недостаточной прозрачностью


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266