Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.05.200809:32

Сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ ғайриқаноатбахш аст

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). - Сатҳи хизматрасонӣ дар аксарияти муассисаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳои ҷумҳурии мо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

Барои бартараф сохтани ин камбудиҳо дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Интурист-Тоҷикистон» ва фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим-Ваҳдат» дар байни муассисаҳои хӯроки умумӣ семинари машваратӣ баргузор гардид.

Раиси агентии мазкур Давлаталӣ Ҳотамов ва кормандони масъули соҳа зимни сухарониҳои худ дар семинари мазкур зикр карданд, ки дар аксари муассисаҳои хӯроки умумӣ махсусан, тарабхонаҳо бино бар сабаби набудани мутахассисони касбӣ, аз қабили пешхизматҳо, ошпазҳо ва ходимон сатҳи хизматрасонӣ дар ҳолати паст қарор дорад. Бинобар ин дар асоси иҷозатномаи Вазоратҳои маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши «Пешхизмати тарабхона», «Корманди меҳмонхона» ва «Мактаби туризм» кушода шуданд.

Баъди омӯзиши курсҳои мазкур мутахассисони ин соҳа соҳиби сертификат хоҳанд шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0113:47Низомхон Джураев "объявился" в Украине(2)
20.0111:56Три года тюрьмы за то, что бросил стариков-родителей: новый закон в Таджикистане(1)
20.0107:30На что есть будем?
19.0114:05Кадровые назначения в Таджикистане. Официально
19.0112:19Президент снял с должности министра финансов


Самое обсуждаемое

20.0113:47Низомхон Джураев "объявился" в Украине(2)
20.0111:56Три года тюрьмы за то, что бросил стариков-родителей: новый закон в Таджикистане(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468819