Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.05.200816:33

Cафари кории Cарвари давлат ба вилояти Cуғд

15 майи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри доир намудани машварати корӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, рафти иҷрои Муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам ва омодагӣ ба зимистон ба шаҳри Хуҷанд сафар кард.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд бо боздид аз ҳавлии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадори меҳнат Файзинисо Тӯрабоева оғоз ёфт. Чунонки маълум шуд, дар воқеъ усулҳои истифодаи пурсамари замини обӣ аз ҷониби ин деҳқонзани асил басо омӯзандаю ибратбахш аст. Файзинисо Турабоева бо истифода аз таҷрибаи зиёда аз 40 солаи кори худ  дар хоҷагиҳои кишоварзӣ имрӯз аз 25 садяк замини наздиҳавлигиаш бо фарзандону наберагон хуб истифода бурда, эҳтиёҷоти моддии 4 оиларо қонеъ мегардонад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳои наздиҳавлигии деҳқонони асил Ҳанифа Самадова ва Нориниссо Муродова дидан кард. Зимни шиносоӣ бо маҳсулу заҳмати ин деҳқонон аён шуд, ки онҳо аз заминҳои наздиҳавлигии худ  4 ҳосили сабзавот ва зироатҳои лубиёгӣ мегиранд, аз ҷумла: помидор, сабзӣ, ҷуворимакка, лубиё ва турбу шалғам.

Қобили таъкид аст, ки  байни ҳавлиҳои ин деҳқонон девор ву
ҷуд надорад. Ба андешаи онҳо девор ба зироаткории наздиҳавлигӣ бо сояи худ ва садди роҳи шамол шудан халал мерасонад ва ҳамчунин ҷойи бисёрро банд мекунад. «Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки  мо муносибати хуби ҳамсоягӣ дорем ва ба девор ҳеҷ эҳтиёҷ нест», - мегӯянд онҳо.

Дар хоҷагии деҳқонии Отаҷон Убайдуллоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои пахта, гандумзор, помидор ва дигар анвои сабзавот шинос шуда, аз боғи зардолуи он низ дидан кард.  Аъзои ин хоҷагӣ ҳам аз заминҳои обӣ то 4 ҳосили сабзавоту лубиёгӣ мегиранд. Онҳо аз ҳар гектар замини помидор 700-800 сентнерӣ ва гандуми обӣ, ки тирамоҳ дар байни қаторҳои пахта коридаанд то 40-45 сентнер ҳосил рӯёнданиаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба коркарди пурсамари ҳар ваҷаб замин, кишти такрории заминҳои обӣ ва сарфакорона  истифода бурдани оби қиматбаҳо ҳидоят намуд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагии деҳқонӣ доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар чор моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда бо роҳбарият ва фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва хоҷагии об, ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, танзими  анъана ва ҷашну маросим, роҳбарияти бонкҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, гузаронидани кишти такрорӣ, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро шунида, вазъи имрӯзаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод ва баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти хоҷагии халқи вилоят ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0913:46Полиция усилила охрану больницы, где находится гражданин Таджикистана. Он уже в палате
21.0913:03Похороны без громких причитаний
21.0911:43Пассажирка похитила у водителя 2,5 млн. российских рублей
21.0911:32Избитый охранниками ТЦ «Москва» таджикский мигрант жив, — миграционная служба(1)
21.0911:13Смогут ли таджики и узбеки решить проблему плотины?


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(2)
20.0911:55Зачем президент Узбекистана полетел в США на самолете Усманова?(1)
21.0911:32Избитый охранниками ТЦ «Москва» таджикский мигрант жив, — миграционная служба(1)
20.0907:40В Таджикистане хотят запретить профессиональный бокс(1)
20.0912:03"Подруга плюнула в мою сторону". Легко ли быть атеистом в Таджикистане? ВИДЕО(1)
20.0912:25В Таджикистане с благодарностью вспоминают Бурхануддина Раббани(1)
21.0910:03МВД Таджикистана опубликовало  список студентов, которые  приезжали на занятия на собственных автомобилях(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312526