Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.05.200814:33

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

            СуханронииПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон

ЭмомалӣРаҳмондармаҷлисифаъолонивилояти

Суғддоирбавазъииқтисодивуиҷтимоиивилоят


15
майисоли 2008



Дӯстониазиз!

Ҳозиринимӯҳтарам!

Таврекишумодархотирдоред, моҳиноябрисолигузаштадармашваратикорӣмасъалаҳоиасосиисоҳаҳоииқтисодивуиҷтимоиивилоятромавридибаррасӣқарордода, бомақсадитаъминипешрафтионҳоиҷроиякқаторвазифаҳоитаъхирнопазирробамиёнгузоштабудем.

Бодарназардоштимушкилоте, кибинобарбӯҳрониэнергетикӣваболоравиинархҳоиҷаҳониимаҳсулотинафтӣвамаводиғизоӣбамиёномадвабасатҳизиндагиимардумимозарариҷиддӣвориднамуд, зарурдонистам, кибароиташкилиомодагииҷиддӣбафаслҳоитирамоҳузимистон, таъминиамниятиозуқавориимамлакат, рушдиустуворитамомисоҳаҳоииқтисодиёт, ошкорвабартарафкарданикамбудивунорасоиҳовабеҳбудиивазъизиндагиимардумимрӯзбошумобозякмашваратикорӣдоирнамуда, вазифаҳоинавромуайянкунемвабароиҳаллуфаслионҳочораҳоииловагӣандешем
.

Зероазсардиишадидутӯлонииимсола, норасоииқувваибарқваафзоишиарзишимаводиасосииистеъмолӣтамомисокинонимамлакат, азҷумлааҳолиивилоятиСуғдвасубъектҳоихоҷагидорӣбадушвориҳоизиёддучоршуданд
.

Бароибартарафнамуданимушкилотимавҷудадарвилоятзахиравуимкониятҳоизиёдҳастандвабамозарураст, киистифодаисаривақтӣваоқилонавусамарабахшионҳороташкилкунем
.

Азтаҳлилинишондиҳандаҳоичормоҳаисоҳаҳоииқтисодиивилоятвапешазҳамасаноатбармеояд, кибовуҷудиафзуданиистеҳсолиякқатормаҳсулотисаноатӣистихроҷигазитабиӣ, тавлидинерӯибарқ, фаъолиятисаноатисабук, азҷумлакоркардимаҳсулотикишоварзӣкоҳишёфтааст
.

Дар 9 шаҳруноҳияивилоят, азҷумлаХуҷанд, БобоҷонҒафуров, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, ҶабборРасуловваҚайроққумҳаҷмиистеҳсолимаҳсулотисаноатӣнисбатбаҳаминдавраисолигузаштапастшудааст
.

Аз 235 корхонаисаноатӣдар 72 корхонаистеҳсолимаҳсулотнисбатбасолигузаштакамшуда, 31 корхонаазфаъолиятбозмондааст
.

Дар корхонаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Апрелёвка» низ истеҳсоли маҳсулот кам гардидааст.

Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз як тараф нарасидани қувваи барқ бошад, аз тарафи дигар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани истифодаи имкониятҳо ва иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, бахусус корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони корхонаҳои саноатӣ зарур аст, ки дар хусуси бо технологияи муосир ва аз лиҳози истеъмоли барқ каммасраф ташкил намудани истеҳсолоти нав ва бо маҳсулоти хушсифати саноатии ватанӣ таъмин кардани бозори дохилии кишвар чораҳои қатъӣ андешанд.

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 бояд дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен истеҳсолоти ресандагиву бофандагӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шаванд, вале то имрӯз сохтмони онҳо ғайриқаноатбахш ҷараён дорад.

Бояд зикр кард, ки таъсиси корхонаҳои нав бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Дар давоми чор моҳ дар вилоят  беш аз 10 корхонаи нав, инчунин як қатор корхонаҳои аз фаъолият бозмондаба кор андохта шудааст, ки ин нишондиҳандаи хуб аст, вале мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт имкониятҳои мавҷударо ҳанӯз ҳам пурра истифода накардаанд.

Тавре ки маълум аст, ҳоло қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ хусусӣ гардонида шудаанд. Аммо баъзе соҳибмулкони нав доир ба масъалаи бисёр муҳим - ворид намудани техникаву технологияи замонавӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир чораҳои ҷиддӣ наандешида истодаанд.

Дар қаламрави вилоят ҳоло 99 корхонае ба қайд гирифта шудааст, ки сармояи оинномавии онҳо ба инвеститсияи хориҷӣ асос ёфтааст, вале  имрӯз қисми зиёди чунин корхонаҳо фаъолият надоранд.

Аз таҳлили фаъолияти чунин корхонаҳо бармеояд, ки дар онҳо ба камбудиву қонунвайронкуниҳои зиёд роҳ дода шудааст.

Ба ғайр аз ин, қисми зиёдашон аз рӯзи таъсисёбии худ ягон солро бо фоида ҷамъбаст накарда, баръакс сол аз сол ҳаҷми  қарздориашон афзуда  истодааст.

Бинобар ин, ба Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зарур аст, ки бо соҳибмулкони нав масъалаи дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин фаъол гардонидани корхонаҳои саноатиро ҳаллу фасл намоянд.

Дар акси ҳол нисбат ба корхонаҳои саноатие, ки иқтидорҳои истеҳсолиро пурра истифода карда наметавонанд, муқаррароти Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ»-ро татбиқ намоянд.

Воқеан, дар вилоят чун дар тамоми қаламрави кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон нарасидани қувваи барқ проблемаи асосӣ мебошад. Доир ба ҳаллу фасли он ман дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тадбирҳои андешидаи Ҳукуматро батафсил зикр намудам. 

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва стратегии соҳаи энергетикаи мамлакат барои солҳои наздиктарин сохта, ба истифода додани силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург ва таъмиру таҷдид кардани нерӯгоҳҳои мавҷуда мебошад.

Вобаста ба ин, таваҷҷӯҳи роҳбарони Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширкати «Барқи Тоҷик», инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бори дигар ба ҳаллу фасли масъалаҳо ва вазифаҳои зерин, ки шиддати нарасидани қувваи барқро дар вилоят то андозае паст мегардонанд, ҷалб менамоям:

1. Таҳияи лоиҳаи асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони вилоят, инчунин бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бо истифодаи манбаъҳои алтернативӣ, аз ҷумла захираҳои ангишти Шӯроб ва Фон-Яғноб ташкил кардани нерӯгоҳҳои хурд.

2. Ҳарчи зудтар ташкил кардани корҳои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум.

3. Суръати тоза бахшидан ба сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб – Шимол», зеристгоҳи «Хуҷанд – 500» ва пеш аз мӯҳлат ба истифода додани он.

4. Бо ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ омода кардани лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати 500-киловаттаи Хуҷанд – Қирғизистон – Алмаато.

5. Ба истифода додани маркази барқу гармидиҳии шаҳри Чкалов ва сохтмони чунин марказ дар шаҳраки Шӯроб.

6. Афзун намудани истеҳсолу захираи ангишт ва ташкили нуқтаҳои фурӯши гази моеъ  ва ангишт.

7. Таъмини ҳатмии чорабиниҳои пешбиникардаи Ҳукумати мамлакат доир ба омода намудани тамоми соҳаҳои вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009.

8. Андешидани тадбирҳои муассир доир ба ҷамъоварии ҳаққи қувваи барқу газ, таъмири зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва пешгирии талафоти он.

9. Бо мақсади ба роҳ мондани истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ворид кардан ва ҷорӣ намудани технологияву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ.

10. Ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои қафомонӣ дар моҳҳои июн – октябр дар се баст ташкил намудани фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят.

Масъалаи пардохти маблағи барқи истифодашуда чун солҳои пешин дар вилоят ҳанӯз ташвишовар мебошад.

То 1 январи соли 2008 маблағи умумии қарз аз напардохтани ҳаққи қувваи барқ дар вилоят қариб 46 миллион сомониро ташкил мекард, вале дар давоми се моҳи гузашта ҳаҷми қарз  ба ҷойи кам шудан, баръакс, боз ба маблағи 2  миллион  сомонӣ афзудааст.

Мувофиқи маълумоти фаврии Ширкати «Барқи Тоҷик» қарзи аз ҳама бештар ба аҳолӣ (8,7 млн. сомонӣ), муассисаҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об (30,2 млн. сомонӣ), инчунин корхонаҳои кишоварзӣ (1,7  млн. сомонӣ) ва ташкилотҳои буҷетӣ (1,2  млн.сомонӣ) рост меояд.

Дар пардохти ҳаққи гази табиӣ низ чунин қарзҳои калон мавҷуданд. Ҳаҷми умумии он ҳоло дар вилоят беш аз 58 миллион сомониро ташкил медиҳад. 

Дар бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои вазифаҳои зикршуда, ки ҳадафи асосӣ аз онҳо ба таври зарурӣ таъмин кардани аҳолӣ бо қувваи барқ, маҳсулоти саноатӣ ва ҷойи кор мебошад, дар баробари масъулони соҳаҳои саноат ва энергетика шумо - роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ масъулияти азимро ба зимма доред ва иҷрои ин масъулият вазифаи ҷонии шумо низ мебошад.

Проблемаи дигаре, ки алҳол дар назди мову шумо қарор дорад, тавассути рушду тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Зеро бозори истеъмолии мамлакати мо ҳанӯз аз молҳои зарурати аввалияе, ки асосан аз хориҷ ворид карда мешаванд, вобаста аст.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир тафовути байни истеъмол ва истеҳсоли худии маводи озуқа тадриҷан меафзояд. Ин омил сатҳи вобастагии бозори дохилиро аз маҳсулоти воридотӣ боз ҳам баланд гардонида, ба амнияти иқтисодии давлат хатар эҷод мекунад.

Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ истиқлолияти иқтисодӣ дар сурате амалӣ мегардад, ки  агар ҳиссаи воридот дар истеъмолоти  дохилӣ аз 25 фоиз зиёд набошад. Вале кишвари мо тахминан 60 фоизи талаботи озуқавории худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад.

Барои паст кардани сатҳи вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ ба мо зарур аст, ки истеҳсоли маҳсулоти озуқаро дар солҳои наздиктарин хеле зиёд карда, бо ҳамин роҳ амнияти озуқавории мамлакатамонро таъмин намоем. Барои ин бояд пеш аз ҳама ба соҳаи кишоварзӣ такя карда, истифодаи оқилонаву самараноки замин ва хусусан заминҳои обиро ба роҳ монем.

Дар давоми чор моҳи гузашта дар вилояти Суғд маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 6 фоиз зиёд шудааст. Аз таҳлили маълумоти мавҷуда бармеояд, ки дар айни ҳол дар қаламрави вилоят вазъи истифодаи ҳам замини обӣ ва ҳам лалмӣ то андозае беҳтар гардидааст.

Бо дарки болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум кишоварзони вилоят ҳар ваҷаб заминро, ки дар он имконияти кишт кардан вуҷуд дорад, мавриди истифода қарор дода, ба баланд бардоштани ҳосилнокии ғалла аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда истодаанд.

Ҳоло дар қаламрави вилоят дар майдони беш аз 42 ҳазор гектар кишти баҳории зироати ғалладона анҷом дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор гектар зиёд мебошад.

Вале соҳаи сабзавоткориву картошкапарварӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Бо вуҷуди афзоиши майдони кишти картошка дар вилоят нисбат ба соли гузашта қариб 1000 гектар кам сабзавот кишт карда шудааст.  Кишти сабзавотро асосан кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт кам кардаанд.

Пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзии вилоят мебошад, вале дар ин бахш ҳанӯз норасоиҳои зиёд мушоҳида мешаванд.

Сабаби асосии вазъияти баамаломада фаъолияти номуназзами дастгоҳҳои обкашӣ бинобар таъминоти нокифояи қувваи барқ ва  норасоии об мебошад.

Бинобар ин, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, Ширкати «Барқи Тоҷик» ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор супориш дода мешавад, ки доир ба таъминоти мӯътадили истгоҳҳои обкашӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва барои дар асоси талаботи агротехникӣ ба роҳ мондани парвариши пахта шароит ва имконияти заруриро фароҳам созанд. 

Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки сол то сол афзудани қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳаққи обрасонӣ, ки ҳаҷми умумии он ҳоло дар вилоят 33 миллион сомониро ташкил медиҳад, боиси нигаронӣ мебошад.

Чунин вазъият, албатта ба фаъолияти мӯътадили дастгоҳҳои обкашӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об зарур аст, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи мазкурро ҳаллу фасл намояд.

Илова бар ин, як масъаларо таъкид бояд кард, ки мувофиқи маълумоти муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ дар қаламрави кишварамон захираи барф ниҳоят кам аст ва сатҳи бо об таъмин гардидани дарёҳо нисбат ба солҳои пешин 40-50 фоиз паст мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки истифодаи самараноки обҳои зеризаминӣ ва заҳкашҳо низ ба роҳ монда шавад. 

Бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ ва ҳавасманд гардонидани кишоварзон мо соли ҷорӣ механизми нави маблағгузории хоҷагиҳоро ҷорӣ намудем. Дар айни ҳол вазорату идораҳои дахлдор ва бонкҳои кишвар онро амалӣ карда истодаанд.

Аз маълумоти Бонки миллӣ  бармеояд, ки то 2 май дар қаламрави вилоят барои дар майдони 57 ҳазор гектар ба роҳ мондани парвариши пахта шартномаи маблағгузорӣ баста шудааст, ки ин 74 фоизро ташкил медиҳад.

Маблағи умумии шартномаҳои басташуда аз 96 миллион сомонӣ иборат буда, беш аз 47 миллион сомонӣ ё 49 фоизи он аллакай ба пахтакорон дода шудааст, ки зиёда аз 15 миллион сомонии он маблағҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудогардида мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳиссаи бонкҳо дар маблағгузории  хоҷагиҳои пахтакорӣ ҳанӯз  нокифоя аст.

Бинобар ин, бояд Бонки миллӣ ва бонкҳои хизматрасон дар баробари зиёд кардани маблағгузории соҳа, инчунин доир ба содда намудани расмиёти қарзгирӣ ва бартараф сохтани монеаҳои бюрократӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳукумати кишвар барои таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг»-ро таъсис дод, ки  он дар айни ҳол ба фаъолият шурӯъ намудааст ва бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ дар ҳалли мушкилоти техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон бо ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии иншооти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парки техникаи кишоварзӣ ташкил гардидааст.

Маълум аст, ки пешрафти соҳаи пахтакориро бе техника таъмин кардан амри маҳол аст, вале то ҳанӯз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо  дар ин самт қаноатбахш нест.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод, Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов ва Спитамену шаҳри Конибодом  супориш дода мешавад, ки доир ба рафъи мушкилоти хоҷагиҳои пахтакорӣ  тадбирҳои зарурӣ андешанд.       

Соли ҷорӣ хоҷагиҳои  кишоварзии вилоят дар майдони  зиёда аз 38 ҳазор гектар кишти зироатҳои хӯроки чорворо ба нақша гирифтаанд, ки 26 ҳазор гектари онро алафҳои яксола ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ аксарияти заминҳое, ки дар онҳо гӯё алафи яксола кишт шудаанд, майдонҳои холӣ мебошанд. 

Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии омор, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар мӯҳлати 10 рӯз майдонҳои кишти зироати хӯроки чорво, бахусус алафҳои яксоларо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд.

Имрӯзҳо  хоҷагиҳои вилоят ба дарави ғалла  ва ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ ва мева омодагӣ мебинанд.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷараёни онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом ёфтани маъракаи ҳосилғундорӣ ва кишти такрории зироатҳоро дар заминҳои обӣ таъмин намоянд.

Илова бар ин, аз ҳоло доир ба пешгирии талафоти меваю сабзавот, коркарди саноатӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар,  таъминоти  бозори дохилии истеъмолӣ, инчунин дар фасли зимистон вусъат додани парвариши сабзавот дар гармхонаҳо тадбирҳои  қатъӣ андешанд.

Ҳамчунин Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва сохторҳои маҳаллии он вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои имсола ҳарчи бештар маҳсулоти озуқавориро захира намоянд. 

Бояд қайд кард, ки иҷрои барномаи бунёди токзорҳои нав ва барқарорсозии боғҳои мавҷуда ба ғайр аз ноҳияи Зафаробод дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳоло таъмин карда нашудааст.

Ба масъулони соҳаи мазкур зарур аст, ки дар баробари татбиқи саривақтии барномаи мазкур ба нигоҳубину парвариши ниҳолҳои шинонидашуда аҳамияти бештар зоҳир намоянд.

Солҳои охир содироти маҳсулоти кишоварзӣ  аз қаламрави вилоят вусъат меёбад: дар чор моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар беш аз  35 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст, ки он  97 фоизи  содироти маҳсулоти кишоварзии мамлакатро ташкил медиҳад.

Вале ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 фоиз кам мебошад.

Имконияти сокинони вилоят ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз зиёд аст, аз ин рӯ бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ онро ҳаматарафа таҳлил намуда, дар вусъат ёфтанаш ҳарчи бештар мусоидат намоянд. 

Дар қаламрави вилоят ҳамчунин барои рушди соҳаи чорводорӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд. Лекин бо вуҷуди афзоиши саршумори чорвои хурду калон, ки дар чор моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба соли гузашта мутаносибан 12 ва 21 фоизро ташкил медиҳад, нишондиҳандаҳои сифатии соҳа, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Зафаробод ва Айнӣ ҳанӯз паст мебошанд.

Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилоят ва  шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони хоҷагиҳои чорвопарварӣ зарур аст, ки дар баробари афзун  гардонидани маҳсулнокии чорво ба хушзоткунии он низ бештар таваҷҷӯҳ намоянд. 

Барои азхуд кардани заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои вилоят ҳар сол аз ҳисоби буҷет ва сармоягузории хориҷӣ маблағҳои зиёд сарф карда мешаванд. Танҳо барои барқарорсозии иншооти ирригатсионии ноҳияи Ашт дар доираи татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ қариб 29 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ҳоло дар ҳудуди вилоят зиёда аз 7 ҳазор гектар заминҳое мавҷуданд, ки ҳолати мелиоративии онҳо беҳбудӣ мехоҳад.        

Бинобар ин, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар бораи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани чунин заминҳои холиву корношоям тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар шароите, ки ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат беш аз пеш аҳамияти хосаро касб менамояд, бояд ягон ваҷаб замини кишт, махсусан заминҳои обӣ холӣ намонад ва ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву самарабахши онҳо ҳам ба манфиати мардум ва ҳам ба манфиати давлат буда, он вазифаи ҷонии шумо – роҳбарони мақомоти давлатӣ ва кишоварзон

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

06.1218:15Узбекистан отменяет визы для туристов из 27 стран
06.1215:55Афганистан проведет расследование связей талибов с Россией и Ираном
06.1215:50В Душанбе вынесен приговор троим мужчинам, убившим и расчленившим женщину
06.1215:479 лет тюрьмы за неудачный "киднеппинг"


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(4)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156270