Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

16.05.200810:33

Ҷараёни интихоботи парлумонии Гурҷистонро нозирони тоҷик низ мушоҳида менамоянд

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-21 май дар Гурҷистон интихоботи парлумонӣ доир мегардад. Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар қатори нозирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар созмону институтҳои бонуфузи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нозирон ширкат намуда, ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар ин кишвар мушоҳида менамоянд.

Тибқи иттилои Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов,аз ҷумҳурии мо мудири бахши ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Муҳаббат Гулзорова, сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мирзо Ашӯров, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Раъно Самиева дар интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон, ба ҳайси нозири байналмилалӣ ширкат менамоянд.

Ҳамчунин ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Гурҷистон нозирон аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ назорат мекунанд.

Назар ба хабари оҷонсии иттилоотии «Медианюс»-и Гурҷистон дар интихоботи парлумонии ин кишвар беш аз 3 миллион нафар раъйдиҳандаҳо иштирок менамоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.0117:00Путин ответил на сообщения о встречах Трампа с проститутками в Москве
17.0116:44«Накрыл собой жену и ребенка…». Свидетельства очевидцев авиакатастрофы
17.0115:24«Точиксодиротбанк» и Агроинвестбанк» сообщили об улучшении ситуации с наличностью
17.0114:36Президент назначил посла Таджикистана в Люксембурге
17.0114:27"Прах таджикских героев должен покоиться в родной земле"


Самое обсуждаемое

03.0114:13Открытое письмо Президенту Эмомали Рахмону(240)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(4)
17.0106:19В Таджикистане муфтия Москвы назвали «борцом атеистического фронта»(1)
17.0111:48Таджикистан не торопится вступать в ЕАЭС(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262