Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

16.05.200816:32

Исрофкориҳои чӯпонон

           Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ бошад, ҳам дар он камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ мушоҳида мешаванд. Инро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣдар вақти гузаронидани санҷиши молиявӣ муайян намудаанд.

           Маълум гардид, ки сарчӯпони хоҷагии давлатии зотпарварии "Машъал"- и ноҳияи ВахшҲасан Ёровҳамчун шахси масъул ва ҳисоботдиҳанда дар давраи фаъолияташ аз ваколатҳои мансабиаш суйистифода намуда, 386 сар чорвои майдаро аз они худ намудааст.

           Маблағи чорвои азхудкардаи Ҳасан Ёров ва ҳамаслаконаш ба ҳисоби миёна 94 600  сомониро ташкил медиҳад.

           Инчунин ҳангоми гузаронидани санҷиши молиявӣдар фермаи №2-и ҳамин хоҷагӣҷинояти сарчӯпон Абдураҳим Имомов ошкор гардид. Вай ҳангоми фаъолияташ дар хоҷагии номбурда 88 сар чорвои майдаи хоҷагиро маблағи умумиаш 22500 сомонӣкамомад намудааст. Аз ин ҳисоб 13 сар чорворо аз ҳисоб сокит карда, 75 сар чорвои дигарро ба маблағи 18750 сомонӣфурӯхта, маблағи онро ба киса задаст. Аз маблағи умумии зарари расонидашуда 13250 сомонӣ ба буҷаи давлат баргардонда шуд.

            Ҳамчунин дар ин хоҷагӣсарчӯпон Одилхон Мисиров 212 сар моли майдаи хоҷагиро, ки арзиши он 40 940 сомониро ташкил медод, ба манфиати худ истифода бурдааст. Ин дар натиҷаи гузаронидани санҷиши кормандони шӯъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муайян карда шуд.

            Ҳамин тариқ Одилхон Мисиров ба давлат ба маблағи 40 940 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Айни ҳол маблағи зарар ошкоргардида пурра ба хазинаи давлат баргардонда шуд.

            Аз маркази матбуоти Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати Ҳасан Ёров тибқи моддаи 245, қисми 4, нисбати Абдураҳим Имомов тибқи моддаи 245, қисми 2 ва нисбати Одилхон Мисиров тибқи моддаи 245, қисми 3-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии онҳо давом дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0217:05Как выжить, попав под лавину? Подробная инструкция действий
24.0217:02А вы знаете, как защищена банкнота в 50 сомони?
24.0215:05Нацбанк Таджикистана отозвал лицензии у двух проблемных банков
24.0213:38Готовы ли Вашингтон и Лондон отказаться от захваченных территорий?
24.0213:38Нацбанк Таджикистана отобрал лицензии у «Таджпромбанка» и «Фононбанка»


Самое обсуждаемое

22.0216:02Российский суд вынес пожизненный приговор уроженцу Таджикистана за убийство полицейского и его семьи(4)
24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(2)
23.0212:36Самолет в Ташкент вновь не вылетел(2)
23.0216:50Супруги президентов стран бывшего СССР — чем они занимаются(1)
24.0210:15Денежные переводы мигрантов из России равны трети ВВП Таджикистана(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156267