Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

16.05.200818:32

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Қурмонбек Боқиев

Гузориши муфассал

аз натиҷаҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Қирғизистон байни худ анъанаҳои хуби ҳамсоягӣ ва ҳамкории пурсамар доранд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳои ҳарду кишвар мавриди арҷгузорӣ қарор доранд.

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро, кибо сафари корӣ ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, дар фурўдгоҳи шаҳри Хуҷанд бо нишони эҳтироми хоси ҳамсоягӣ ва меҳмоннавозии шарқиёна Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонистиқбол гирифт.

Дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбодуҳавои шаҳри Қайроқум мулоқотҳои расмӣ ва гуфтушунидҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гашт.

Маҷмўи васеи масоили муносиботи дуҷониба ва минтақавии ду кишвар нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев баррасӣ шуд.

Онҳо аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъсисёбии Шўрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва Шўрои вазирони корҳои хориҷиро воситаи хуби ҳалли саривақтии масоили зарурӣарзёбӣ карданд.

Сипас гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар ҷараён гирифт.

Ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими робитаҳои мавҷуда ва густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, нақлиёт ва коммуникатсия, истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва маъданҳои кўҳӣ гуфтугўи судманд анҷом доданд. Таъкид гардид, ки баҳри истифодаи пурсамари захираву имконоти беканори муштаракҳарду кишвари ҳамсоя бояд бо мувофиқату дастгирии ҳамдигар амал кунанд. Аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди мустақими Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон дорои дурнамои хуб арзёбӣ гардид.

Таваҷҷўҳи зиёдҳамчунин ба танзими муносибатҳои сарҳадӣ, ҳаллу фасли масоили истифодаи обу замин дар қитъаҳои баҳсноки сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон зоҳир гашт. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри ҳалли одилонаи ин масоил ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои ҳамсоягӣ таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчўби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва омодагӣ ба мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар карда шуд.

Баъди анҷоми гуфтушунидҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев;

- Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шўрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва Шўрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Созишнома дар бораи муқаррар намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Нораки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Қарокўли Ҷумҳурии Қирғизистон.

Сипас сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев дар назди намояндагони васитаҳои ахбори умум изҳорот дода, аз натиҷаҳои гуфтушунидҳо арзи қаноатмандӣ карданд ва таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳайси ду кишвари дўсту ҳамсоя ҳаргиз намегузоранд муносибатҳои бародарона ва ҳамшарикии гуногунҷанбаи онҳо халалдор гардад.

Аз фазои гарми мулоқоту сўҳбатҳо, ба имзо расидани санадҳои муҳим ва оид ба бисёр масоили ҳалталаб ба мувофиқа расидани ду ҷониб нишона аз идома ва таҳкиму густариши муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ аст.

          Қобили таъкид аст, ки бо шарофати сиёсати мусоиди минтақавӣ ва арҷгузорӣ ба муносибатҳои ҳамсоягӣ, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо амалӣ мегардад, дар давоми ҳафтаи ҷорӣ дар таҳкиму густариши муносибатҳои ҳасана бо ду давлати ҳамсоя – Қазоқистон ва Қирғизистон натиҷаҳои басо муассиру умедбахш ба даст омаданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода иттилоъ дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156254