Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

17.05.200810:32

Асосгузори театри андешаи тоҷик

             Душанбе,17 май. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Яке аз коргардонҳои машҳури театри тоҷик, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев 70 сола шуд. Вай хатмкунандаи Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскии шаҳри Москва (1964 – 1969) аст. Баъ аз хатми донишкада соли 1969 ба театри академӣ- драммавии ба номи Лоҳутӣ ба кор омад. Аввалин маҳсули кори эҷодиаш, ҳамчун коргардон, песаи драмматурги қирѓиз Мар Бойҷиев «Ҷанги тан ба тан» буд.

-Бо ҳамин намоишнома, ба услуби романтикие, ки дар театри ба номи Лоҳутӣ вуҷуд дошт, тарзи нав, яъне тарзи тафаккур пешниҳод шуд,- гуфт ин хабарро шарҳ дода ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири қисми адабии театр Ѓаюр Ашӯров,- Бинобар ин устод Хушназар Майбалиевро мо ҳамчун асосгузори театри андешаи тоҷик меҳисобем.

Майбалиев Х. аслан аз оѓози фаъолияти меҳнатиаш то имрӯз, яъне тӯли қариб 40 сол дар театри ба номи Лоҳутӣ фаъолият намуда, дар ин миён барои таълиму тарбияиҳунарпешагони ҷавон бо Донишкадаи санъати Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Дар давоми фаъолияти эҷодиаш вай бештар аз 80 асарро ба саҳна гузоштааст. Чунончӣ асарҳои Пьер Корнел «Саид», Жан Ануи «Антигона», Антон Чехов «Ванятаѓо», Гогол «»Муфаттиш», Грибоедов «Дод аз дасти ақл», Ѓанӣ Абдулло «Ҳуррият», «Фарёди ишқ», Мирсаид Миршакар «Корвони бахт» дар таҳияи Майбалиев Х. рӯйи саҳна омаданд. Овардани танҳо як далел кофист, ки аз истеъдоди коргардони моҳир дарак медиҳад, яъне намоишномаи «Фарёди ишқ» қариб 30 сол боз аз саҳна дур намеравад. Шояд дар таърихи театри тоҷик ин ягона асаре мебошад, ки ин қадар тӯлонӣ дар саҳна мондааст. Устод Хушназар Майбалиев солҳои зиёд ҳамчун саркоргардони театри ба номи Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Дар ин муддат шӯҳрати театр хеле баланд гардид. Беҳтарин асарҳои ҷаҳонӣ рӯйи саҳнаи ин театри тоҷик омад. Имрӯз ҳам устод дар паҳлӯи шогирдони боистеъоди хеш монда нашуда кор мекунад. Айни ҳол дар таҳияи Майбалиев Х. асари драмнависи чинӣ Тсао Юй «Раъду барқ» омода гаштааст, ки рӯзҳои наздик пешкаши тамошобинон мегардад,- Мо тасмим гирифтаем, ки рӯзи 25 май дар театр ҷашни устоди арҷманд Хушназар Майбалиевро таҷлил намоем,- гуфт дар охир Ѓаюр Ашӯров.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0212:08Узбекистан представил Таджикистану предложения по открытию ж/д участка Амузанг-Галаба
24.0210:29В мужской праздник 18-летняя девушка сбросилась с моста в Душанбинку
24.0210:15Денежные переводы мигрантов из России равны трети ВВП Таджикистана
24.0208:56МВД просит водителей освободить дорогу Душанбе-Худжанд
24.0208:43Президент затронул проблему самовольных захватов земельных участков


Самое обсуждаемое

22.0216:02Российский суд вынес пожизненный приговор уроженцу Таджикистана за убийство полицейского и его семьи(4)
24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(2)
23.0212:36Самолет в Ташкент вновь не вылетел(2)
23.0216:50Супруги президентов стран бывшего СССР — чем они занимаются(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156259