Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.05.200813:33

Ҷамъбасти натиҷаҳои татбиқи барнома

Душанбе, 18 май (АМИТ «ХОВАР» Тимур Бандишоев). Натиҷаҳои пешакии татбиқи барномаи «Ман медонам!» дар масъалаи барқарор сохтани саломатии занон дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони созмонҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои сарпараст дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд. Барномаи мазкур, ки аз ҷониби Агентии рушди байналхалқии ИМА маблағгузорӣ карда мешавад, дар бораи вусъат додани хизматрасонии тиббӣ барои барқарор сохтани саломатии занон ва ба нақшагирии оила дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияҳои Колхозободу Рӯдакӣ хизмат мерасонад. Мутахассисони барнома дар натиҷаи ҳамкорӣ бо созмонҳои маҳаллӣ ният доранд, ки ба бештар аз 60% занони деҳот хизмати тиббӣ расонанд.

Мутахассисони барнома бо вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, раёсатҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо, Маркази миллии барқарор сохтани саломатӣ ва марказҳои барқарор сохтани саломатии вилоятҳо ва шаҳрҳо, созмонҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҳамкорӣ мекунанд. То имрӯз барои 67 нафар кормандони миёнаи тиббии шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб, инчунин ноҳияҳои Колхозободу Рӯдакӣ курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил намуда, доруҳои навтарин ба қайд гирифта шуданд. Ба туфайли ин занони тоҷик аз усулҳои гуногуни табобати бемориҳо истифода мебаранд. Мутахассисони барнома дар масъалаҳои танзим ва банақшагирии оила маводи иттилоотӣ таҳия намуданд. Инчунин барои кормандони тиббӣ маводи зарурӣ омода карда шуд.

Барномаи мазкур ба туфайли кӯмаки молиявии халқи башардӯстонаи Амрико тавассути Агентии рушди байналхалқии ИМА амалӣ карда мешавад. Мардуми Амрико ба ин васила аз соли 1993 сар карда то имрӯз барои расонидани кӯмак ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, иқтисодиёт ва созмонҳои демократии Тоҷикистон қариб 300 миллион доллар сарф намуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области
10.1209:24В Нигерии школьницы-смертницы совершили массовый теракт
10.1207:26Президент Таджикистана сменил глав ряда районов


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156294