Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.05.200811:33

Дар Белорус рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон анҷом меёбанд

Душанбе, 18 май (АМИТ «Ховар» Катерина Аксакова)Имрӯз дар шаҳри Минск Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус анҷом меёбанд. Роҳбари дастгоҳи вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷаббор аз Минск ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон 4 намоишгоҳ кушода шуд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷик лавҳаҳое пешкаши тамошобинон гардонида шуданд, ки дар бораи манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистон нақл мекарданд. Дар намоишгоҳи суратҳо бахшида ба робитаҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Белорус аксҳо гирд оварда шуданд. Намоишгоҳи асарҳои бадеӣ ва адабиёти таърихиро садхо нафар сокинону меҳмонони пойтахти Белорус тамошо карданд. Устоҳои ширкати «Чакан»-и Кӯлоб либосҳои кашидадузӣ, сӯзанӣ, куртаҳои чакан, гулбаст ва ғайраро намоиш доданд.

Дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири фарҳанги мамлакат Мирзошоҳрух Асрорӣ қариб 40 нафар ходимони фарҳанг ва устодони санъати Тоҷикистон, инчунин гурӯҳҳои ҳунарии «Зебо» «Гулрез», «Шашмаком», «Фалак», инчунин ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Озода Ашӯрова, Бахтиёр Иброҳимов ва Азалия Галиаҳмедова иштирок намуданд. Илова бар ин дар давоми Рӯзҳо ба тамошобинони пойтахти Белорус ду филми киностудияи «Тоҷикфильм» -филмҳои «Тири қисмат» ва «Хоҳишизиндагӣ»намоиш дода шуд.

Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон охири моҳи июл ва авали моҳи августи соли гузашта баргузор гардида буданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0819:45Бренд “Made in Uzbekistan” завоевывает таджикский рынок
22.0817:25В Таджикистан приедут 30 учителей из России(3)
22.0812:46Тайсон с Матвеевской. Подробно о нападении на мигранта, которому чуть не откусили ухо
22.0812:21Суд намерен конфисковать магазин супруги Бузургмехра Ёрова
22.0811:38Продаем арбузы. Дорого! 100 долларов за штуку…(1)


Самое обсуждаемое

19.0809:43МИД России: "Надеемся на снисхождение суда к Татьяне Хужиной". ВИДЕО(3)
22.0817:25В Таджикистан приедут 30 учителей из России(3)
21.0810:35Антикоррупционное ведомство просит назвать имена коррупционеров(1)
21.0808:06В Душанбе созывается 12-я сессия верхней палаты парламента Таджикистана(1)
21.0816:38Татьяну Хужину приговорили к штрафу за контрабанду старинной монеты. ВИДЕО(1)
22.0812:18Давая нам деньги, Китай не нас подкупает, а себя защищает(1)
22.0811:38Продаем арбузы. Дорого! 100 долларов за штуку…(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312521