Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.05.200811:33

Дар мусобиқаи дави миллӣ ходимони сиёсӣ, ҳунарпешагон ва варзишгарон ширкат меварзанд

Душанбе, 18 май (АМИТ «ХОВАР»,Сайидо Назаров). - Имрӯз дар саросари Тоҷикистон мусобиқаи дави миллӣ баргузор гардид. Дар пойтахт ин мусобиқа дар масофаҳои 5 ва 10 километр гузаронида шуд. Дар он қариб 60 ҳазор нафар сокини пойтахт иштирок намуд.

Дар мусобиқа дар қатори пиру ҷавон ва намояндагони ташкилоту идораҳои гуногун ходимони сиёсӣ, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, кормандони муассисаҳои илмӣ ва варзишгарони олимпичии тоҷик иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки чанд нафар иштирокчии мусобиқа имсол дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок менамоянд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар маросими ифтитоҳи мусобиқа сухан карда, зикр намуд, ки ҳадафи асосии мусобиқаи дави миллӣ «на танҳо ғалаба дар он, балки иштирок дар пойгаи умумихалқӣ мебошад. Мусобиқаи имсола ба Соли олимпӣ бахшида шудааст ва дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад», - гуфт М.Неъматов.

Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мусобиқаи дави миллӣ соати 11 дар ҳудуди Варзишгоҳи марказии пойтахтба охир мерасад ва ба ғолибони он аз номи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин ширкати МЛТ тӯҳфаҳо ва дипломҳо супорида мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане
08.1216:25“Мамочка, я очень-очень люблю тебя!”
08.1215:43Таджикская принцесса оправдалась за свадебное платье в 40 миллионов рублей
08.1215:15Президент Узбекистана предложил сделать должность глав администраций выборной


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(2)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250