Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.05.200811:33

Кормандони АМИТ “Ховар» дар мусобиқаи дави миллӣ иштирок намуданд

Душанбе, 18 май (АМИТ «ХОВАР», Тимур Бандишоев, Сайидо Назаров) Тавре хабар дода шуда буд, имрӯз 18 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид. Дар он ҳамаи хоҳишмандон иштирок намуданд. Дар шаҳри Душанбе дар ин мусобиқа Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва кормандони дастгоҳ, мушовирони давлатии Президенти Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идора ва ташкилотҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқаи умумихалқӣ кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таҳти роҳбарии директории агентӣ Садриддин Шамсиддинов иштирок намуданд.

Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон чанд сол боз гузаронида мешавад. Ташаббускори ин мусобиқаи оммавӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ғояи асосии мусобиқа ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мардум аст. Ҳар сол ҳафтаи сеюми моҳи май дар ин мусобиқа ҳазорон нафар сокинони мамлакат иштирок менамоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
5.0
- всего оценок (2)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0414:58Душанбе затопило в результате получасового ливня
25.0414:29Житель Душанбе вымогал деньги у супружеской пары
25.0413:04Убийство по заказу. В ВС Таджикистане начался суд над убийцами предпринимателей из Худжанда
25.0412:25До 1 мая с улиц Душанбе уберут «Старексы»
25.0410:59Футболисту Мохамеду Салаху подарили участок земли в Мекке


Самое обсуждаемое

23.0408:36Вашингтонские власти «в плену» собственных санкций(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525