Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.05.200811:32

Таҷлили рӯзи байналхалқии осорхонаҳо

Душанбе, 18 май (АМИТ «ХОВАР» Аксакова Катерина) Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз тамошобинон ҳамаи осорхонаҳои ҷумҳуриро бепул тамошо карда метавонанд.

Ба ин муносиб имрӯз дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифзи мероси таърихӣ дар осорхонаҳои Тоҷикистон» конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар он кормандони Осорхонаи миллии ба номи К.Беҳзод, Осорхонаи миллии атиқа, Академияи илмҳо, Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ, инчунин намояндагони осорхонаҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор ва ноҳияи Бохтар ширкат варзиданд.

Дар конфронс силсилаи мавзӯҳои муҳим, аз ҷумла «Нақши осорхонаҳо дар омӯзиш, таҳқиқ ва муҳофизати тангаҳои қадима», «Ба қайд гирифтани ёдгориҳои қадима, истифодаи усулҳои самарабахши муҳофизат ва нигаҳдории онҳо дар ганҷинаи осорхонаҳо» ва ғайра муҳокима шуданд. Дар фарҷоми конфронс ду нафар корманди Осорхонаи ба номи К.Беҳзод бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Рӯзи байналхалқии осорхонаҳо дар саросари ҷаҳон аз соли 1977 сар карда, таҷлил карда мешавад. Ҳамон вақт конфронси генералии 11-уми Шӯрои байналхалқии осорхонаҳо, ки дар Маскав ва Ленинград баргузор гардида буд, пешниҳоди ҳайати Русияро дар бораи ҳар сол ҷашн гирифтани Рӯзи байналхалқии кормандони осорхонаҳо маъқул донист.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0130071