Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

19.05.200812:33

Фаъолияти ғайриқонунӣ ва сифати пасти маҳсулот

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупcияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Титови пойтахт маълум карданд, ки шаҳрванд Солеҳ Содиқов дар суроғаи мазкур ба таври ғайриқонунӣ корхонаи хурди қаннодӣ таъсис дода, бидуни бақайдгирӣ дар нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ машғул шудааст. Ҳангоми азназаргузаронии корхонаи ӯ 27 халта ё ба миқдори беш аз як тонна қанди сафед, 9 қуттӣ печен дарёфт ва мусодира карда шуд.

Инчунин маълум карда шуд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи ӯ бо сабаби ифлос будани дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва гузаштани мӯҳлати истифодаи маҳсулоти тайёрнамуда, аз қабили печен, қанд ва ғайра ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Аз маркази мабуоти Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд Солеҳ Содиқов ва ҳаммаслакони ӯ аломатҳои ҷинояти соҳибкории ғайриқонунӣ, яъне иқтисодиёти пинҳонӣ дида мешавад ва нисбат ба ӯ санҷиш идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0907:50Кудрин заступился за таджикских мигрантов
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)
22.0918:01Дочь главы Азербайджана cделала селфи во время речи её отца в ООН о геноциде
22.0915:14В Таджикистане вынесен приговор еще одному фигуранту «дела коррупционеров»
22.0911:27«Пригласите сюда тех, кто ел плов и снимал на видео». Дело бывшего директора Нацбиблиотеки


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(5)
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468847