Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

19.05.200813:32

«Корери нов» аз андозсупорӣ саркашӣ кард

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Санҷиши шӯъбаи назорати молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян намуд, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корери нов» бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ андозҳои муайянкардаи қонунро пинҳон намуда, насупоридааст.

ҶСП «Корери нов» моҳи августи соли 2006 аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Чонг Вей харидорӣ карда шудааст. Дар давраи фаъолияти худ директори генералӣ Чен Чонг Вей ва сармуҳосиб Абдуваҳоб Абдуқаюмов аз ваколатҳои мансабии худ суйистифода намуда, доир ба андозҳои истифодабарандагони қаъри замин 257 ҳазор сомонӣ, роҳҳои мошингард 102 800 сомонӣ, андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо 51 400 сомонӣ, ки дар маҷмӯъ маблағи 411 203 сомониро ташкил медиҳад ба нозироти андози ноҳияи Спитамени вилояти Суғд маълумоти бардурӯғ пешниҳод намуданд.

Бояд қайд кард, ки Чен Чонг Вей дар баробари соҳибмулки ҶСП «Корери нов» будан, инчунин дар муассисаи давлатии Маркази лоиҳаи таҷдиди «Душанбе - Хуҷанд - Чанак» кор ва фаъолият дорад. Ӯ ба мақсади озод шудан аз андозбандӣ имкониятҳои муассисаи давлатии мазкур ва муносибати хуби Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати шахсии худ истифода намуда, аз додани ҳамагуна ҳуҷҷат ва баёнот саркашӣ менамояд ва иброз медорад, ки ӯро Ҳукумати ҷумҳурӣ аз супоридани андозҳо озод намудааст. Вале, дар асл, Муассисаи давлатии маркази татбиқи Лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди «Душанбе-Чанак», ки аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ фаъолият менамояд, фақат аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод мебошад. ҶСП «Корери нов» бошад, мутобиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тамоми андозҳоро супорад.

Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳаракатҳои директори генералии ҶСП «Корери нов» Чон Ченг Вей ва сармуҳосиби ҷамъияти мазкур Абдуваҳоб Абдуқаюмов аломатҳои таркибии ҷиноятӣ дар асоси моддаи 292, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои саркашӣ аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ ба миқдори махсусан калон пешбинӣ менамояд.

Айни замон нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад .

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1207:26Президент Таджикистана сменил глав ряда районов
09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(5)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156203