Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

19.05.200813:33

Сардори ШКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар содир намудани ҷиноятҳои гуногуни коррупсионӣ айбдор дониста мешавад

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-апрели соли ҷорӣ нисбат ба сардори ШКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон майори милитсия Раҳмон Шарифов тибқи моддаҳои 319, қисми 4 ва 316, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуд.

Барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ аризаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ шаҳрванд «Ҳ», ки 14 марти соли 2008 ба унвони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ворид гардида буд, сабаб ва асос шуд. Номбурда дар аризааш муроҷиат намудааст, ки 6-уми марти соли 2008 шаҳрванд «Н» ва «С» ба номуси ӯ таҷовуз кардаанд ва ӯ дар ин бора 14 марти соли 2008 ба ШКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ муроҷиат кардааст, вале кормандони ШКД нисбат ба аризаи ӯ ягон чора наандешидаанд.

Дар рафти санҷиши аризаи шаҳрванд «Ҳ» маълум гардид, ки сардори ШКД-и ноҳияи номбурда Раҳмон Шарифов аз ҳадди ваколатҳои мансабиаш баромада, аризаи ҷабрдидаро ба қайд нагирифтааст ва шахсони гумонбаршуда шаҳрвандон «Н» ва «С»-ро оварда муваққатан дар боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и мазкур нигоҳ доштааст. Баъдан Шарифов волидайни гумонбаршудагонро ба утоқи кориаш даъват намуда, аз онҳо барои табобати ҷабрдида «Ҳ» маблағи 1500 доллари амрикоӣ талаб намуда гирифтааст.

Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи дигар шаҳрвандон аризаҳо аз рӯи ҷиноятҳои содирнамудаи Раҳмон Шарифов ҳангоми дар вазифаҳои муовини сардори ШКД-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва сардори ШКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кор карданаш ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ворид гардидаанд, ки аз мазмуни онҳо лаҳзаҳои зиёди ҷиноят бармеоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тафтиши пешакӣ муқарар намудааст, ки сардори ШКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон майори милитсия Раҳмон Шарифов дар давраи фаъолияти корӣ аз ваколатҳои мансабӣ суйистифода намуда, 34 ҷинояти коррупсионӣ содир карда, беш аз 45 ҳазор доллари амрикоии шаҳрвандонро бо роҳҳои гуногун ба сифати пора талаб намуда гирифтааст.

Кормандони Агентӣ 26 апрели соли 2008 ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Раҳмон Шарифов маблағи 5708 сомонӣ ва 41 166 доллари амрикоӣ, инчунин якчанд аризаю мавод оид ба ҷиноятҳое, ки мӯҳлати барасиашон гузашта ва аз руйи онҳо ягон қарор қабул нашудааст, дарёфт карда гирифта шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250