Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.05.200814:54

21-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» оғоз ёфт

         Душанбе, 2 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 2май дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон –шаҳри Теҳрон 21-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» кушода шуд. Дар намоишгоҳ дар қаторибеш аз 70 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон низиштирок мекунад.

Масъули бахши матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ороста ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи намоишгоҳ муаррифии китобҳои тозанашр,тарғиби китоб, ба роҳ мондани ҳамкориинашриётҳои кишварҳои ҷаҳон дар мавриди табъу нашри китоб мебошад.

Дар намоишгоҳи «Китоби Теҳрон» китобҳои тазанашри нашриётҳои «Адиб», «Ирфон», «Эҷод», «Деваштич», «Истиқбол», Маориф ва фарҳанг» ва «Сарредактсияи Энтсиклопедияи миллии тоҷик», аз ҷумла китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон- «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», китобҳои «Ахтарони адаб», «Ҳамасрони Рӯдакӣ», «Ашъори Рӯдакӣ», қисмҳои 1 ва 2-и «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, куллиёти Шоҳин,асарҳои шоирон ва нависандагони тоҷик Мӯъмин Қаноат, Камол Насрулло, Сайдалӣ Маъмур, Бахтиёр Муртазо, Саттор Турсун, Шераки Ориёӣ, инчунин адабиёти бачагона ва луғатҳо ба маърази намоиш гузошта шуданд.Намоишгоҳ то 12 май идома ёфта, дар ҷараёни он вохӯрию мулоқотҳои намояндагони нашриётҳои кишварҳои ҷаҳон баргузор мегардад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.0810:12Дагестан отправит в Таджикистан шесть высококвалифицированных учителей
17.0809:57Жительница Пенджикента вымогала деньги у своего любовника
17.0809:48Президент призвал отказаться от пышных дастарханов в Иди Курбон
17.0809:37В ДТП на юге Таджикистана погибли три человека
17.0809:07Эмомали Рахмон принял участие в открытии нового пограничного пункта в Джайхуне


Самое обсуждаемое

14.0816:01Мирзиеев: Каждый руководитель будет жить и дышать тем же воздухом, что и народ(9)
16.0819:11"Я согласна снимать хиджаб, если..."(4)
14.0820:43Дойристки испортили настроение президенту Таджикистана(4)
15.0816:00Таджикские мигранты получают самую низкую зарплату среди иностранцев в России(2)
16.0816:27«Андешаи пок»: уникальная школа для первоклашек(1)
16.0808:18Минобразования Таджикистана определилось, что можно носить школьникам, а что нельзя(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156278